15:37:34 26-уми Октябри 2020 сол
"РӮЗГОР" - "RUZGOR"
1,477 аъзо
Ҳамроҳ шудан ба гурӯҳ
Ба гуруҳи мо "РӮЗГОР" ва "Ruzgor CINEMA" дар фейсбук обуна шавед! Бо мо будан боз ҳам дурахшон сохтани рӯзгори хеш мебошад. Мо бо маводҳои...
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019

Тақвим

<< < Октябр 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30 31  

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

НИГАРОНИИ ДЕВОНАЕВ АЗ ГАРОИШИ ҶАВОНОН БА АҚИДАҲОИ РАДИКАЛӢ

Сафиаллоҳ Девонаев, сардори Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон бо мақсади пурзӯр намудани корҳои фаҳмондадиҳию иттилоотӣ бо раисони ҷамоат, директорони мактаб, донишҷӯёни колеҷ, муҳоҷирони меҳнатӣ, кормандони соҳаи тиб, имомхатибони шаҳр, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, инчунин бо фаъолон ва шахсони масъули шаҳри Турсунзода мулоқот намуд.

/images/stories/2012/12/18_devonaev_181212.jpgАз хадамоти мазкур ба сомонаи «Рӯзгор» иттилоъ доданд, ки Девонаев зимни ин вохӯрӣ диққати ҳозиринро ба самти касбомӯзӣ, забономӯзии ҷавонон ва пешгирии ноболиғон ҳангоми сафар ба хориҷа ҷалб намудааст. Сардори Хадамоти муҳоҷират иброз доштааст, ки муҳоҷирати меҳнатӣ ҳамчун падида таърихи ҳазорсола дорад ва дар ҳамаи давру замон ин раванд буд, ҳаст ва боқӣ мемонад:

«Муҳоҷирати меҳнатӣ дар ҷаҳони муосир як раванди ногузир маҳсуб гардида, бархе аз мамолики пешрафта онро ҳамчун василаи табодули таҷриба, тарбияи мутахассисон ва ҷалби сармоя медонанд. Имрӯз дар ин раванд як қатор давлатҳои ҷаҳон мавқеи пешсаф доранд. Аз ҷониби дигар рақобат дар бозори меҳнати ҷаҳонӣ торафт пуршиддат мегардад».

Гуфта мешавад, дар ҷараёни вохӯрӣ ҳамчунин масоили пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ, баҳисобгирии муҳоҷирон-шаҳрвандони Тоҷикистон, шиносоӣ бо вазъи муҳоҷирони меҳнатии шаҳрвандони тоҷик дар хориҷи кишвар, сатҳи забондони муҳоҷирони меҳнатӣ, касбомӯзӣ, одобу русум, таърих ва фарҳанги кишварҳои қабулкунанда ва дигар масъалаҳои вобаста ба ин соҳа матраҳ гардид.

Манбаъ мегӯяд, Сафиаллоҳ Девонаев зимни баромадаш дар ин ҷамъомад оид ба бастани шартномаи меҳнатӣ бо корфармо, дурӣ ҷӯстан аз миёнаравон дар бозори меҳнати Русия ва мутаассифона зери таъсири манфӣ ва гароиш пайдо намудани ҷавонон ба ақидаҳои радикалӣ ибрози нигаронӣ намудааст.

Бояд зикр намуд, Хадамоти муҳоҷират чанд вақт боз бо як қатор навоҳии кишвар ҷиҳати танзими раванди муҳоҷирати меҳнатӣ, будубоши шаҳрвандони хориҷӣ ва бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва иттилоотонӣ миёни аҳолӣ мулоқотҳо мегузаронад.

Вале то куҷо огоҳии мардум роҷеъ ба фарҳанги муҳоҷирати меҳнатӣ, донистани қонунҳои лозима дар ин самт ташаккул ёфтааст, хеҷ маълумоти расмие ба назар намерасад.

Бархе аз коршиносон иброз медоранд, ки барои маълум намудани афкор ва сатҳи ҷаҳнбинии мардум дар мавриди донишҳои вобаста ба муҳоҷирати меҳнатӣ гузаронидани назарсанҷиҳои мухталиф лозим аст.

Темур Раҷабализода, «Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi