ҚАТЛИ ЯК ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН ДАР МАСКАВ
Дар шаҳри Маскав, пойтахти Русия, як табаъаи Тоҷикистон ба таври фаҷеъ кушта шудааст. Тавре, ки “Интерфакс”, хабаргузории Русия, аз қавли манобеъи пулиси ин кишвар менависад, ҷасади як ҷавон субҳи рӯзи 1 январ дар хиёбони Красноказарменний шаҳри Маскав ошкор шудааст.
Манобеъи пулис гуфтааст, ки тибқи таҳқиқоти муқаддамотӣ, ин ҷавон шаҳрванди Тоҷикистон буда ва афроди номаълуме ӯро бо буридани гулӯяш ба ҳалокат расонидаанд. Ин ҷавон дар хиёбони Красноказарменнийи шаҳр ба унвони тамизкор фаъъолият мекардааст. Ҳадс зада мешавад, ки ин ҷавони тоҷикистониро тоссарон ё нажодпарастони рус ба таври фаҷеъ ба қатл расонидаанд.
Зимнан, дар авохири соли гузашта, Бахтиёр Расулов ва Зокир Қурбонқулов, сокинони Тоҷикистон дар Русия ба таври ваҳшиёна кушта шудаанд. Қатли ин ду ҷавон дар Тоҷикистон вокунишҳоеро дар пай дошта ва бархе аз масъулони давлатӣ барои мушаххас кардани ҷараёни таҳқиқоти куштори атбоъи тоҷикистонӣ дар Русия ба он кишвар сафар кардаанд. Аммо то ҳол ҳуввияти афроди қотил ва наҳваи қатли ин ду сокини Тоҷикистон муъайян нашудааст.
Коршиносони сиёсӣ ва мудофеъони ҳуқуқи башар, сабаби идомаи ҳаводиси куштори муҳоҷирон ва афроди ғайрирус дар Русияро ба мавзӯъи камтаваҷҷӯҳи мақомоти ин кишвар ба ин раванд рабт медиҳанд. Дар ҳамин ҳол, бар асоси гузориши Идораи муҳоҷирати Тоҷикистон, дар 8 моҳи соли 2011 аз Русия ба Тоҷикистон беш аз 600 тобут бо аҷсоди муҳоҷирони тоҷикистонӣ интиқол ёфтааст, ки 67 нафар аз ин афрод аз ҷониби афроди ҷиноятпеша ва гурӯҳҳои нажодпарасти рус кушта шудаанд.
Би-Би-Си