16:13:38 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Дар ҷашни Наврӯзии Олмон 11 кишвари ҳавзаи Наврӯз ширкат мекунанд

"Осорхонаи мардумшиносии Берлин", ки як ниҳоди фараҳангии Олмон ба шумор меравад, имсол довталабона мизбонии маросими "Наврӯзи муштарак"-ро ба уҳда гирифтааст. Дар ин бора хабаргузории ИРНА истинодан ба Алиризо Шайх Аттор, Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Олмон хабар додааст.

navruz-2014-0122100Оқои Алиризо гуфтааст, ки "Наврӯзи муштарак" аввалин маротиба дар Олмон панҷ сол қабл ба ибтикори сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон ва бо ҳузури се кишвари форсзабон: Эрон, Афғонистон ва Тоҷикистон баргузор гардид ва аз ҷониби ҳамаи кишварҳои ҳавзаи Наврӯз ба гармӣ истиқбол шуд. Ҳамасола ба шумори ширкаткунандагон афзуда мешуд ва имсол бо пайвастани Ироқ ба ин ҷамъ теъдоди онҳо ба 11 расидааст.

"Баъд аз тасмими ЮНЕСКО дар сабти ҷаҳонии Наврӯз ба унвони мероси фарҳангии башарӣ аз сӯйи кишварҳои ҳавзаи Наврӯз, бо истиқболи хубе рӯ ба рӯ шудааст. Аз се соли қабл теъдоди кишварҳо ба ҳашт расид, соли 2013 бо ҳузури 10 кишвар баргузор шуд ва имсол шоҳиди ҳузури 11 кишвар дар ин ойини суннатӣ ҳастем",-гуфтааст Алиризо Шайх Аттор.

Сафири Эрон дар мавриди "Осорхонаи мардумшиносии Берлин" гуфтааст, ки ин ниҳод дар ҳавзаҳои мухталифи ҷаҳон аз Омрикои Лотин гирифта, то Ховари Миёна ва Осиёи Марказӣ дар заминаи мутолеоти мардумшиносии торихӣ фаъолият дорад ва аз он ки довталаби мизбонии "Наврӯзи муштарак" дар Олмон шудааст, мояи хушнудӣ ва дастгирист.

Алиризо Шайх Аттор гуфтааст: "11 кишвар яъне, Эрон, Афғонистон, Туркия, Покистон, Озарбойҷон, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбакистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ироқ ҳастанд. Дар он ҳар ширкаткунандаи мусиқии суннатӣ ва ғизоҳои суннатии наврӯзи худро ироа мекунад ва ҳамчунин бо баргузории намоишгоҳе аз осори суннатӣ, саноеъи дастӣ ва ҳамчунин вижаномаҳо ва аксҳои таблиғотӣ, одоб ва суннатҳои фарҳангии худро муаррифӣ хоҳанд кард".

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №11, 19 марти соли 2014



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi