Боздошти писари сафири Тоҷикистон дар Беларус
Хадамоти гумруки фурудгоҳи Душанбе писари сафири Тоҷикистон дар Беларусро бо иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир боздошт карданд.
Як манбаъ дар фурудгоҳ, ки нахост номашро гирем, ба мо гуфт, Қоимдод Қоимдодов бо иттифоқи ҳамсараш Муштарӣ Муборакшоева субҳи 16 сентябр тариқи рейси 631 – и Душанбе – Маскав ҳангоми гузаштан аз расмиёти гумрукии фурудгоҳи Душанбе аз сӯи кормандони гумрук боздошт шуданд. Вай афзуд, онҳо вақте мавриди шакк қарор гирифтанд, ки дар бағочи онҳо мошини тафтишоти коло маводи шубҳаангезеро нишон дод ва вақте бағочро боз карданд, аз «махфигоҳ» - и махсус сохташудаи он 2,5 кило маводи мухаддир ошкор шуд. Бино ба ин манбаъ, зану шавҳар ҳоло дар боздоштгоҳи Хадамоти гумруки Тоҷикистон нигаҳдорӣ мешаванд.
Қоимдод Қоимдодов, писари Қозидавлат Қоимдодов, сафири Тоҷикистон дар Беларус аст. Вай дар шаҳри Минск дар вазифаи референти додгоҳи иқтисодии Беларус кор мекунад. Манобеъи расмӣ мегӯянд, билети зану шавҳар барои шаҳри Минск тариқи транзит аз Маскав гирифта шуда буд.
«Озодӣ»