17:05:05 12-уми Ноябри 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Ноябр 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30  

ПАНҶ СОЛИ МАТБУОТИ ТОҶИК ДАР ГУЗОРИШИ НАНСМИТ

Анҷумани миллии расонаҳои мустақил гузорише аз вазъи матбуоти тоҷик аз соли 2005 то соли 2010-ро нашр кард.

Шарки ОзодНуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон (НАНСМИТ) ва муаллифи ин гузориш мегӯяд, таҳқиқоти мазкур умдатан дар заминаи мониторинги муназзами ин анҷуман аз вазъи матбуот ва назари коршиносону таҳлилгарони расонаӣ анҷом шудааст. Ва ҳадаф аз он нишон додани вазъи матбуот ба манзури ислоҳи мушкилот ва ҷилавгирӣ аз пешомадҳои эҳтимолиест, ки метавонад дар фаъолияти расонаҳо сар бизанад.

Оқои Қаршибоев мегӯяд, ба сурати умумӣ аз соли 2005 ба ин сӯ матбуоти миллӣ рушд карда, аммо ҳамзамон бо мушкил ва монеаҳо рӯ ба рӯ будааст. Ба гуфтаи муалифи ин таҳқиқот, намешавад гуфт, ки матбуот ба сурати якмаром ва собит пешрафт кардааст. Монеаҳои мухталиф, ​​мушкили дастрасӣ ба манобеъи хабарӣ ва баҳсҳои додгоҳии мақомот бо матбуот аз мушкилоти умда унвон мешавад.

Оқои Қаршибоев мегӯяд: «Дар тӯли панҷ соли охир ВАО роҳи пурпечу тоберо тай кардаанд. Ва мо наметавонем, бигӯем, ки усулҳои демократии озодии ВАО дар фаъолияти расонаҳо пурра риоя шудаст.»

Дар ин гузориш омадааст, ки чандин рӯзномае дар Тоҷикистон мавҷуд аст, аз ҷумла, «Пайкон», «Фараж», «Миллат», «Озодагон» ва "СССР", ки итоатпазир набудани худ аз мақомоти давлатиро рад мекунанд. Ба қавли коршиносон, бархе аз ин нашрияҳо бештар ба назару мавқеъ эътибор медиҳанд, то ба факту рақам ва ба ин тартиб усули тавозун дар нашри ахбори бетарафона барои мухотабро риоя намекунанд.

Бино ба ин таҳқиқот, ҳамчунин бархе аз расонаҳо робита ё тааллуқоти худ ба гуруҳҳои қавмӣ ва моливу санъатиро пинҳон медоранд. Аз ҷумла ба Ҳасани Асадуллозода, раиси "Ориёнбонк" ва бародарарӯси раиси ҷумҳур  мутааллиқ будани «Ориёно медиа» маълум аст. Ва танҳо нашрияи ҳаррӯзаи Тоҷикистон «Имруз нюс», низ ба ҳамин гурӯҳ муртабит аст.

Ин гузориш ҳамчунин аз мушкилоти матбуот дар соли 2010 қисса мекунад ва мегӯяд, матбааҳои Тоҷикистон дар он сол аз нашри чанд рӯзнома барои як муддат худдорӣ карданд. Аммо бархе аз масъулини расонаҳо мегӯянд, ки соли 2005 ба баъд марҳилаи дуввуми рушди матбуот аст ва аз он замон то кунун матбуоти тоҷик ба суръат ва қобили дидан рушд кардааст.

​​​Хилватшоҳи Маҳмуд, сардабири Оҷонси иттилоотии "Озодагон" мегӯяд: «Намешавад гуфт, ки матбуот аз соли 2005 ба ин сӯ рушд накардааст. Зеро бо номнавис ва нашр шудани ҳафтаномаи «Миллат» дар соли 2005 ва баъдан бо нашри чандин ҳафтаномаи дигар, мисли «Фараж», «Озодагон», «СССР», чандандешӣ дар Тоҷикистон рушд кардааст, ки ин гувоҳи рушди матбуот аст ва то кунун матбуоти тоҷик марҳилаи дуввуми рушди худро тай кардааст. Мушкили аслии матбуоти тоҷикзабон ин аст, ки соҳибони пулдор надорад.»

Ба гуфтаи Хилватшоҳи Маҳмуд, мушкили аслии матбуот, на мавҷуд набудани имконоту озодии баён ва ё сензураи мақомот аст, балки маҳдуд будани бозори реклама аст. Аз сӯи дигар матбуоти тоҷик соҳибони пулдор надорад, аксари нашрияҳо аз ҳисоби фурӯши шумораҳои худ нашр мешаванд ва тоҷирону пулдорон ҳоло фарҳанги кӯмак ба рӯзнома ва ё соҳиби рӯзнома шуданро ёд нагирифтаанд. Агар пулдорҳо ва ҷамъиятҳои саҳҳомӣ иқдом ба харидории рӯзномаҳо кунанд, марҳили дигаре аз рушди матбуоти тоҷик оғоз хоҳад шуд.

Раҳматкарими Давлат, «Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi