10:32:49 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Июн 2015 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ASIA-PLUS ДАРХОСТИ ДОДСИТОНИРО РАДД КАРД

 

Хабаргузории ASIA-Plus ба дархости додситонӣ дар бораи ифшои IP-одресси як корбари интернетӣ, ки дар зери яке аз матолиби ин хабаргузорӣ дар вебгоҳ назар гузоштааст, ҷавоби рад додааст. Ба гуфтаи масъулони ин хабаргузорӣ тибқи қонунгузорӣ расонаҳо ҳақ надоранд, манобеъи худро ифшо кунанд.

/images/stories/2012/04/12_asis-web-1212.jpgЗебо Тоҷибоева, яке аз масъулони ин хабаргузорӣ гуфт, мо аз ҳаққи худ барои ифшо накардани манобеъи хабар истифода кардем, зеро намехоҳем, манобеъи мо барои изҳори назари худ бо мушкиле рӯбарӯ шаванд.

Марат Мамадшоев, сардабири ин хабаргузорӣ гуфт, ки қаблан додситонӣ бо ирсоли номае ба хабаргузорӣ, дар бораи ифшои IP-одресси як корбари интернетӣ, ки дар зери яке аз матолиби ин хабаргузорӣ дар вебгоҳ назар гузоштааст, дархост карда буд.

Оқои Мамадшоев гуфт, додситонӣ ин корро бар асоси шикояти як шаҳрванди дигари Тоҷикистон анҷом додааст. Масъулони ин хабаргузорӣ аз ифшои номи фарди шокӣ худдорӣ карда, аммо гуфтанд, фарде, ки аз додситонӣ дархости ифшои IP-address кардааст, фарде “бонуфуз” будааст.

Иттиҳодияи расонаҳои мустақили Тоҷикистон дар робита ба ин қазия гуфт, ки дархости додситонӣ дар бораи ифшои одреси компутери нафари назардиҳанда дар вебгоҳи хабарӣ, “чизе ба ҷуз нақзи озодии баён нест”.

Нуриддин Қаршибоев, раиси ин созмон гуфт: “Ба бовари ман ин қазия ва қазияе дигар дар ноҳияи Роғун, корзори гурӯҳи ҷудогона барои ҷилавгирӣ аз иҷрои тавсияи президент Раҳмон дар бораи ғайриҷиноӣ кардани фаъъолияти хабарнигорӣ аст”.

Вай гуфт, ахиран дар ноҳияи Роғун як пулис шаҳодатномаи хабарнигории Завқибек Солиев, аккоси нашрияи “Имрӯз Нюз”-ро гирифта ва ӯро аз маҳалли кораш, ки дар майдони варзиш аксбардорӣ мекард, берун кардааст.

Зафар Абдуллоев, сардабири қаблии хабаргузории “Авесто” низ гуфт, ки таъқиби афроде, ки дар форумҳои интернетӣ ибрози ақида мекунанд, ҷилавгирӣ аз озодии баён аст, вале аз тарафи дигар таъкид мекунад: “Мутаасифона дар сойтҳои кишварҳои Осиёи Миёна зиёд мебинем, ки корбарон ахлоқро риъоят намекунанд ва ҳарфҳое қабеҳ менависанд.”

Бо ин вуҷуд ба бовари вай Ҷустуҷӯи корбарони интернетӣ тавассути IP-address дар Тоҷикистон маъное надорад, зеро бархе аз фароҳамгарони интернет дар ин ҷо метавонанд чандин муассисаро рӯйи як IP-address ба интернет васл бикунанд.”

Ин дар ҳолест, ки теъдоди корбарони интернет дар Тоҷикистон ҳамасола афзоиш меёбад ва коршиносон мегӯянд, дар пайи ин раванд форумҳо дар сойтҳои хабарӣ ва иҷтимоъӣ низ шулуғ шудаанд. Ҳарчанд бино ба бархе аз гузоришҳо дар як моҳи ахир теъдоди корбарони сойти интернетии Facebook дар Тоҷикистон аз 34 то 32 ҳазор нафар коҳиш ёфтааст.

Маҳбубияти ин шабака дар Тоҷикистон дар пайи ҳаводиси мавсум ба "баҳори арабӣ", ба таври чашмгире афзоиш ёфта буд. Дар поёни соли гузашта раиси ҷумҳури Тоҷикистон гуфта бу, ки шумори корбарони интернет дар ин кишвар аз як милюн нафар бештар шудааст.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi