17:06:44 08-уми Декабри 2019 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Декабр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

'ДАР ТОҶИКИСТОН ГУРУСНАГИИ МАЪНАВӢ ҲУКМФАРМОСТ'

Адолати Мирзо, сардабири нашрияи "Миллат", мегӯяд, ки аксари мардуми Тоҷикистон дар панҷ моҳи зимистон ва пойиз аз дарёфти иттилоъ, ки ғизои маънавии мардум аст, маҳруманд. Ба гуфтаи хонуми Мирзо, яке аз сабабҳои аслии дар инзивои хабарӣ қарор доштани мардуми ин кишвар дастрасии нокофӣ ба нерӯи барқ дар мавсими сармо будааст.

adolat_mirzoevaҲамчунин, ба гуфтаи хонуми Мирзо, имкони таъсиси рӯзномаҳо дар ин кишвар замоне фароҳам мешавад, ки аксари муҳоҷирони кории тоҷик ба ватан бозгарданд. Ҳамкорамон Заринаи Хушвақт бо Адолати Мирзо дар бораи фаъъолияти ӯ ба унвони як зани рӯзноманигор, ки сардабириии як нашрияро ҳам ба ӯҳда дорад, сӯҳбат кардааст:

-Шумо аз ҷумлаи андак бонувоне ҳастед, ки сардабирии як нашрияро дар Тоҷикистон бар ӯҳда доранд. Оё барои як зан дар ҷомеъаи падарсолори Тоҷикистон, сардабирии як нашрияи мустақил душвор нест?

-Хуб, агар нагӯем, ки мушкил аст, пас бояд бигӯем, ки осон нест. Чунки дар Тоҷикистон ба уҳда гирифтани сардабирии нашрияҳо аз сӯйи занон бисёр (ба чашм мехӯрад), вале масъулияти як нашрияи сиёсӣ дучанд мушкилтар аз он аст, ки ба як нашрияи фарҳангӣ ё як нашрияи фароғатӣ ё саргармкунунда раҳбарӣ дошта бошӣ.

Маълум аст, ки дар кишварҳое, ки озодбаёнӣ вуҷуд надорад, демукросӣ нест, аҳзоби фаъъоли сиёсӣ вуҷуд надоранд, опозисиюни (нерӯи мухолифи) солими воқеъӣ вуҷуд надорад, воқеъан кори сиёсӣ кардан бас мушкил аст, бахусус барои занон.

-Маъмулан дар ҷараёни кор бо чи масоиле рӯбарӯ мешавед ва ин душвориҳоро чи тавр таҳаммул мекунед? Дар ҳалли ин масоил ниёз ба машварат ва ё кумаки мардони ҳампешаатон доред? Ва ё тамоми масоилро худатон батанҳоӣ рафъ мекунед?

-Бибинед, бояд аз он зовия нигоҳ бикунем, ки мушкил чист, яъне мушкили ҳуқуқӣ аст, мушкили сиёсӣ ва иҷтимоъӣ ё молӣ аст? Алббата, ҳайъати эҷодӣ ва ҳайъати таҳририяи (виростори) нашрияи "Миллат" ҳамеша бо ҳам бо ин мушкилиҳо дасту панҷа нарм кардаем. Аммо ман фикр мекунам, ки аз кулли занони рӯзноманигор ва онҳое, ки сардабирии дигар нашрияҳоро ба уҳда доранд, имтиёзи ман бештар он аст, ки ман ҳамсари бисёр қарин ва дастгире дорам.

Раҳматкарим (Давлат) метавонад, ки бештар муттакои ман дар чунин лаҳзаҳо бошад. Чун аксари рӯзноманигорони зан дар ҷомеъаи мардсолор бештар мувоҷеҳи мушкили мардсолорӣ ҳастанд. Аммо чун ҳамсари ман ҳамфикр, ҳамандеш ва ҳамкори ман аст ва ҳамеша мушовири ман аст, мо метавонем ҳамроҳ бо ин мушкилот дасту панҷа нарм кунем ва шояд барои ман таҳаммули ин мушкилот осонтар аз дигарон аст.

-Яке аз мушкилоте, ки нашрияи "Миллат" бо он рӯбарӯ шуд, ба додгоҳ кашида шудани он буд. Дар ҷараёни ин қазия Шумо эҳсос кардед, ки дар додгоҳ мардоне, ки дар рӯбарӯйи Шумо меистоданд, ба Шумо ба унвони як зан нигоҳ мекарданд ва тавононии худро чун мард эҳсос мекарданд ва аз ин рӯ, рӯйи шумо фишор меоварданд?

-На, ман фикр намекунам, ки ин марбут ба ҷинсият ё марбут ба зану мард бошад. Вақте дар ҷомеъае, ки қонун бартарӣ надорад ва ҷомеъа қонунманд нест, ин мушкилот ба зану мард будан ва ё ба кадом нажод будан кор надорад.

Мушкили аслӣ риъоят нашудани қонун ва бартарӣ надоштани қонун аст. Ман фикр мекунам, агарчи ҳамаи он қазоёи додгоҳии расонаҳо бештар бо матолибе иртибот дошт, ки ба қалами занҳо мансуб буд, аммо шояд ҳадаф тарсондани чашми рӯзноманигори зан буд ва шояд ҳам набуд. Чаро?

Чунки имрӯз дар фазои сиёсии Тоҷикистон, фазои расонаии ин кишвар ва умуман, фазои ҷомеъаи Тоҷикистон ҳузури мардҳо дар ин ҷомеъа камрангтар аст, зеро мардҳо бештар дар пайи ҷустуҷӯйи даромади рӯзгор ва таъмини хонавода ҳастанд ва бино бар ин, фазо бештар барои аспдавонии занҳо холитар мондааст ва аз ин рӯ бештар дар расонаҳо ҳам нақши занҳо ҷилва дорад.

-Адолатбону, дар идомаи ин ҳарфҳое, ки мегӯед, лутфан шарҳ диҳед, ки танҳоии занон бештар ононро водор мекунад, ки хомӯштар бимонанд ва ё барои бедории сиёсии онҳо нақше ифо мекунад?

-На, ман фикр намекунам, ки нақшеро бозӣ кунад. Чун бори дӯши занҳо бештар аз замони Шӯравӣ шудааст. Имрӯз зан на танҳо таъмини рӯзгори хонаводаи худро ба дӯш дорад, балки рӯзгори ҷомеъаи Тоҷикистон ҳам бар шонаҳои нафиси зан гузошта шудааст.

Ман фикр мекунам, ки барои фаъъолиятҳои фаротар ва сиёсӣ барои занҳо фурсати камтаре гузошта мешавад, чун аксари занҳо гирифтори масоили таъмини хонавода ва тарбияти фарзандонашон ҳастанд. Аз ин рӯ, ба ақидаи ман, имрӯз заъфе, ки чи дар фаъъолиятҳои сиёсии Тоҷикистон ва чи фаъъолиятҳои иҷтимоъии мардум дида мешавад, ин ҳузур надоштани аксари мардҳо дар зиндагии сиёсӣ ва фарҳангии ҷомеъаи ин кишвар аст.

Яъне бо як панҷа ин мушкилот дар ҷомеъа идора мешавад, вале аз як даст садо намебарояд ва вақте ки як дасти дигар нест, ин дасте, ки бардошта мешавад, дар ҳаво муъаллақ мемонад.

-Агар ба таърихи рӯзноманигорӣ ва нақши занони рӯзноманигор дар матбӯъоти тоҷик назар кунем ва аз 100 соли он ёдовар шавем, ба назари Шумо, нақши занони рӯзноманигор дар даврони Шӯравӣ дар Тоҷикистон назаррас буд ё дар даврони истиқлол?

-Агар мо бар ин бошем, ки аз рӯйи шумора, на аз рӯйи сифат (кайфият), баҳогузорӣ (арзёбӣ) кунем, дар ҳама давру замон гавҳарҳое буданд, ки аз қаъри об аз худ дарак медоданд. Масалан, Бӯринисо Бердиева, яке аз занҳои бисёр ҷасуру далери мо, ки фикр мекунам, ки дар пояи ӯ ҳатто дар даврони Шӯравӣ дар арсаи рӯзноманигорӣ ҳеч мардеро намедонам, ки қад алам карда бошад.

Аз ин рӯ, ман фикр мекунам, ки шахсият дар ҳама гуна шароит дар ҳама гуна фазо аз худ ҳатман дарак медиҳад, бахусус агар вай зан бошад, чун маълум аст, ки агарчи ҷомеъаи мо ҷомеъаи мардсолор аст, вале фаъъолияти чашмраси занҳо бештар ба намоиш меояд. Чун ҷомеъа дақиқан, ки суннатӣ аст, чашмҳо бештар ба фаъъолияти занҳо дӯхта мешавад, бештар ба тарозу кашида мешавад ин аъмоли занон, ки чи кореро анҷом доданд ва чи кореро натавонистанд анҷом диҳанд.

Ба назари ман, дар бахши рӯзноманигорӣ, ки имрӯз ҷойгоҳи мардҳои асили рӯзноманигор ва эҷодкор дар ин фазо холӣ аст, майдони набард ба занҳо вогузор шудааст. Маро маъзур доранд, агарчи хеле аз рӯзноманигорони зан ҳастанд, ки бо имзоҳои зебо, вале бо матолиби хеле беарзиш дар матбӯъот ва нашрияҳои Тоҷикистон ҷилва мекунанд.

Агар фазо бозтар мебуд, агар воқеъан фазои эҷодии солим ба вуҷуд меомад ва метавонистанд мардҳои эҷодкори аслӣ ба ин майдон бозмегаштанд, боз ҳам муҳтавои ин матбӯъот ва рӯзномаҳо ва ҳам фаъъолияти занҳое, ки воқеъан кори мушкили рӯзноманигориро пеша кардаанд ва журнолистони хубе ҳастанд, бештар баҳои воқеъӣ мегирифт.

-Яке аз мушкилоте, ки бархе аз занони хабарнигор бо он мувоҷеҳ мешаванд, нодида гирифтани тавоноии зеҳнии онҳост. Ба назарот ва ақоиди онҳо ба унвони "як муштипар" чандон таваҷҷуҳ намешавад. Оё Шумониз мушоҳида кардаед, ки ақидае ва ё суоле, ки Шумо матраҳ кардаед, аз сӯйи мардон нодида гирифта шуда бошад?

-Ман шахсан ҳеч гоҳ бо чунин бархӯрде рӯбарӯ нашудаам, вагарна ҳатман посухи ин гуна бархӯрдро медодам. Вале ин ки зимни натиҷагирӣ аз фаъъолияти рӯзноманигорон дар соли гузашта, фаъъолияти занҳо, бахусус Рамзия Мирзобекова ва Олга Тутубалина хуб арзёбӣ шуд, фикр мекунам, ки назари ҷомеъаи имрӯзии Тоҷикистон ба занҳо яксон нест.

Воқеъан, занони эҷодкор ва ҳунарманд қадрдонӣ мешаванд, агарчи ба онҳо мукофотҳои (ҷоизаҳои) давлатӣ намедиҳанд, вале мардум худаш довари ҳақгӯ аст ва худаш арзёбӣ мекунад, ки фаъъолияти кадом мард ё зан ё фаъъолияти кадоме аз рӯзноманигорон аз дигарон бадтар ё беҳтар будааст.

-Бозгардем ба масоили хонаводагии Шумо. Бо таваҷҷуҳ ба ин ки ҳамсари шумо низ рӯзноманигор аст, оё ду ҳампеша дар як хонавода ба фаъъолияти ҳамдигар халал намерасонанд? Ва ё ҳампеша будан ба суди фаъъолиятҳои рӯзноманигории шумост?

-Ҳеч гоҳ халал намерасонад ва баръакс кумак мекунад. Шавҳарам худаш хуб медонад, ки дар арсаи рӯзноманигорӣ чи мегузарад. Ва ӯ дар тамоми мушкилотам муттакои ман аст. Агар Раҳматкарим рӯзноманигор набуд, дар интихоби ин касб барои ман муваффақиятҳо пеш намеомад, ман ҳеҷ гоҳ наметавонистам Адолати Мирзо бошам, агар Раҳматкарим дар паҳлӯи ман набуд.

-Шумо соҳиби чаҳор фарзанд ҳастед ва фарзандон доранд бузург мешаванд. Оё онҳо орзу доранд, ки шуғли хабарнигориро интихоб кунанд?

-На, танҳо мо ду нафар дар хонавода рӯзноманигор ҳастем, вале аз ғайри интизор фарзандони мо ҳам рӯзноманигор ҳастанд. Яъне онҳо дигар фаъъолиятҳои моро дарк кардаанд ва бархе вақтҳо барои мо аз берун, аз мактаб ва аз хиёбон хабар меоранд.

Масалан дар васоили мусофирбарӣ агар иттифоқе уфтад, онҳо даъфатан ба мо мегӯянд ва масъалагузорӣ мекунанд. Суруш ҳанӯз ду сол қабл чанд матлабе навишта буд ва кӯдакони дигар ҳам блог менависанд ва сойтҳои хешро боз карданд (гушуданд).

Агарчи фарзандон машоғилеро барои худашон интихоб кардаанд, вале дар ниҳод рӯзноманигор ҳастанд. Мо дар тарбияти кӯдакон бештар ба он диққат медиҳем, ки кӯдакон дар оянда тавонанд бо ҳар мушкиле, ки рӯбарӯ шаванд, ҳалли онро худашон пайдо кунанд.

-Шумо эҳсос намекунед, ки кӯдакон ва навҷавонон дар Тоҷикистон ба нашрияи вижаи худ ниёз доранд ва мавзӯъи таъсиси чунин нашрияе барои кӯдакон фаромӯш шудааст, ҳарчанд беш аз 50 дарсади ҷомеъаи моро кӯдакон ва навҷавонон ташкил медиҳанд?

-Бубинед, дар кишваре, ки рӯзноманигор дар рӯз кор надорад, дар кишваре, ки миллаташ рӯзнома надорад, дар бораи ҳамчунин чизҳое ҳарф задан як кори беҳуда аст. Аслан, ман фикр мекунам, ки аз як сӯ, дар Тоҷикистон фазои иттилоъотӣ холист ва кишваре, ки дар асри 21 ба таври рӯзмарра рӯзнома надорад, на танҳо боъиси шармандагии ҳукумати Тоҷикистон аст, балки аз камкорӣ ва бефаъъолиятии институтҳои (ниҳодҳои) демукросӣ, созмонҳои кумаккунанда ба вазъи демукросӣ ва ҷомеъаи шаҳрвандӣ дарак медиҳад.

Яъне фикр мекунам дар кишваре, ки ба таври рӯзмарра рӯзноманигор кор надорад, мардум ба таври рӯзмарра аз гирифтани иттилоъ маҳрум ҳастанд, агар иттилоъ дар шакли матбӯъот, мактуб бошад. Чунон ки мебинед, дар Тоҷикистон ҳафтод дарсади мардум дар панҷ моҳи тирамоҳ (пойиз) ва зимистон бидуни барқ ҳастанд, яъне аз гирифтани иттилоъ, ки ғизои маънавӣ аст, маҳрум ҳастанд, яъне гуруснагии маънавӣ, гуруснагии иттилоъотӣ дар Тоҷикистон ҳукмфармо аст.

Вале ин ки инстистутҳои (ниҳодҳои) демукросӣ, созмонҳои мудофеъи озодии баён ин вазъияти Тоҷикистонро нодида мегиранд ва ҳеч бонги изтироб зада намешавад, маънии заъфи онҳоро дорад, маънии онро дорад, ки ҳеч касе дар фикри ин мардум ва дар фикри озодии баён дар ин кишвар нест.

-Агар фурсат даст диҳад, метавонед "Миллат"-ро ба таври рӯзмарра, яъне чун рӯзнома, ба табъ расонед ва пешкаши хонандагон кунед, ё дар шароити феълӣ ин кор душвор аст?

-Мушкили аввал дар заминаи таъсиси рӯзнома ҳузур надоштани рӯзномахон дар Тоҷикистон аст. Яъне ҳудуди як милюн нафаз аз қишри фаъъоли ин кишвар дар берун аз хоки Тоҷикистон ба сар мебаранд.

Яъне қишри таҳсилдида, қишри ҷавон, қишри онҳое, ки дастрасӣ ба манобеъи молӣ доранд ва қудрати харидории рӯзномаро доранд. То он даме ки ин қишри ҷомеъа ба Тоҷикистон, ба ватан, бознагардад ва то он даме, ки дастрас кардани рӯзнома ба ин қишр осон нашавад, чопи нашрия ба таври рӯзмарра як кори беҳуда хоҳад буд.

Вале дар ҷомеъаи имрӯзаи Тоҷикистон бо фароҳам омадани имконоти молӣ метавон нашрияи ҳаррӯза барои занон бо қимати поён ва нашрияи вижа барои кӯдаконро таъсис дод.

-Шояд ба унвони рӯзноманигор бо афроде рӯбарӯ шуда бошед, ки сарнавишти ҷолибе доранд. То ҳол ба навиштани китобе дар бораи зиндагии чунин афрод ё дидаву шунидаҳои худ ё дар бораи ҳампешагони худ фикр накардаед?

-Мегӯянд, ки "дар дил ҳавасҳо дорем, дасти норасо дорем." Воқеъан фаъъолияти ҳар як ҳампешаи мо худаш китобест. Агар имкон ва вақт даст бидиҳад, дил мехоҳад, ки дар гушоиши чеҳраҳо, махсусан дар рӯзҳое, ки 100-умин солагарди матбӯъоти Тоҷикистон таҷлил мешуд ва номи ин фарҳехтагон ба забон оварда нашуд, ёдгорие барои хотири ин афрод дошта бошад ва ё китобе мунташир кунад.

Аммо мо кӯшишҳое дорем, алббата, дар танҳоӣ не, ҳайъати таҳририяи нашрияи "Миллат" тасмим дорад, ки ба хотири рӯзноманигорони шаҳиде, ки дар роҳи расидан ба озодӣ ҷони худро аз даст доданд, таҳқиқоте анҷом диҳад ва онро дар шакли китоб мунташир кунад.

Ҳамчунин, "Миллат" қасд дорад дар бораи чеҳраҳои мондагори матбӯъот, ки насли имрӯзаи рӯзноманигории тоҷик аз он обхӯр об менӯшанд, маҷмӯъи мақолотеро интишор бидиҳад. Масалан, Бӯринисо Бердиева, Мазҳабшо Муҳаббатшоев, Сайдар, Искандари Хатлонӣ, Сайф Раҳимзод ва садҳо тан аз рӯзноманигорон, ки дар ин ҷоддаи ба қавле "номинатдор" заҳмат кашидаанд, ба хотири бақои номи онҳо корҳоеро анҷом бояд бидиҳем ва маҷмӯъаҳое ба нашр расонем.

Аммо дар мавриди он ки китоби хоссе дар мавриди фаъъолиятҳоямон худамон иншо карданӣ бошем, фикр мекунам, ки ҳанӯз дар сар ҳамчунин чизе надорем, чунки то ҳол коре накардаем, ки дар бораи он китоб бинависем ва имрӯз мутаассифона, ҳама китобнавис шудаанд ва ман фикр мекунам, ки ёва гуфтан ва онро китоб кардан ҳунар нест.

-Адолатбону, агар фурсат даст диҳад ва дубора имкони интихоби шуғле бароятон муҳайё шавад, боз ҳам шуғли рӯзноманигориро интихоб хоҳед кард ва ё пешаи дигареро, ки мушкилоти камтаре дошта бошад?

-На, боз ҳам дубора рӯзноманигор мешавам.

-Сипос аз сӯҳбат.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi