06:17:18 01-уми Июни 2025 сол

Кушта шудани як шаҳрванди Тоҷикистон дар марзи Туркия ва Сурия

Мақомоти ноҳияи Фархор дар вилояти Хатлони Тоҷикистон, хабари кушта шудани яке аз сокинони ин минтақаро дар марзи Туркия ва Сурия таъйид карданд. Ба гузориши сойти CA-NEWS, аз сарнавишти бародари кушта шудаи 22 сола, ки ҳар ду чаҳор моҳқабл аз Русия роҳии Сурия шуда буданд, ҳамакнун иттилое дар даст нест.  

suryia65565665Манобеи ҳукумати маҳаллӣ дар ниҳияи Фархор эълом кардаанд, ин ду бародар чаҳор моҳқабл таҳти таъсири таблиғоти мублағони гурӯҳҳои террористӣ барои ширкат дар ҷанги Сурия вориди ин кишвар шуда, аммо баъд аз пушаймонӣ аз ин иқдом, ҳангоми бозгашт ба Туркия мавриди ҳамлаи афроди ношинос қароргирифтанд, ки дар натиҷаи ин ҳамла, яке аз ин  бародарон кушта ва аз сарнавишти дигари иттилое дар даст нест.

Мақомоти ин ноҳия, талошҳоеро барои пайдо кардани ин фард оғоз кардаанд. Мақомоти амниятии Тоҷикистон муътақиданд, ки наздик ба 200 нафар аз шаҳрвандони ин и кишвар дар таркиби гурӯҳҳои террористӣ дар Сурия ҳузур доранд. Коршиносон иллати ин ҳодисаро бекорӣ, фақр ва набуди омӯзиши улуми исломӣ дар Тоҷикистон унвон мекунанд.

http://tajik.irib.ir

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854