11:42:54 01-уми Июли 2025 сол

ҚАТЛИ БОЗ ДУ САРРОФ ДАР ШАҲРИ ХУҶАНД

Шаби гузашта дар натиҷаи як ҳамла дар маҳаллаи "Чоршанбебозор"-и шаҳри Хуҷанд ду сарроф кушта шуданд. Мақомоти умури дохилаи шаҳри Хуҷанд ба мо гуфтанд, ки ин ду сарроф ё худ кормандони нуқтаи мубодилаи асъор дар назди манзили худ дучори ҳамла гардидаанд.

Хабарнигори "Озодӣ" дар Хуҷанд мегӯяд, мақомот аз ифшои ҳуввияти ин афрод ва ангезаҳои ҳамла ҳанӯз худдорӣ мекунанд. Аммо ба гуфтаи мақомот, саррофонро афроди ношинос бо силоҳи худкори "Калашников" куштаанд. Cубҳи рӯзи 29 декабр хабарнигори мо ба ҷойи ҳодиса, маҳаллаи "Чоршанбебозор"-и шаҳри Хуҷанд, рафт ва мегӯяд, он ҷо гурӯҳи зиёди одамон барои ҷаноза ҷамъ омадаанд.

Ғаниҷон Раҳматҷонов, домоди ин хонавода, ба Радиои Озодӣ гуфт, падарарӯс ва бародари ҳамсараш: Юлдош ва Фарҳод Бурҳоновҳоро, ҳангоме ки аз кор ба манзилашон бармегаштанд, афроди номаълум ба ҳалокат расонидаанд.

"Ба ман ин хабарро занг зада гуфтанд. Дар ҳоли шок будам. Ба манзили онҳо, ки омадам, алакай милисаю кормандони додситонӣ омада, шаҳрвандонро ба автомобили онҳо наздик рафтан намемонданд. Баъд, ки монданд, дидам, ки ҳар дуяшон дар дохили автомобили "Тико" беҷон афтодаанд",-нақл кард Раҳматҷонов.

Ба гуфтаи мусоҳиби мо ва як хеши дигари ин хонавода, падару писар Бурҳоновҳо, яке 52 ва дигарӣ 29 сол дошта ва дар як дӯкони саррофии атрофи бозори "Панҷшанбе" кор мекарданд. Ба гуфтаи онҳо, падару писар баъзан баъди кор маблағҳои гардишдодаи худро ба манзилашон меоварданд ва эҳтимол куштор барои ғорати онҳо содир шуда бошад. Аммо онҳо мегӯянд, ин тахмини онҳост ва маълум нест, ки ин навбат дар автомобил маблағ буд ва онро қотилон ба яғмо бурданд, ё на.

Яке аз ҳамсояҳои Бурҳоновҳо гуфт, шом замони куштор барқ барои кӯтоҳмуддат хомӯш шуда, садои баланди тирро шунидааст. Аммо гумон кардааст, бачаҳо дар берун "хлопушка"-бозӣ мекунанд. Сипас, садои шӯру фиғонро шунида ба берун баромадааст.

Намояндагони додситонии шаҳри Хуҷанд, ки дар ҷои ҳодиса ҳузур доштанд, гуфтанд, ки аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шуда ва як гурӯҳи вижаи тафтишотӣ, иборат аз кормандони ҳама ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ, ба таҳқиқи он оғоз кардаанд.

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ