09:26:01 01-уми Июни 2025 сол

Иттиҳоди журналистон осорхонаи журналистикаи тоҷикро ташкил мекунад

Ҳафтаи гузашта Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон эълон кард, ки барои ташкили осорхонаи журналистикаи тоҷик гуруҳи корӣ созмон хоҳад дод. Қарори ин ибтикор ахиран дар ҷаласаи Раёсати ИЖТ, ки бо ширкати Акбаралӣ Саттор доир шуда буд, қабул гардид.

Дар ин ҷаласа ҳамчунин дар бораи анҷоми таҳияи Энсиклопедияи журналистикаи тоҷик сухан рафт ва гуфта шуд, ки то поёни соли ҷорӣ он асосан ба охир расонида шавад. Иттиҳоди журналистон имсол таъсис додани маҳфили сардабирон ва шуъбаи фотожурналистикаро низ ба нақша гирифтааст. Ҳамзамон бо ин аз эълони озмун миёни журналистон ба дарёфти ҷоизаи ба номи Лоҳутӣ хабар дода шуд.

Бино ба иттилои дарёфтӣ аз Иттиҳоди журналистон ба озмун танҳо аъзои Иттиҳод ҳуқуқ доранд ва матлаби чопшуда, барномаҳои радиоиву телевизионии дар соли 2013 интишорёфта пешниҳод карда мешаванд. Аз сӯи дигар ҷоиза барои як нафар тамоми умр як бор супурда мешавад, аз ин рӯ касоне, ки аллакай онро гирифтаанд, метавонанд асарҳои худро пешниҳод накунанд. Маводҳои пешниҳодӣ бояд дар 7 нусха то 1 марти соли равон ба дасти комиссия расад ва натиҷаи озмун 10 март, ки Рӯзи матбуоти тоҷик аст, эълон мешавад.

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №03, 22 январи соли 2014

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854