20:08:00 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Эътирози як гурӯҳи ҷавонон дар Хоруғ

Ин лаҳзаҳо як гурӯҳи ҷавонони сокини шаҳри Хоруғ дар назди бинои раёсати кумитаи давлатии амнияти миллии вилояти Бадахшон таҷаммӯъ кардаанд.

protest-javonon-48517Сабаби таҷаммӯъи ин ҷавонон, ки шуморашон ҳудуди 30 нафар гуфта мешавад, боздошти ҷавоне бо номи Сангалӣ Носиров, сокини ноҳияи Роштқалъа будааст. Гуфта мешавад, ки ӯро кормандони раёсати амният дар либоси мулкӣ дар роҳ боздошт карда ва ба идораи амният овардаанд.

Хорса Хоҷабеков, дӯсти Сангалӣ Носиров, мегӯяд, Сангалӣ дар ошхонаи назди бозори шаҳри Хоруғ кор мекунад ва онҳо ба хотири гирифтани телефони мобилӣ ба таъмиргоҳ омада буданд, ки аз рӯ ба рӯяшон маъмурони амниятӣ бо либоси мулкӣ баромада, ӯро боздошт карданд ва ба раёсати амният оварданд.

То ба ҳол масъулони раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар вилояти Бадахшон сабаби боздошти Сангалӣ Носиров, сокини ноҳияи Роштқалъаро шарҳ надодаанд.

Аммо иддае аз сокинони шаҳри Хоруғ ва ба хусус ҷавононе, ки дар назди бинои раёсати кумитаи давлатии амнияти миллии Бадахшон ҷамъ омадаанд, аз он нигаронанд, ки маъмурони амниятӣ бо ҳар баҳона ҷавононро боздошт мекунанду сабаби онро намегӯянд.

Хоруғ дар моҳи июли соли 2012 шоҳиди амалиёти нирӯҳои давлатӣ алайҳи гурӯҳҳои худсари мусаллаҳ дар ин минтақа шуда буд, ки ба гуфта мақомот, мунҷар ба ҳалокати 21 узви гурӯҳҳои мусаллаҳ, 2 тан аз сокинони давлатӣ ва 23 нафар аз нирӯҳои давлатӣ шуд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi