07:04:31 18-уми Сентябри 2019 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Сентябр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30            

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

БОЗ ЯК ФИШОР: МУҲОҶИРОН БОЯД ҲАТМАН ЗАБОНИ РУСИРО ДОНАНД

Марианна Ожерелйева, Садои Русия

Қонуни нав муҳоҷирони кориро ӯҳдадор менамояд, ки забони русӣ балад буданашонро бо ҳуҷҷат тасдиқ кунанд. Думаи давлатӣ дар хониши аввал лоиҳаи қонунеро қабул кард, ки муҳоҷирони кории дар бахшҳои хоҷагии манзилию коммуналӣ, савдо ва хизматрасонии маишӣ машғули кор бударо ӯҳдадор мекунад, то забони русӣ балад буданашонро на камтар аз сатҳи лозимӣ, бо ҳуҷҷат тасдиқ кунанд.

/images/stories/2011/12/15_taj-migrant_1512.jpgИнро метавонад диплом ва ё номаи камоле (аттестат дар бораи таҳсилоти миёна), ки то моҳи сентябри соли 1991 дар кишварҳои Иттиҳоди Шӯравии собиқ ва ё баъди соли 1991 дар Русия дода шудааст, тасдиқ кунад. Дигаронро лозим меояд, ки забондонии худро дар имтиҳон тасдиқ кунанд. Ҷиҳатҳои мусбату манфии лоиҳаи қонунро дар мусоҳиба бо "Садои Русия" мудири шӯъбаи диаспора ва муҳоҷирати Институти кишварҳои ИДМ Александр Докучаев номбар кард.

-Лоиҳаи қонуни мазкурро то чӣ андоза асоснок меҳисобед?

-Ба назари ман ин лоиҳаи қонун хеле саривақтӣ аст. Талаби донистани забони русӣ аз онҳое, ки барои кор дар бахшҳои тақозокунандаи муомилаи ҳамарӯза бо аҳолӣ меоянд, як чизи табиист. Ва метавон гуфт, ки чунин қонун бояд пештар қабул мешуд, лекин...

Ҳоло чӣ хеле ки маълум аст, ҳадди ақал 160 пункте мавҷуд аст, ки дар онҳо гастарбайтерҳо метавонанд оид ба забони русӣ аз аттестатсия гузаранд. Ҳанӯз як сол пеш чунин набуд. Албатта, қабул кардани қонун, вақте ки барои санҷиши забондонии одамон ва омӯхтани забони русӣ шароит вуҷуд надорад, ғайриқонунӣ аст. Вале ҳоло лоиҳаи қонун дар арафаи қабулшавист, вай дар хониши аввал қабул шудааст. Баъди як моҳ, ки барои ворид кардани дигаргуниву иловаҳо қабул карда мешавад, мумкин хониши дуюм баргузор шавад. Вале то он вақт Дума дигар мешавад ва эҳтимол хониши дуюмро вакилони даъвати нав баргузор менамоянд.

-Бино ба маълумоти хадамоти федеролии муҳоҷират дар кишвари мо расман зиёда аз 860 ҳазор муҳоҷир ба сар мебаранд. Маълум аст, ки соли гузашта сеюним ҳазор ин тестро гузаштанд. Гуфта мешавад, ки сатҳи забондонӣ бояд минималӣ, ба андозаи лозима бошад. Ин чӣ маънӣ дорад? Одам барои доштани дониши минималӣ бояд хонда, навишта, ҳисоб карда тавонад? Вай мушаххасан бояд чиро донад?

-Ин ҷой сухан дар бораи сатҳи минималӣ меравад. Ин сатҳ дар навбати аввал муомилаи лафзиро дар назар дорад. Инро бояд чӣ хел тасдиқ кард, ғайр аз ҳуҷҷатҳои номбаркардаи шумо, ки дар ҷумҳуриҳои пасошӯравӣ ва ё баъд дар Русия гирифта гувоҳӣ медиҳанд?

Ғайри ин далели дигари донистани забони русӣ метавонанд дипломҳо дар бораи таҳсилот бошанд, ки муҳоҷир дар ватани худ баъди соли 1991 гирифтааст ва агар вай забони русиро ҳамчун забони хориҷӣ омӯхта бошаду агар маълумотҳои ҳуҷҷат пешниҳод шаванд. Вазъиятро он чиз душвор гардонидааст, ки аксариятҳои давлатҳои пасошӯавӣ забони русиро амалан аз доираи маориф берун кардаанд.

Танҳо дар он давлатҳое, ки шумораи русҳо зиёданд -Қазоқистон, Латвия, Украина -бо проблемаҳои гуногун ҳам бошад, таҳсил бо забони русӣ идома дорад. Дар Тоҷикистон, дар Қирғизистон таҳсил ба забони русӣ вуҷуд дорад, вале ба тарви кофӣ не. Дар Арманистон бошад, забони русиро манъ кардаанд, дар мактабҳо таълим дода намешавад ва ҳамин тавр онҳо аҳолии худро дар шароити душвор гузоштаанд.

-Ин қонун ба маъруф шудани забони русӣ дар кишварҳои ИДМ мусоидат мекунад?

-Ин ҳатто на боиси маъруфият мешавад, балки як вазифаи ибратомӯзро иҷро мекунад ва бозгӯи зарурияти забони русӣ барои аҳолии давлатҳои пасошӯравӣ хоҳад гашт. Аз ҷумла ин як қисми он интегратсияе мешавад, ки ҳоло фаъолона идома дорад.

-Муҳоҷирони корӣ пули имтиҳонро худашон месупоранд ва ин аз се то шаш ҳазор рублро ташкил медиҳад. Имрӯз онҳо ин пулро доранд? Ба хотир меорем, ки имрӯз онҳо кадом касбҳоро интихоб мекунанд.

-Агар ин имтиҳонҳо дар ҳудуди Русия ҳамин қадар арзиш дошта бошанд, боз барои имтиҳон супоридан пули зиёдро талаб мекунад ва гарон аст. Инро боз ҳоло ба кор шурӯъ накарда масраф кардан лозим меояд, зеро дар бахшҳои номбаршуда бидуни пешниҳоди ҳуҷҷат ба кор намегиранд. Бидуни шубҳа ин ҷой проблема зиёд аст. Вале ба фикри ман ҳоло боз якчанд моҳи дигар вақт ҳаст ва дар давоми ин муддат онҳое, ки нияти ба Русия омадан доранд, бояд аллакай фикр кунанд, ба ин омодагӣ бинанд, дар кишварҳои худ курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзиши забони русиро гузаранд.

Ин якум. Баъд давлатҳое, ки донорҳои қувваи корӣ ба ҳисоб мераванд, бояд ғами инро хӯранд, яъне ғами он қисми аҳолиашонро, ки мӯҳтоҷи кор дар Русия мебошанд ва онҳо бояд имконияти омӯзиши забони русиро дар кишвари худ пайдо кунанд. Ҳадди ақал дар сатҳи гуфтугӯйӣ онро ёд гирифта тавонанд.

-Ҳамин тариқ, ин имконияти интегратсия хоҳад шуд байни муҳоҷирони корӣ дар ин ё он шаҳр. Ин ҷиҳати мусбат аст. Вале мо медонем, ки бисёриҳо ба кишвари мо бидуни раводид меоянд. Омори расмӣ як маълумотро медиҳаду мо мефаҳмем, ки муҳоҷирон бо касби худ машғуланд.

-Одамон аз кишварҳое, ки мо бо онҳо низоми бидуни раводид дорем, бо роҳи қонунӣ меоянд ва мо ба онҳо дар убури сарҳад ягон мамониат намекунем ва аз онҳо чизе талаб намекунем. Лекин баъди убури сарҳад бояд ҳатман дар қайди хадамоти муҳоҷират биистанд ва барои кор иҷозат бигиранд. Агар онҳо чунин иҷозатнома нагиранд, ба гастарбайтери ғайриқонунӣ табдил меёбанд. Онҳо се моҳ дар ҳудудҳои кишвари мо буда метавонанд, агар аз кишварҳое омада бошанд, ки мо бо онҳо низоми бидуни раводид дошта бошем.

Вале онҳо танҳо ҳамон вақт кор карда метавонанд, ки дар бораи донистани забони русӣ далеле пешниҳод кунанд. Онҳо забонро ё дар кишвари худ ё дар Русия меомӯзанд. Зиёда аз ин, ба фикри ман, онҳое, ки давоми 20 соли охир ба Русия борҳо омадаанд, забони русиро дар сатҳи муошират медонанд. Вазифа аз он иборат аст, ки дар шаҳрҳо ва ноҳияҳо пунктҳои имтиҳонсупорӣ бояд барои муҳоҷирон дастрас бошанд. Ин хеле муҳим аст.

Боз бояд он чизро фикр кард, ки сертификатҳоро дар бораи донистани забони русӣ харидан ҳам мумкин аст, ки ин хатарнок мебошад. Ин дар он ҳолат хатарнок аст, ки агар муҳоҷирони корӣ аз доираҳои коррупсионӣ ҷудо карда нашаванд, баръакс, бештар ба онҳо ҷалб гарданд. Фарз кардем, ки онҳо забони русиро медонанд, мефаҳманд ва барои исбот кардани забондонии худ ҳуҷҷатро мехаранд ва ягон курси минималии омӯзиши забони русиро намегузаранд. Ин, албатта, хатари калон аст.

Ҳафтаномаи «Дунё»


Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi