04:53:31 01-уми Июни 2025 сол

"Чак-чаки борони баҳор"-и Далеру Ҷӯрабек

Шояд ин хабар боварнакарданист, вале шабакаҳои интернетӣ шоҳиданд, ки ин иттифоқ уфтод. Ҷӯрабек Ҷӯраеви 6-сола бо як таронаи овозхони машҳури тоҷик Далер Назаров шуҳрати беандоза касб кард. "Чак-чаки борони баҳор", аз маъруфтарин таронаҳои Далер Назаров бо садои як писарбачаи шашсола умри дигар ёфт.

jurabek-juraev 565544545Дар оғоз он бо садо ва ҳунарнамоии Ҷӯрабек Ҷӯраев аз тариқи шабакаи интернетии Youtube ба гардиш даромад ва ба яке аз пурбинандатарин таронаҳои ин шабака табдил ёфт. Аммо баъдан ӯ аз ҷониби Андрей Малахов аз Узбакистон ба Маскав даъват шуд ва бо ҳамин таронаи марғуб дар барномаи "Сегодня вечером с Андреем Малаховым"-и Шабакаи аввали телевизиони Русия ҳунарнамоӣ кард. Ин барнома барои табрики ширкаткунандагон ва ғолибони озмуни "Голос" тарҳрезӣ шуда буд.

"Чак-чаки борони баҳор" аз марғубтарин сурудаҳои Далер Назаров буда, солҳои 80 асри гузашта сабт шудааст ва худи ҳамон солҳо аз пурмухлистарин таронаҳои радио ва телевизиони тоҷик ба шумор мерафт. Бо гузашти бештар аз 30 сол ҳам ин тарона маъруфияти худро гум накардааст ва садо додани он дар иҷрои як овозхони хеле ҷавон, вале ояндадор аз Узбакистон хотироти мухлисони Далерро ба сӣ соли пеш бурд.  

«Рӯзгор»

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №02, 15 январи соли 2014

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854