07:43:29 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

"Ҷангҳои" фарҳангии буҳрони Украинаву Русия

Яке аз шинохтатарин чеҳраҳои ҳунарии Русия, ҳунарманди арманиву рус Армен Ҷигарханян аз амалкарди президенти Русия Владимир Путин шадидан интиқод кард ва гуфт ҳаргиз зери номае, ки таҷовузи Русия ба қаламрави Украинаро ҷонибдорӣ мекунад, имзо нахоҳад гузошт. Вай мақоли машҳури арманиро овардааст, ки гуфта мешавад: "Як ахмақ ба об санг андохтааст ва 100 кас онро наметавонанд берун оранд".

armen-djigarxanyan 0012Ҳамзамон бо ин як гуруҳ чеҳраҳои фарҳангии Русия номаи алтернативиро имзо кардаанд ва чун Армен Ҷигарханян амалкарди Путинро таҷовуз ба кишвари ҳамсоя номидаанд. Инҳо: Лия Ахеджакова, Олег Басилашвили, Армен Джигарханян, Элдар Рязанов, Юрий Шевчук, Борис Гребеншиков, Сергей Юрский, Андрей Макаревич, Валентин Гафт, Андрей Мягков, Михаил Жванетский, Сергей Гармаш, Марк Захаров, Елена Яковлева, Галина Волчек, Андрей Кончаловский, Владимир Гостюхин, Федор Добронравов, Леонид Броневой ва дигарон мебошанд.

Дар ҳамин ҳол теъдоди он чеҳраҳои шинохтаи фархангие, ки аз сиёсати Путин дар Қрим дастгирӣ кардаанд, ба беш аз 400 нафар расидааст. Дар байни онҳо Олег Табаков, Надежда Бабкина, Сергей Безруков, Федор Бондарчук, Михаил Боярский, Лев Лещенко, Иосиф Пригожин барин  шахсиятҳои маъруфи олами фарҳангу ҳунар ва синамои Русия ҳастанд.

***

Русия ҳамкориҳо бо ИМА дар мавриди ирсоли нусхаи маводҳои синамоии нодир аз хазинаи "Госфилмонд"-ро мутаваққиф кард. Масъули дастгоҳи иҷроияи президенти Русия Владимир Кожин гуфтааст, ки таҳримҳои амрикоӣ ба маънои он аст, ки ду ҷониб талафот медиҳад. Кожин мегӯяд ӯ гуруҳи кории ҳамкориҳои муштараки китобхонаҳои амрикоиву Русияро сарварӣ мекунад. "Чанд сол пеш ҷониби Русия ба амрикоиҳо нусхаҳои филмҳоеро пешниҳод кард, ки хеле нодиранд ва дар Амрико аз он вуҷуд надорад. Ҷониби Амрико аз ин хеле муташакир буд ва умед ҳамкориҳои аз ин бештар дошт. Вале ба муҷарради эълони таҳримҳои амрикоӣ метавонам гӯям, ки ин бахши ҳамкориҳои муҳим низ мутаваққиф шуданд",-гуфт ӯ.

***

Ҳунарманди шинохтаи лаҳистонӣ Даниэл Олбрихский аз офаридани нақши асосӣ дар намоишномаи театри ин кишвар дар Маскав ба нишони эътироз аз сиёсати Владимир Путин нисбат ба Украина даст кашид. Дар ин бора Colta.ru истинодан ба номаи ҳунарманд ба коргардон Евгений Лавренчук хабар медиҳад, ки нашрияи лаҳистонии Gazeta Wyborcza интишор додааст. Нахустнамоиши спектакли "Дуздида шудани Аврупо" қарор аст моҳи майи соли равон баргузор шавад. "Забони зебои Пушкин, Толстой, Чехов ва дӯстони ман Окуджава ва Висотский, ки намоишномаи басо ҷолиби туро ман бо он машқ кардам, ҳоло имкон намедиҳад орзуи худро амалӣ созам. Қарори президенти шумо ва пуштибонии шинохтатарин шахсиятҳои фарҳангӣ аз таҷовуз ба хоки Украина хеле дардовар буд",-навиштааст ҳунарманд.

Даниэл Олбрихский яке аз машҳуртарин ҳунарманди сатҳи байналмилалӣ дар Лаҳистон аст, ки шуҳрати ҳунариаш аз нақши асосӣ дар филми "Хокистар"- Анджей Вайда дар соли 1965 оғоз шудааст. Баъди он дар чандин филми ҳунарии Вайда нақшҳои муҳим бозидааст. Дар филмҳои русии "Озодкунӣ" (1969), "Сартароши сибирӣ" (1999), "Афсонаи №17" (2013) низ нақшҳои хотирмон офаридааст.

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №12, 26 марти соли 2014



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi