С. ДЕВОНАЕВ МУҲОҶИРОНИ ТОҶИКРО ТАРИҚИ «СКАЙП» БА КОР ТАЪМИН КАРДАНИСТ
Масъулини Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон яке аз роҳҳои ба танзим даровардани раванди муҳоҷирати меҳнатии тоҷиконро ба хориҷа, аз ҷумла ба Русия дар бастани шартномаи меҳнатӣ миёни корфармо ва коргар унвон намудаанд. Ба қавли масъулини хадамоти мазкур маҳз надоштани шартномаи меҳнатӣ боиси он гардидааст, ки муҳоҷирон ҳақи ҳалоли худро дар сурати саркашии корфармо аз пардохти музди маош, гирифта наметавонанд.
Ҷамшед Собирӣ як муҳоҷири тоҷик дар Русия мегӯяд, ҳастанд муҳоҷироне, ки дар асоси шартномаи меҳнатӣ ба кор медароянд, вале баҳона барои корфармо зиёд аст: «Корфаромо агар нахоҳад мегӯяд, сифати корат паст аст ё имрӯз пагоҳ карда коре мекунанд, ки барои он маблағро гирфтан хеле вақт интизор мешавию, як миқдор маблағи дигар сарф мешвад. Баъдан вақте ҳамон шартнома аз ҷониби корфармо риоя намешавад, мо муҳоҷирон намедонем арзамонро ба куҷо гӯем».
Бархе аз коршиносон мегӯянд, ҳанӯз намояндагиҳои Хадамоти муҳоҷиратро дар Русия, ки вазифаи ҷонияшон мусоидат ба ҳалли мушкилоти муҳоҷирон аст, бештари муҳоҷирон намешиносанд ва гузашта аз ин фаъолияти онҳо ҷиҳати ба кор таъмин намудани муҳоҷирон муассир нест.
Дар робита ба ин Сафиалло Девонаев, сардори Хадамоти муҳоҷират иброз намуд, ки муҳоҷиронро дар асоси барномаи ҷадиди «Ҷалби муташаккилона ва ҳалли масоили бокортаъминкунии муҳоҷирони меҳнатӣ», ки тариқи технологияи муосири алоқа-скайп сурат мегирад, ба кор таъмин хоҳанд кард: «Барои аз байн бурдани миёнаравҳо, ки имрӯзҳо вазъи муҳоҷиратро хусусан дар Русия душвор кардааст, алоқаи видеоӣ бевосита байни кордиҳандагони Федератсияи Русия ва корҷӯёни Тоҷикистон ҳалталаб мебошад».
Темур Раҷабализода, «Рӯзгор»
Шарҳҳо
RSS Обуна