03:38:30 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

"Тоҷикон дар оинаи таърих"-ро дар Парлумони Аврупо муаррифӣ карданд

Дар арафаи иди Наврӯз дар Парламони Аврупо, дар шаҳри Брюсел тарҷумаи фаронсавии китоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон "Тоҷикон дар оинаи таърих" муаррифӣ шуд. Вазорати умумри хориҷаи Тоҷикистон мегӯяд китоби Сардори давлат бори аввал бо забони фаронсавӣ тарҷума ва дар ду ҷилд 10 марти соли равон нашр шуда буд.

europastockfotovlaggen00Манбаъ дар "Рӯзгор" гуфт, ки дар ин чорабинӣ вакилони Парлумони Аврупо ва мушовирони сиёсии онҳо, муаррихон, намояндагони ниҳодҳои илмӣ, шарқшиносон, аҳли фарҳанг, намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд. Дар нишаст доктори илмҳои таърих ва ҳафриётшиносӣ, профессори Донишгоҳи Гент Бруно Оверлет, корманди масъули Осорхонаи шоҳаншоҳии санъат ва таърихи Шоҳигарии Белгия, ки муҳаррири тарҷумаи фаронсавии китоб ба шумор меравад, ба ҳозирин дар бораи асари Президенти Тоҷикистон, ки дарбаргирандаи таърихи тоҷикон аз Ориён то Сомониён мебошад, маълумоти муфассал додааст. Дар поёни нишаст ба ҳозирин нусхаи китоби "Тоҷикон дар оинаи таърих" тақдим шудааст. 

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №12, 26 марти соли 2014



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi