РАҲОИИ ХАЛАБОНОН БА ВАЗЪИ МУҲОҶИРОН ТАЪСИР ДОРАД?
Расонаҳои Русия мегӯянд, раҳоии халабонон ба ҷараёни боздошту ихроҷи муҳоҷирони тоҷик таъсире нахоҳад гузошт. Хабаргузории Интерфакс бо такя ба як манбаи огаҳ дар Маскав навиштааст, қарори додгоҳ дар мавриди он афроди хориҷӣ, ки ба таври ғайриқонунӣ дар қаламравӣ Русия будубош доранд амалӣ хоҳад шуд.
Ин манбаъ афзудааст, ки шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин росто истисно нахоҳанд буд ва муҳоҷирони ғайриқонунии тоҷик низ аз қаламрави ин кишвар ихроҷ хоҳанд шуд. Сухангӯи Хадамоти федероли муҳоҷирати Русия Залина Корнилова ба мо гуфт: "Ин кори ҳаррӯзаи хадамот аст. Оре, мо шаҳрвандони Тоҷикистонро бозошт кардаем. Вале ҳамчунин шаҳрвандони Узбакистон, Қирғизистон, Молдоваро низ боздошт мекунем."
Хонуми Корнилова бар ин аст, ки расонаҳои ахбори ом бидуни далел ин масъаларо сиёсӣ кардаанд, ҳол он ки як фаъолияти муқаррарии Хадамоти федероли муҳоҷирати Русия аст. Ин дар ҳолест, ки боздошти шаҳрвандони Тоҷикистон баъд аз изҳороти раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев зимни дидори ӯ бо раиси Хадамоти федероли муҳоҷирати Русия Константин Ромадановский оғоз ёфт.
Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон боздошти махсус ва интихобии шаҳрвандони Тоҷикистон ва ихроҷи онҳоро шадидан интиқод карданд ва ин маъаракаро ба ҳукми додгоҳи Тоҷикистон дар мавриди ду халабони рус -- Владимир Садовничий ва Алексей Руденко бастагӣ доданд. Президент Медведев дертар пайванди замонии ду рӯйдодро "як тасодуф" унвон кард.
Раиси созмони "Этмос"-и муҳоҷирони тоҷик дар Русия, Каримҷон Ёров, ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳарчанд хабарҳои марбут ба боздошти муҳоҷирони тоҷик камтар шудаанд, зоҳиран, ин маърака бо озодии халабонҳо Садовничий ва Руденко ба поён нарасид. Вай меафзояд, ҳамчунин ҳеҷ нафаре, ки дар ин рӯзҳо боздошт шудаанд, раҳо нагаштанд. "Хадамоти муҳоҷирати Русия ба онҳое, ки бо вуҷуди дуруст будани аснодашон боздошт шудаанд гуфтааст, дар ин бора ба додгоҳ ариза диҳанд ва агар додгоҳ аз онҳо ҳимоят кунад, мумкин аст, ба ҷойҳои кори қаблияшон барқарор шаванд."
Шумораи чунин боздоштшудаҳо дақиқ нест, ҳамчунон теъдоди умумии онҳо, ки байни 450 то 1500 нафар дар сартосари Русия ҳадс зада мешавад. Боздоштҳои умумии тоҷикон замоне иттифоқ афтод, ки раиси ҷумҳури Русия гуфт, кишвараш муҳоҷирони ғайриқонуниро аз қаламраваш ихроҷ хоҳад кард.
Дмитрий Медведев дар сӯҳбате бо хабарнигорон гуфта буд, муҳоҷироне, ки ба Русия меоянд, бояд суннату одоби кишварашро бипазиранд, вагарна бояд Русияро тарк кунанд, ё ғайриқонунӣ омада бошанд, ихроҷ хоҳанд шуд. Вай аз раҳбарони тамоми минтақаҳои Русия хост, бо муҳоҷироне, ки қонунро риоят намекунанд, сахтгир бошанд.
«Озодӣ»