15:02:51 01-уми Июли 2025 сол

HRW: ЧАРО МУҲОҶИРОН БАҲОИ ҲУКМИ ХАЛАБОНҲОРО ПАРДОЗАНД?

Дидбони ҳуқуқи башар аз амалкарди мақомоти Русия дар баробари муҳоҷирони тоҷик интиқод кард. Ин созмони ҳомии ҳуқуқи башар гуфт, муҳоҷирони кории тоҷик набояд баҳои ҳукми зиндони ду халабони ширкати русӣ дар Тоҷикистонро бипардозанд.

Татяна Локшина, намояндаи HRW ё созмони Дидбони ҳуқуқи башар дар як тамоси телефонӣ аз Лондон ба мо гуфт, ки вазъи кунунии муҳоҷирони тоҷик ҳодисаи ҳанӯҳ панҷ соли пешро, ки ба муҳоҷирони гурҷӣ иттифоқ уфтода буд, ба хотир меорад.

​​/images/stories/2011/11/14_tatyana-loshkina_2011.jpgВай гуфт, “он чи ки ҳоло нисбати муҳоҷирони тоҷик дар Русия рух медиҳад, маъракаи зидди муҳоҷирони гурҷӣ дар соли 2006-ро ба ёд меорад. Ҳарчанд мақомоти Русия мегӯянд, ки боздошт ва ихроҷи муҳоҷирони кории тоҷик бо ҳукми зиндони ду халабони ширкати “Ролкан Инвестмент ЛТД” дар Тоҷикистон рабт надорад, аммо дар асл маъракаи тарҳрезишуда алайҳи муҳоҷирон аст. Мо ин вазъиятро манфӣ арзёбӣ мекунем.”

Ин дар ҳолест, ки як гурӯҳ аз шаҳрвандони Тоҷикистон бо талаби расидагӣ ба мушкили муҳоҷирон дар Русия дар назди сафорати ин кишвар дар Маскав таҷаммӯъ кардаанд. Масъулони сафорати Тоҷикистон дар Маскав мегӯянд, онҳо барои ҳимоят аз ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик талош доранд ва ба ин манзур ситоди махсуси шабонарӯзӣ ҳам ташкил кардаанд.

Масъулони сафорати Тоҷикистон дар Русия боздошт ва ихроҷи як гурӯҳ аз муҳоҷирони тоҷикро ба ҳукми зиндони ду халабони ширкати “Ролкан Инвестмент ЛТД” марбут медонанд. Аммо Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия мегӯяд, қазияи боздошт ва ихроҷи муҳоҷирони тоҷик ба маҳкумияти Владимир Садовничий ва Алексей Руденко рабте надорад.

/images/stories/2011/11/14_human_righst_watch.jpgҲарчанд ширкати “Ролкан Инвестмент ЛТД” ва халабонҳояш “русӣ” унвон мешуданд, ахиран раҳбари ин ширкат ба хабаргузории “Интерфакс” гуфта, ки ширкат, ҳавопаймоҳо ва халабонҳо берун аз қаламрави Русия сабти ном шуда ва “русӣ” нестанд. Вале ӯ аз ифшои ҷое, ки онҳо номнавис шудаанд, танҳо ба далели халал ворид нашудан ба кори халабонҳои маҳкумшуда дар Тоҷикистон худдорӣ намудааст.

Бо ин ҳол, сафорати Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, феълан дар шаҳри Маскав 205 муҳоҷири тоҷик боздошт шудаанд. Рӯзи шанбе 12 муҳоҷири тоҷик аз Маскав ихроҷ ва ба Тоҷикистон “депортатсия” гардиданд, ки ба қавли мақомоти Русия онҳо муқаррароти буду бош дар ин кишварро нақз кардаанд.

Дмитрий Медведев, раисиҷумҳури Русия, ки қаблан изҳор карда буд,  мунтазири посухи рӯшани ҷониби Тоҷикистон дар мавриди ҳукми ду халабони ширкати "Ролкан" мемонад, гуфтааст, ҳеҷ маъракаи ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз қаламрави кишварашро намебинад. Вай афзудааст, боздошт ва маҳкумияти ду халабон дар Тоҷикистон, ки яке аз онҳо шаҳрванди Русия мебошад, наметавонад ба равобити Душанбеву Маскав таъсир бигузорад.

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ