09:04:25 01-уми Июни 2025 сол

Таъиноти нав дар вазорати мудофиа

Рӯзи шанбеи гузашта, 18 январ Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои ба вазифаҳои роҳбарӣ дар Вазорати мудофиа таъиншударо барои суҳбат ба ҳузур пазируфт.

general-abduhalim 654455Бино ба гузориши дафтари матбуотии Сардори давлат Зариф Бобокалонов, ки кадри ҷавони соҳа ва дорои ду тахассуси олии ҳарбӣ ва шунавандаи Академияи ҳарбии Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Федератсияи Русия аст, Сардори Ситоди кулли Қувваҳои Мусаллаҳ-Муовини якуми вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид. Саидамир Розиқов ва Абдуҳалим Назаров, ки ҳарду кадрҳои соҳибтахассус, ботаҷриба ва кордону корозмуда мебошанд, муовинҳои вазири мудофиа таъин карда шуданд.

Абдуҳалим Назаров дар гузашта аз фармондеҳони ИНОТ буд ва баъди имзои созишномаи сулҳ бо пешниҳоди устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ фармондеҳи баталони 25 таъин гардид. Баъдан дар вазифаҳои гуногуни вазорати дифоъ фаъолият намуд.

Миралӣ Раҳматов, ки дорои ду тахассуси олии ҳарбӣ буда, то ин вақт дар вазифаҳои гуногуни раҳбарӣ дар Вазорати мудофиа ва Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар адои хизмат кардааст, Фармондеҳи Қӯшунҳои зудамали Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид. Зариф Ҳакимов ва Собирхон Назаралиев дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, яке Сардори Раёсати ҳамкории ҳарбӣ-байналхалқӣ ва дуввумӣ Сардори Раёсати молия ва буҷети Вазорати мудофиа таъин карда шуданд.

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №03, 22 январи соли 2014

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854