15:57:01 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Пайкараи Робер Ҳусейнро дар фаронса Амрӣ Аминови тоҷик месозад

Амрӣ Аминов, пайкартароши машҳури тоҷики муқими Фаронса эълон кардааст, ки тасмим гирифтааст дар кутоҳтарин фурсат ҳайкали шоири маъруф Абулқосим Лоҳутӣ ва чеҳраи шинохтаи синамои ҷаҳон Робер Ҳусейнро бисозад.

amir-aminov-0012456Робер Ҳусейн дар тамос бо Амрӣ худ пешниҳод кардааст, ки пайкараи ӯро бисозад. Робер замоне ин гуна тасмим гирифтааст, ки бо асарҳои ӯ, аз ҷумла пайкараи ситораи синамои Фаронса Жан Пол Билмондо ошно шудааст. Решаҳои тоҷикӣ доштани Робер таваҷҷуҳи Амриро бештар ба худ кашидааст. Бино ба гуфтаи Амрӣ модари Робер бонуи самарқандӣ буда, бо оҳангсози озарӣ Аминулло Ҳусейнов издивоҷ кардааст. Маврид ба таъкид аст, ки Амрӣ Аминов ба офаридани пайкараи ситораҳои синамо Жан пол Балмондо, Жан Гобен ва Клинт Иствуд маъруфияти хоса касб кардааст. 

 Амрӣ дар гузашта маҷмааи "Ҳёте ва бузургони форсу тоҷик"-ро офарида буд, ки худи ӯ инро илҳом аз "Девони Шарқу Ғарб"-и шоири бузурги Олмон Ҳёте медонад. Ин маҷмаъа асосан аз пайкараи бузургмардони адабиёти форсу тоҷик Абулқосисми Фирдавсӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Ҳаким Саноии Ғазнавӣ, Ҷалолиддини Румӣ, Саъдии Шерозӣ, Аттори Нишопурӣ, Анварӣ ва Ҳофизи Шерозӣ иборат мебошад.

Амрӣ Аминов баъди хатми мактаби олии ҳунари ҳайкалтарошии Русия ба Фаронса рафтааст ва муддати чандин сол аст, ки он ҷо зиндагонӣ мекунад.

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №11, 19 марти соли 2014



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi