10:38:50 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Ниҳоли аввалини боғи сеҳазорсолагии Ҳисорро Президенти кишвар шинонд

Аввали ҳафтаи ҷорӣ Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҳисор дарахти аввалини боғи Сеҳазорсолагии Ҳисорро шинонд. Бино ба гузориши дафтари матбуотии Сарвари давлат ин боғ ба майдони 3 ҳазор гектар доман паҳн кардааст ва дар мавзеи миёни боғи 15-солагии истиқлоли Тоҷикистон ва деҳаи навбунёди Боғистон ҷойгир шудааст.

niholi-avvali-boqi-hisor---Манбаъ мегӯяд Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар мавзеи оғози ниҳолшинонӣ нахуст бо самараи кори хоҷагиҳои ниҳолпарварии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бевосита шинос шуда, аз дастгирии васеъ пайдо намудани ташаббусҳои худ доир ба ривоҷ додани боғутокпарварӣ ва аз ин ҳисоб афзун намудани қудрати содиротии Тоҷикистон арзи хушнудӣ намуд.

Бо интишори хабари мазкур дафтари матбуотии Президенти Тоҷикистон иттилоъ додаст, ки имсол ниҳолпарварони ҷумҳурӣ даҳҳо миллион навниҳоли дарахтони мевадиҳанда, сояафкан ва ороишӣ ба фурӯш баровардаанд. Танҳо аз хоҷагии ҷангали кишвар дар ин мавсим имсола то имрӯз аллакай 1,5 миллион дона навниҳол ба фурӯш рафтааст. Аз гузориши масъулин бармеояд, ки нишондиҳандаҳои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 августи соли 2009 "Дар бораи тадбирҳои иловагӣ доир ба рушди соҳаи боғу токпарварӣ барои солҳои 2010-2014" пеш аз муҳлат ва барзиёд иҷро мегарданд. Хотиррасон бояд намуд, ки тибқи талаботи ин санад бояд дар майдони 50 ҳазор га дар ҷумҳурӣ боғу токзори нав бунёд ёбад.

Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарони шаҳру ноҳияҳои водӣ дастур додааст, ки дар тамоми мавзеъҳои ба ин кор мувофиқи қадқади қаторкӯҳҳои Ҳисор аз шаҳри Душанбе то шаҳри Турсунзода боғҳои намунавӣ бо дарахтони мевадиҳандаи навъҳои содиротӣ бунёд намоянд. Таъкид гардид, обу хок ва ҳавои ин мавзеъҳо барои боғутокпарварӣ басо мусоиду мувофиқ аст. Ба онҳо, ҳамчунин супориш дода шуд, ки бо истифода аз ҳар рӯзи офтобӣ мардумро ба вусъати киштукори баҳорӣ ва ниҳолшинонию ободонии муҳити зист сафарбар намоянд. Супоришҳои мушаххас ба онҳо, ҳамчунин доир ба бунёди корхонаҳои коркарди меваю сабзавот, дигар корхонаҳои саноатӣ ва муҳайёсозии ҷойҳои корӣ дода шуд.

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №09, 05 марти соли 2014



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi