23:02:16 28-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Нигаронии Хайруллоеви хурдӣ аз "ҷангҳои иттилоотӣ"

Тоҳир Хайруллоев, муовини сардори ситоди кулли вазорати мудофиаи Тоҷикистон дар анҷумане дар Душанбе гуфт, ҷангҳои иттилоотӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ барои амнияти кишварҳои узви СПАД хатарзо шудаанд.

t.khayrulloev 42222

Тоҳир Хайруллоев, муовини сардори ситоди кулли вазорати дифои Тоҷикистон ва писари вазири собиқи дифоъ Шералӣ Хайруллоев дар анҷумани «Мушкилоти амнияти кишварҳои Авро-Осиёи Марказӣ дар шароити сохтори нави ҷаҳон», ки 27-уми март дар Душанбе оғоз ёфт, гуфт: «Ҷангҳои иттилоотӣ ҳамеша бурда мешавад ва давлатҳои алоҳидаро ба воситаи техенологияҳои худ ҷалб мекунад. Мутахассисони ҷангҳои иттилоотӣ барои ноамн кардани авзоъ дурӯғи маҳз мегӯянд, воқеиятро таҳриф карда, ба майнаи гурӯҳҳои алоҳида рақамҳои нодуруст ва хабарҳои бардурӯғро ҷой мекунанд. Ин боис мешавад, ки ин гурӯҳҳо ба майдон баромада, муқобили ҳукумати хеш мубориза баранд. Маҳз бо ҳамин усул ҳукуматҳо дар соири кишварҳои Шарқи наздик, Қафқоз ва чуноне ки чанде пеш шоҳид будем, дар Украина ҳам иваз шуд.»

Вай гуфт, дар чунин ҷангҳои иттилоотӣ «афроди зӯровару золим қаҳрамон унвон мешаванд ва ҷабрдидаҳо ҳамчун золим талаққӣ мешаванд». Ба гуфтаи вай, барои ба бор овардани хашми издиҳом ин мутахассисон маҳз «хабарҳои махсус интихобшуда»-ро паҳну нашр мекунанд ва онҳоро алайҳи ҳукуматҳо меситезонанд. Ба гуфтаи Тоҳир Хайруллоев, кишварҳои узви Созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ (СПАД)-ро месазад, ки неруҳояшонро дар мубориза ба ин гуна ҷангҳои иттилоотӣ басиҷ кунанд ва кишварҳоро зарур аст барои ҳифзи қаламрави иттилоотияшон чораҳои зарурӣ андешанд.

Анҷумани байналмиллаи илмӣ таҳти унвони «Мушкилоти амнияти кишварҳои Авро-Осиёи Марказӣ дар шароити сохтори нави ҷаҳон» рӯзи 27-уми март дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Маркази тадқиқоти геополитикии Донишгоҳи Русияву Тоҷикистон бо дастгирии сафорати Русия дар Тоҷикистон ва Созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ ба кор оғоз кард ва то бегоҳ идома мекунад.

Дар конфронс ҳамчунин намояндагон аз кишварҳои Осиёи Миёна, таҳлилгарони созмони СПАД ва мақомоти тоҷик ширкат дорад.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi