23:06:02 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2042 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            

Боздошти 952 муҳоҷирони корӣ дар Маскав

Дар ҷараёни як амалиёти вижаи мақомоти Русия дар Маскав қариб 1000 муҳоҷирро боздошт кардаанд. Дафтари матбуоти пулиси Маскав ба хабаргузории Интерфакс гуфтааст, ин амалиёт ахиран дар чорчӯби чорабиниҳои вижаи мавсум ба «Нелегал-2013» дар ҳавзаи шимолуғарбии пойтахти Русия сурат гирифтаанд.

migrant 30052013Як сухангӯи раёсати умури дохилаи Маскав гуфтааст, дар ҷараёни амалиёт дар як иншооти воқеъ дар кӯчаи севуми Хорошевская 952 шаҳрванди хориҷӣ боздошт шуданд. Ба гуфтаи ин мақом, дар ҳоли ҳозир ташхиси ҳуввияти афроди боздоштшуда, эҳтимоли даст доштани онҳо дар ягон аъмоли ҷиноӣ ва ҳам қонунмандии кору иқомати онҳо дар қаламрави Русия тафтиш мешавад.

Ба гуфтаи мақомот, боздоштшудагон муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистону Узбакистону Қирғизистон ва Туркия будаанд, ки дар як сохтмон кор мекарданд. Бино ба хабарҳо, онҳо дар «битовка»-ҳои махсусе, ки дар маҳалли кори онҳот дуруст карда буданд, ба сар мебурданд. Аммо гуфта намешавад, ки оё дар миёни онҳо чанд нафар шаҳрвандони Тоҷикистонанд.

Мақомоти пулиси Маскав мегӯянд, дар ҳоли ҳозир, алайҳи муҳоҷирони боздоштшуда алакай 117 санад дар бораи нақзи қоидаҳои вуруд ба қаламрави Русия ва шароити кору иқомат дар ин кишвар тартиб додаанд.

Ба гуфтаи мақомот, ба муҳоҷирони боздоштшуда муҷозоте, чун ҷарима ё ихроҷ аз  қаламрави Русия таҳдид мекунад. Дар сурати ихроҷ онҳо ҳаққи бозгашт ба Русия дар 5 соли ояндаро аз даст хоҳанд дод. Бино ба оморҳои дарёфтӣ, дар 10 соли охир 42 500 муҳоҷири тоҷик аз Русия ихроҷ шудаанд.

Ҳамасола беш аз 1 миллион нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон барои пайдо кардани рӯзии хонаводаҳои худ ба хориҷ ва умдатан ба Русия мераванд. Соли гузашта ин мардум ба Тоҷикистон қариб 3,6 миллиард доллар пул фиристодаанд, ки баробари қариб нисфи маҷмӯъи маҳсулоти дохилии ин кишвари фақири пасошӯравист. Таҳлилгарон саҳми муҳоҷиронро як омили асосии таъмини суботи иҷтимоӣ дар Тоҷикистон меноманд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi