РОДИОИ "ИМРӮЗ" ДУБОРА САДОЯШРО БАЛАНД КАРД
Родиои хабарӣ ва тафреҳии “Имрӯз” пас аз 21 рӯзи хомӯшӣ, пахши барномаҳои хеш дар амвоҷи ФМ-ро аз сар гирифтааст. Шунавандагони тоҷик рӯзи чаҳоршанбеи 2 сентябр танҳо ба барномаҳои мусиқии ин родию дастрасӣ пайдо карданд.Масъулони родиои “Имрӯз” ба Би-би-сӣ гуфтанд, ки аз 3 сентябр барномаҳои хабарии ин шабакаи мустақил рӯйи мавҷ хоҳад омад ва хотири шунавандагон ва алоқамандонро болида хоҳад кард. Фаъол шудани муҷаддади родиои хабарӣ ва тафреҳии “Имрӯз” мавриди истиқболи ҷомеъаи Тоҷикистон, бахусус созмонҳои марбут ба умури расонаҳо дар ин кишвар шудааст. Ба гуфтаи масъулони созмонҳои рӯзноманигорӣ, ки аз мутаваққиф шудани ин родию башиддат нигарон буданд, фаъолияти озоди родиои “Имрӯз” дар фазои иттилоърасонӣ бисёр муҳим аст.
Ин масъулон мегӯянд, родиои “Имрӯз” дар муддати фаъолияти хеш тавонист ба унвони як шабакаи мустақили родиюӣ дар миёни ақшори мухталифи кишвар ҷойгоҳи вижае касб кунад. Пахши родиои “Имрӯз” се ҳафта қабл мутаваққиф шуда буд ва масъулони Кумитаи родию ва телевизиюни Тоҷикистон иллати онро ба мушкилоти фаннӣ, бахусус аз фаъолият бозмондани фиристандаи пахши барномаҳои ин шабака марбут хонданд.
Аммо масъулони родиои “Имрӯз” ин иддаъои мақомоти давлати Тоҷикистонро бепоя медонанд. Моҳҳои апрел ва августи соли гузашта низ пахши барномаҳои родиои “Имрӯз” барои чанд ҳафта мутаваққиф шуда буд, ки он ҳангом низ мушкилоти фаннӣ сабаби аслии ин амр дониста шуда буд.
Зимнан, фаъолияти родиои “Имрӯз” дар моҳи августи соли 2007 оғоз шуд ва барномаҳои ин шабакаи хабарӣ ва тафреҳӣ рӯфи мавҷи шаффофи ФМ, фреконси 107,4 дар шаҳри Душанбе ва навоҳии ҳумаи он, аз Турсунзода то Файзобод, ва шаҳри Қурғонтеппа, маркази вилояти Хатлон, пахш мешавад.
Рустами Ҷонӣ, аз хабарнигорони саршинос ва раиси кулли ширкати “Ориёно–медиа”, раёсати родиои хабарӣ ва тафреҳии “Имрӯз”-ро ба уҳда дорад. Раҷаби Мирзо, рӯзноманигори дигар, сардабири он аст.
Оқои Ҷонӣ аз фаъол шудани ин родию изҳори хушҳолӣ кард ва гуфт: “Мутаваққиф шудани пахши барномаҳои ин шабака маънии онро надорад, ки сабку услуби ин шабака тағйир кунад. Ин амр моро закӣ кард ва далели он аст, ки “Имрӯз” ҳирфаӣ аст ва мутобиқ бо қавонини кишвар кор мекунад.”
Вай афзуд: “ Кормандони родиои “Имрӯз” рисолати хабарнигории хешро идома хоҳанд дод ва талош хоҳанд кард мавқеъи бештареро дар арсаи иттилоърасонӣ касб кунанд."
Би-Би-Си