23:11:06 02-уми Ноябри 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Ноябр 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30  

3. КАЙ БАРОИ МУҲОҶИРАТ САБТИ НОМ КУНЕМ?

Шаҳрвандони хориҷие, ки муваққатан дар Федератсияи Русия қарор доранд, инчунин доимӣ ё муваққатан дар Федератсияи Русия истиқомат мекунанд, ҳангоме, ки дар маконе барои иқомат ҳастанд, ки маҳалли зиндагии онҳо нест, бояд дар ҳамон маҳалли иқомат сабти ном шаванд, ба қайд гирифта шаванд, ба истиснои мавридҳои пешбинишудаи қисми 6 моддаи 20 Қонуни Федералӣ.

3 migratsiony-uchet 2021Огоҳнома дар бораи омадани шаҳрванди хориҷӣ ба ҷои будубош ба мақомоти ҳудудии Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия дар давоми 7 рӯзи корӣ аз санаи омадани ӯ ба маҳалли истиқомат пешниҳод карда мешавад, ба истиснои ҳолатҳо, ки дар бандҳои 1-4 қисми 3, қисмҳои 4 1, 4 2 моддаи 20 Қонуни федералӣ пешбинӣ шудаанд.

(М. 20 Қарори Ҳукумати Федератсияи Русия аз 15 январи соли 2007 N 9 "Дар бораи тартиби бақайдгирии муҳоҷирати шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ дар Федератсияи Русия")

Мӯҳлати пешниҳоди огоҳинома дар бораи омадани шаҳрванди хориҷӣ ба ҷои будубош ҳафт рӯзи корӣ аз санаи ташриф ба маҳалли истиқомат аст, агар шаҳрванди хориҷӣ:

1) дар меҳмонхона ё дар дигар ташкилоти хидматрасонии меҳмонхонаҳо, дар осоишгоҳ, хонаи истироҳат, пансионат, урдугоҳ, дар пойгоҳи сайёҳӣ, урдугоҳи (лагери) солимгардонии кӯдакон, дар ташкилоти тиббие, ки дар шароити бистарӣ хидмат мерасонад ё дар ташкилоти хидмати иҷтимоӣ;

2) дар ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 2 моддаи 21 Қонуни Федералии мазкур дар меҳнат дар шароити кор бо навбат, дар ташкилот фаъолияти меҳнатӣ анҷом медиҳад;

3) дар як ташкилоти хидмати иҷтимоӣ бо шахсони ҷойи зисташон номуайянхидмат мерасонад;

4) дар муассисае бошад, ки ҷазои маъмуриро иҷро мекунад.

(Банди 3 моддаи 20 Қонуни Федералӣ аз 18 – уми июли соли 2006 № 109-ФЗ "Дар бораи сабти номи шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ дар Федератсияи Русия”).

Мутахассисони баландихтисос ва шаҳрвандони хориҷӣ, ки аъзои оилаи мутахассиси баландихтисос мебошанд, ба муддати 90 рӯз аз рӯи ворид шуданашон ба қаламрави Федератсияи Русия аз ӯҳдадории иҷрои амалҳое, ки барои сабти номи онҳо дар қайди муҳоҷират лозим аст, озод карда мешаванд. Дар ин ҳолат, шаҳрвандони хориҷии номбаршуда бо тартиби муқарраршуда дар ҷои истиқомат (ба қайд гирифташуда дар ҷои будубош) дар Федератсияи Русия, дар сурати ҳаракаташон аз қаламрави Федератсияи Русия ва ҳангоми расидан ба ҷои нави будубош ба мӯҳлати на зиёда аз 30 рӯз аз ӯҳдадориҳо оид ба иҷрои амалҳое, ки барои бақайдгирии онҳо дар ҷои нави будубош заруранд, озод карда мешаванд. Пас аз ба охир расидани чунин мӯҳлати навадрӯза ё сирӯза, ин шаҳрвандони хориҷӣ вазифадоранд амалҳои барои сабти номи онҳоро дар ҷои нави будубошро дар мӯҳлати на зиёда аз ҳафт рӯзи корӣ анҷом диҳанд.

Шаҳрвандони хориҷӣ, ки иштирокчиёни Барномаи давлатии мусоидат ба муҳоҷирати ихтиёрии ҳамватанони бурунмарзӣ ба Федератсияи Русия мебошанд ва аъзои оилаи онҳо, ки ҳамроҳи онҳо ба Федератсияи Русия муҳоҷират мекунанд, аз ӯҳдадории иҷрои амалҳои зарурӣ барои бақайдгирии онҳо дар ҷои будубош дар мӯҳлати на бештар аз сӣ рӯз аз санаи вуруди шаҳрванди хориҷӣ ба ҷои будубош озод карда мешаванд. Пас аз гузаштани ин мӯҳлат ин шаҳрвандони хориҷӣ вазифадоранд дар муҳлати на беш аз 7 рӯз худро аз қайд гузаронанд.

(Бандҳои 4.1, 4.2, моддаи 20 Қонуни Федералӣ аз 18 – уми июли соли 2006 № 109-ФЗ "Дар бораи сабти номи шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ дар Федератсияи Русия”).

Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки муваққатан дар қаламрави Федератсияи Русия қарор доранд, аз ӯҳдадории сабти ном дар маҳалли будубош дар мақомоти салоҳиятдори Федератсияи Русия дар муддати 15 рӯз озоданд.

(Банди 1 моддаи 1 Созишнома байни Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тартиби будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави Федератсияи Русия аз 28 декабри соли 2013 N 393-ФЗ)

Ба забони сода:

Шаҳрвандони Тоҷикистон бояд дар муддати 15 рӯз худро барои муҳоҷират сабти ном кунанд. Агар шумо нақша доред, ки дар Русия камтар аз 15 рӯз мемонед ва бармегардед, шарт нест, ки худро сабти ном кунед. Ва боз агар шумо дар бемористонед, дар меҳмонхона ё истироҳатгоҳе истироҳат мекунед, боз ҳам шарт нест худро сабт кунед, чун онҳо худ ба ҷойи шумо ин корро мекуннад. Аммо агар шумо узви Барномаи давлатии кӯчонидани ҳамватанон бошед, шумо бояд дар муддати 30 рӯз сабти ном шавед.

"ЧӢ ҲОЛ ДОРӢ, МУҲОҶИР?"

2. МАН ДАР КУҶО БОЯД ЧУН МУҲОҶИР САБТ ШАВАМ

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi