ДИДОРИ ВАЗИРИ ДИФОЪИ ФАРОНСА АЗ ТОҶИКИСТОН
Вазорати дифоъи Тоҷикистон иттилоъ дод, ки вазири дифоъи Тоҷикистон бо ҳамтои фаронсавии худ мавзӯъи боқӣ мондани муттахасисони низомии Фаронса дар Афғонистонро баррасӣ карданд. Ин мавзӯъ дар дидори якрӯзаи Жерард Лонге, вазири дифоъи Фаронса аз Душанбе дар вазорати дифоъи Тоҷикистон матраҳ шудааст.
Жерард Лонге, ки машғули дидори дурӯза аз Афғонистон буд, рӯзи 31-уми декабр вориди Тоҷикистон шуд. Ба гуфтаи Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи вазири дифоъи Тоҷикистон, Шералӣ Хайруллоев ва оқои Лонге дар дидорашон “вазъи минтақа ОМ ва масоили низомиро” баррасӣ карданд.
Ба гуфтаи оқои Маҳмадалиев вазири дифоъи Фаронса бо ҳамтои тоҷики худ атрофи мавзӯъи боқӣ мондани бархе аз муттахасисони низомии Фаронса дар Афғонистон пас аз соли 2014 низ сӯҳбат кардааст. Жерард Лонге, вазири дифоъи Фаронса дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе ба хабарнигорон гуфтааст, ки “Низомиёни фаронсавӣ пас аз соли 2014 низ дар Афғонистон боқӣ хоҳанд монд.”
Вай афзудааст, ки ҳамкориҳои Фаронса бо Афғонистон танҳо бо ҳамкориҳои низомӣ маҳдуд намешавад ва ин кишвар ба тавсеъаи ҳамкориҳои иқтисодӣ, иҷтимоъӣ ва фарҳангӣ бо ин кишвар низ алоқаманд аст. Ин дар ҳолест, ки як рӯз қабл оқои Лонге дар Кобул аз талошҳои Омрико барои оғози музокира бо Толибонро пуштибонӣ кард.
Ҳоло, ки оқои Лонге дар мавриди боқӣ мондани нерӯҳояш дар Афғонистон сӯҳбат кардааст, ин савол низ матраҳ мешавад, ки ё подгони низомии ин кишвар дар Тоҷикистон низ боқӣ хоҳанд монд ё хайр. Аммо сухангӯи вазорати дифоъи Тоҷикистон дар посух ба ин савол, гуфт, ки ин мавзӯъ дар дидори ахири вузарои дифоъи ду кишвар баррасӣ нашудааст.
Пас аз дидор бо оқои Шаралиев вазири дифоъи Фаронса аз қароргоҳи низомиёни Фаронса дар Тоҷикистон дидан кард. Вазифаи аслии низомиёни фаронсавӣ, ки аз соли 2001 дар фурӯдгоҳи шаҳри Душнабе мустақар ҳастанд, кумаки фаннӣ ба нерӯҳояшон дар Афғонистон унвон мешавад.
Онҳо гоҳе ба ҷангандаҳои фаронсавӣ сервиси фаннӣ ироа карда ва гоҳе ҳавопаймоҳои борбарии низомӣ барои Афғонистон дар подгони фаронсавии Душанбе сухтгирӣ мекунанд. Теъдоди низомиёни фаронсавӣ дар подгони низомии фурудгоҳи Душанбе пайваста тағйир ёфта ва аз 100 то 400 нафар гузориш шудааст.
Иҷозаи мустақар шудани ин подгон дар фурудгоҳи марказии пойтахти Тоҷикистон дар чаҳорчӯби ҳамкориҳои ин кишвар бо эътилофи байналмилалии мубориза бо террурисм дар Афғонристон ба раҳбарии Омрико содир шудааст. Ваколатномаи ин подгон ду соли қабл анҷом ёфта буд, вале ин ваколатнома тамдид шуд.
Ба гуфтаи Фаридун Маҳмадалиев, вузарои дифоъи Тоҷикистон ва Фаронса ҳамкориҳои низомӣ миёни ин ду кишварро “мусбат арзёбӣ кардаанд”. Аз соли 2001 то ҳоло миёни низомиёни тоҷик ва Фаронса ҳамкориҳое дар заминаи омода кардани кодрҳои низомӣ, табодули иттилоъот ва таҷриба дар заминаи мубориза бо террурисм анҷом шудааст.
Низомиёни Тоҷикистон ва Фаронса тамриноти муштараки зиддитеруристӣ баргузор карда ва кумакҳои фании Фаронса ба артиши Тоҷикистон низ назаррас арзёбӣ мешаванд. Вазири дифоъи Фаронса пас аз зуҳри рӯзи якуми январ Тоҷикистонро ба қасди Фаронса тарк кард.

Би-Би-Си