ЁРБОБОЕВ: "ТОҶИКОНИ САРВАТМАНД ДАР ХОРИҶА ЗИЁДАНД"
Ба дастури Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, қарор аст як ниҳоди вижаи давлатӣ дар умури муҳоҷират ва ҳамватанони бурунмарзӣ таъсис шавад. Гуфта мешавад ин ниҳод бояд бо вазорату идороти Тоҷикистон раванди муҳоҷирати корӣ ва равобит бо ҳамватанони бурунмарзиро ҳамоҳанг карда ва дар роҳи таъмини ҳуқуқи ин афрод дар кишварҳои хориҷӣ тадобири зарурӣ биандешад. Ин дар ҳолест, ки идораи муҳоҷирати Вазорати умури дохила ва Вазорати кор ва таъмини иҷтимоъии Тоҷикистон низ ба танзими масоили муҳоҷират машғул ҳастанд.
Ҳамкорамон Мардони Муҳаммад дар мусоҳиба бо Алишер Ёрбобоев, раиси Идораи иштиғол ва таъмини иҷтимоъии раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи зарурати таъсиси як ниҳоди ҷудогона дар масоили муҳоҷират суол кардааст: Ёрбобоев: Идораи муҳоҷирати Вазорати умури дохила ва Вазорати кор ва таъмини иҷтимоъии Тоҷикистон сиёсати муҳоҷирати кориро таъйин намекунанд.
Ҳоло дар Тоҷикистон сохтори вижае нест, ки ба масоили муҳоҷират ва ҳамватанони бурунмарзӣ машғул шавад. Яъне, ҳамоҳангӣ дар ин масъала миёни ниҳодҳои давлатӣ вуҷуд надорад. Аз ин лиҳоз, ин масъулиятро кумисиюни вижаи давлатӣ ба ӯҳда дошта ва раванди муҳоҷирати кориро ҳамоҳанг месозад. Ниҳоди ҷадид сиёсати умумии муҳоҷирати кориро таъйин хоҳад кард.
Ба андешаи Шумо, чаро дар солҳои ахир мавзӯъи таъсиси ниҳоди вижаи давлатӣ дар масоили муҳоҷират дар Тоҷикистон матраҳ аст?
Далоил зиёданд. Нахуст, теъдоди муҳоҷирони корӣ зиёд буда ва асари ин раванд ба иқтисоди Тоҷикистон бузург аст. Масалан, соли 2008 аз муҳоҷирони корӣ ба Тоҷикистон маблағи 2,7 милёрд дулор ворид гардид. Ин маблағи ҳангуфт аст. Дуруст аст, ки дар пайи бӯҳрони ҷаҳонии молӣ маболиғи ворида аз муҳоҷирони корӣ 30 дар сад коҳиш ёфт. Аммо дар соли ҷорӣ мизони ин маболиғ дар ҳоли афзоиш арзёбӣ мешавад.
Аз ин лиҳоз, дар паёми солонаи Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурӣ, ба Маҷлиси Олӣ дар ҳафтаи гузашта аз ниҳодҳои зирабти давлатӣ тақозо шудааст, ки барои таъсиси ниҳоди вижаи давлатӣ дар умури муҳоҷират пешниҳодҳоеро таҳия кунанд.
Дар назар аст, ки ин чи гуна ниҳоде шавад?
Ҳанӯз рӯшан нест. Дар барномаҳои интихоботии аҳзоби сиёсии кишвар дар интихоботи порлумонии соли ҷорӣ таъсиси кумита ё ожонси давлатии муҳоҷират пешниҳод шуда буд. Нашрияҳои Тоҷикистон ба навбаи худ хостори ташкили вазорати муҳоҷират ва ҳамватанони бурунмарзӣ шуда буданд. Яъне, пешниҳодҳо зиёд аст ва бо таваҷҷӯҳ ба вазъи иқтисодӣ давлати Тоҷикистон дар ин замина тасмим хоҳад гирифт.
Ба назари ман, ташкили вазорати муҳоҷират ва ҳамватанони бурунмарзӣ махориҷи зиёдеро тақозо мекунад. Дар Арманистон, Гурҷистон, Ҳинд ва Чин вазорати ҳамватанони бурунмарзӣ вуҷуд дорад.
Зимнан, дар Тоҷикистон ниҳоди ғайридавлатии равобит бо ҳамватанони бурунмарзӣ вуҷуд дорад...
Бале. Барои таъмини ҳуқуқи муҳоҷирон, ҷалби сармояи ҳамватанони бурунмарзӣ ба иқтисоди Тоҷикистон ва ҳалли масоили ҳуқуқии ин афрод ниҳоди як давлатӣ лозим аст. Масалан, тибқи иттилоъи манобеъи ғайрирасмӣ, дар Афғонистон ҳудуди 9 милюн ва дар Ӯзбакистон беш аз 8 милюн тоҷик зиндагӣ мекунанд. Дар Русия ва Омрико ҷамъияти тоҷикон фаъолият мекунад.
Вале дар Тоҷикистон ҳеч сохтори давлатӣ нест, ки ба масъалаи ҳамватанони бурунмарзӣ машғул шавад. Ин дар ҳолест, ки дар миёни ҳамватанони бурунмарзӣ афроди сарватманд зиёданд ва онҳо метавонанд дар иқтисоди Тоҷикистон сармоягузорӣ кунанд.
Дар дохили Тоҷикистон низ масъалаҳои тахассуси муҳоҷирон, забономӯзӣ ва ташкили марокизи интиқоли муҳоҷирон ба кишварҳои хориҷиро ҳал бояд кард. Ҳоло фаъолияти бахши аслии муҳоҷирони корӣ худбахудӣ ё бидуни ташаккул сурат мегирад. Аз ин лиҳоз, муҳоҷирони тоҷик дар Русия ва кишварҳои дигари мустақилли муштаракулманофеъ бо мушкилоти зиёде мувоҷеҳ шуда ва иддае аз онҳо аз он кишварҳо берун карда мешаванд.
Бояд бо корфармоёни Русия равобити танготанг барқарор карда ва бар асоси қарордод нерӯҳои корӣ ба ин кишвар мунтақил шаванд. Барои ҳар муҳоҷир маълум бошад, ки ба куҷо меравад, ҳуқуқ ё маъоши моҳиёна чи миқдор аст ва ҳуқуқаш аз сӯйи кӣ таъмин мешавад.
Интиқоли нерӯи кори Тоҷикистон ба кишварҳои дигар низ дар назар аст?
Оре. Ҳоло Тоҷикистон бозорҳои нави корро ҷустуҷӯ мекунад. Миёни давлатҳои Тоҷикистону Арабистони Саъудӣ дар ин замина мувофиқатнома имзо шудааст. Ҳамчунин, мавзӯъи интиқоли нерӯи кор аз Тоҷикистон ба мамолики дигари арабӣ ва Урупо матраҳ аст.
Аммо ин кишварҳо ба нерӯи кори бидуни тахассус ниёзе надоранд. Давлати Тоҷикистон дар садад аст, ҳунаристонҳои даврони шӯравиро барқарор карда ва дар дохили кишвар барои муҳоҷирони корӣ давраҳои кӯтоҳмуддати ҳунаромӯзӣ баргузор кунад.
Дар мавриди равобит бо ҳамватанони бурунмарзӣ бояд равобити фарҳангӣ ва забонӣ қатъ нашавад. Аз сӯйи дигар, имкон дорад тавассути ҷамъиятҳои тоҷикон дар мамолики хориҷӣ баъзе мушкилоти муҳоҷирони корӣ, бахусус, мушкили таъмини ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик ҳал шавад.
Дар назар аст ниҳоди давлатӣ дар умури муҳоҷирон ва ҳамватанони бурунмарзӣ кай таъсис шавад?
Ҳоло дар ин замина корҳои тадорукотӣ шурӯъ шуда ва қарор аст то нимаи соли ҷорӣ пешниҳодҳо ба давлати Тоҷикистон ироа шаванд. Сипас, давлати Тоҷикистон дар бораи ташкили ин ниҳод тасмим мегирад. Мусаллам аст, ки ниҳоди давлатӣ дар умури муҳоҷирон ва ҳамватанони бурунмарзӣ то охири соли ҷорӣ таъсис шуда ва тахсиси маболиғи лозимӣ барои ин ниҳод дар буҷети давлат барои соли оянда пешбинӣ хоҳад шуд.
Ташаккур!
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/muhojirat/2229--q-q.html