Варзишгарони Тоҷикистон дар Бозиҳои ИДМ-2025 иштирок менамоянд
Аз 28 сентябр то 8 октябр дар 8 шаҳри Озарбойҷон Бозиҳои III кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мешаванд. Дар он Тоҷикистонро 142 нафар варзишгар аз 18 намуди варзиш муаррифӣ мекунад.
Дар мусобиқа 59 нафар масъулину мураббиён ва 7 нафар намояндагони воситаҳои ахбори омма низ иштирок менамоянд.
Дар мусобиқа қариб 3000 ҳайати варзишии ҳашт давлат – Тоҷикистон, Русия, Озарбойҷон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Узбекистон иштирок менамоянд.
АМИТ «Ховар»
















