13:27:36 23-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2010 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 24 25
26 27 28 29 30    

Тоҷикистон дар Намоишгоҳи китоби нашрияҳои фаронсавӣ иштирок кард

Аввалин маротиба Тоҷикистон дар Намоишгоҳи китоби нашрияҳои фаронсавии забони байналмилалии - Foire du livre de Bruxelles иштирок кард. Ин Намоишгоҳ  аз 20 то 24 феврали соли 2014 дар шаҳри Брюссел баргузор шуд ва тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон иттилоъ доданд, гӯшае аз он ба китобҳои бадеӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, таърихӣ, фарҳангӣ, сайёҳӣ, илмӣ-оммавӣ ва тасвирӣ ба забони фаронсавӣ, ки дар давоми ду соли охир аз ҷониби намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Брюссел ба нашр расид, ихтисос дода шуда буд.

Namoish-21222Маврид ба ёдоварист, ки ин намоишгоҳ аз соли 1969 ба инҷониб ҳамасола баргузор мешавад ва дар чорабинии имсолаи он, ки дар шаҳри Брюсел доир шуд, китобҳои 925 нафар муаллифон аз сар то сари олам ба тамошо гузошта шуд. Аз Вазорати корҳои хориҷӣ ба "Рӯзгор" гуфтанд, ки ба Тоҷикистон имкон дода шуд китобҳои худро рӯзи 24 уми феврал муаррифӣ кунад. Сафири кишвар дар Шоҳигарии Белгия Рустамҷон Солиев ба ҳозирин оид ба рушди иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ, ислоҳоти демократӣ ва иқтисодӣ дар кишвар, фазои сармоягузорӣ, иқтидори иқтисодӣ, гидроэнергетикӣ, саноатӣ, нақлиёт ва коммуникатсия, рушди фарҳанг, кишоварзӣ ва сайёҳӣ, татбиқи барномаҳои созанда ибрози назар намуд.

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №09, 05 марти соли 2014



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi