Таътили тирамоҳиву баҳорӣ барои хонандагон лағв шуд
Вазорати маорифи Тоҷикистон чорякҳои яккум ва сеюмро, ки маъмулан охири тирамоҳу аввали баҳор омӯзишҳои семоҳаи хонандагонро ҷамъбаст менамуданд, лағв кард ва акнун барои мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ низоми нимсолаи таълим ҳатмӣ шуд. Яъне, аз ин ба баъд хонандагон танҳо ду маротиба бо супоридани санҷишу имтиҳонот давраҳои омӯзишии худро ҷамъбаст менамоянд.
Роҳат Мирзоев, самутахассиси вазорати маорифи Тоҷикистон дар сӯҳбат бо "Рӯзгор" гуфт, ки аслан роҳандозии ин барномаи таълимӣ дар доираи ислоҳоти соҳаи маориф сурат мегирад, ки қарор аст то соли 2020 анҷом шавад. Аз ин пештар таътилҳои тирамоҳиву баҳорӣ лағв шуда буданд ва зарфи чанд соли охир ба сабаби сардиҳои зимистон ба макотиби таълимоти ҳамагонӣ дастур дода шуда буд, ки таътили 12-рӯзаи зимистониро то як моҳ тамдид кунанд.
Ва имсол ҳам баъди ҷамъбасти нимсолаи аввали соли хониш қарор аст як моҳ таътили зимистона эълон шавад". Роҳат Мирзоев афзуд, ки соли хониш дар кишвар 34 ҳафтаро дар бар мегирад ва барномаҳои таълимӣ тавре сохта шудаанд, ки хонандагон мавзӯъҳои барномавиро комил аз худ кунанд ва баъди занги камолот ба супурдани имтиҳоноту санҷишҳо худро омода созанд.
"Рӯзгор"