10:03:39 13-уми Феврали 2026 сол
Мулоқоти муовини вазири корҳои хориҷӣ бо cафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Италия 11.08.2025 22:54 430
11 августи соли 2025 дар шаҳри Душанбе муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шарифзода Фаррух, бо сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Италия Пападия дэ Боттини (дар қароргоҳи ш. Тошканд) мулоқот баргузор намуд.
Ҳайати Тоҷикистон дар марҳилаи аввали омӯзиши таҷрибаи Қирғизистон дар соҳаи идоракунии молияи давлатӣ иштирок намуд 11.08.2025 14:38 433
8 август ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини якуми Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Маҷидӣ дар марҳилаи аввали омӯзиши таҷрибаи Ҷумҳурии Қирғизистон дар соҳаи идоракунии молияи давлатӣ дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон иштирок намуд.
Ҷалби сармоягузории Швейтсария ба бахшҳои калидии Тоҷикистон баррасӣ карда шуд 11.08.2025 14:36 344
8 август Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария Шараф Шерализода бо Мушовири Корхонаи ҷаҳонии Швейтсария оид ба Аврупо ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Ксавйер Корнут мулоқот намуд.
Дурнамо ва густариши ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Покистон баррасӣ гардид 11.08.2025 14:35 382
Кордори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Покистон Саидҷон Шафизода бо Губернатори вилояти Хайбар-Пахтунхваи Ҷумҳурии Исломии Покистон Файсал Карим Кундӣ мулоқот намуд.
Суҳбати телефонӣ бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин 10.08.2025 23:15 330
10 август суҳбати телефонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин баргузор гардид.Зимни он масъалаҳои мубрами рушди ҳамкориҳои дуҷониба ва рӯзномаи байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Барқияи табрикӣ ба Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев 10.08.2025 23:13 293
9 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳтарам Илҳом Алиев барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
Барқияи табрикӣ ба Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян 10.08.2025 23:12 319
9 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон муҳтарам Никол Пашинян барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
Мулоқоти сафир бо муовини Сарвазир, вазири корҳои хориҷии Амороти Муттаҳидаи Араб 08.08.2025 20:27 254
7 августи соли 2025 дар шаҳри Абу Забӣ мулоқоти сафир Ашрафҷон Гулов бо муовини Сарвазир, вазири корҳои хориҷии Амороти Муттаҳидаи Араб (АМА) Шайх Абдулло ибни Зойид Оли Наҳаён доир гардид.
Мулоқоти сафир бо Президенти Иттиҳоди палатаҳо ва биржаҳои молии Туркия 08.08.2025 20:26 257
7 августи соли 2025 дар шаҳри Анқара мулоқоти сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия Содиқ Имомӣ бо Президенти Иттиҳоди палатаҳо ва биржаҳои молии Туркия (TOBB) Рифат Ҳисарҷиклиоғлу баргузор гардид.
Тоҷикистон ба маблағи 28,3 миллион доллар маҳсулоти асосии саноати хӯрокворӣ содирот намудааст 07.08.2025 13:46 342
Тоҷикистон дар шашмоҳаи якуми соли равон ба хориҷи мамлакат дар ҳаҷми 28,3 миллион доллар маҳсулоти асосии саноати хӯрокворӣ содирот намудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 1 миллион доллар ё 103,7 фоиз зиёд мебошад.
Дар Исломобод густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Покистон баррасӣ гардид 07.08.2025 13:44 265
Кордори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Покистон Саидҷон Шафизода бо Котиби федералии мероси миллӣ ва фарҳанги Ҷумҳурии Исломии Покистон Асад Раҳмон Гелонӣ дар Исломобод мулоқот намуд.
Густариши ҳамкории Тоҷикистон бо Австрия ва Созмони байналмилалии муҳоҷират баррасӣ шуд 07.08.2025 13:42 242
5 август дар шаҳри Авазаи Туркманистон дар ҳошияи Конфронси сеюми Созмони Милали Муттаҳид оид ба кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ (LLDC3) мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо котиби давлатии Вазорати федеролии ...
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии ҶИЭ Аббоси Ароқчиро ба ҳузур пазируфтанд 02.08.2025 13:03 350
30 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Аббоси Ароқчиро ба ҳузур пазируфтанд.Дар мулоқот доираи васеи масоили вобаста ба муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвар баррасӣ шуд.
Мулоқоти вазир бо cафири Британияи Кабир 02.08.2025 12:56 253
1 августи соли 2025 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин сафири фавқулодда ва мухтори Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Кэтрин Смиттонро ба ҳузур пазируфт.
Оғози сафари корӣ ба ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон ва ифтитоҳи бинои Раёсати молияи ноҳия 21.07.2025 12:26 329
20 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум, ифтитоҳи як қатор иншооти таъиноти гуногун ва суҳбат бо аҳли заҳмат бо сафари корӣ ба ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ ташриф оварданд.