05:07:47 01-уми Июни 2025 сол

"ТАҲҚИҚОТИ МУҚАДДАМОТӢ УЗВИЯТИ УСМОНОВРО ДАР ҲИЗБИ ТАҲРИР СОБИТ НАКАРД"

Файзинисо Воҳидова, вакили мудофеъи хабарнигори боздоштшудаи Би-би-сӣ дар Хуҷанд гуфт, ки таҳқиқоти муқаддамотӣ узвияти муваккилашро дар Ҳизби таҳрир собит накард. Додситонии вилояти Суғд Ӯрунбой Усмоновро, ки рӯзи 13-уми июн пас аз кор ғайб зада буд ва танҳо пас аз як рӯз хабари боздошти вай ба хонаводааш расид, тибқи модаи 307 қонуни кайфарӣ ё ҷиноии Тоҷикистон дар узвият ба Ҳизби таҳрир муттаҳам карда буд.

fayziniso_vahid22122.jpgДар ҳоле, ки таҳқиқоти муқаддамотии ин парванда таҳти назорати ҷомеъаи маданӣ ва фишорҳои созмонҳо ва кишварҳои байналмилалӣ бар давлати Тоҷикистон барои озодии ин хабарнигор идома дорад, Файзинисо Воҳидова, вакили мудофеъи оқои Усмонов гуфт: "Дар натиҷаи гузаронидани як қатор амалиётҳои тафтишотӣ имрӯз пурра муъаян шуд, ки дар ҳақиқат журналисти бахши ӯзбекии Би-би-сӣ аъзои Ҳизби таҳрир нест ва ягон вақт ба ин гурӯҳ шомил нашудааст."

Вай афзуд: "Ман фикр мекунам, ки тарафи тафтишоти пешакӣ низ бо ин фикри мо розӣ аст, зеро ягон далел ба даст наомад, ки ин иттиҳомро исбот карда тавонад."

Ба гуфтаи хонум Воҳидова модаи 36 қонуни кайфарии Тоҷикистон, ки оқои Усмонов ниҳоятан тибқи он муттаҳам шудааст, дорои чандин банди мухталиф, назири таъсиси ҳизб, узвият дар он, фаъолият дар он ва ё хабар надодан дар бораи он аст. Акнун ба гуфтаи хонум Воҳидова бозрасон талош доранд, ки гуноҳи хабарнигори Би-би-сиро дар заминаи иттилоъ надодан ба мақомот дар бораи фаъолияти аъзои ҳизби таҳрир собит кунанд.

Аммо вай афзуд: “Касби журналистӣ нозукиҳои худро дорад, мо наметавонем журналистро дар қатори шаҳрванди одӣ гузорем ва гӯем, ки вай бояд ҳатман тамоми амалҳоеро, ки мебинад ё дарк мекунад, ба мақомот хабар диҳад. Ин бевосита ба ҳирфаи вай вобаста аст.”

Қаблан гузориш шуда буд, ки ду нафар аз аъзои Ҳизби таҳрир, ки алайҳи оқои Усмонов шаҳодат дода буданд, дар ҷаласаи рӯбарӯ бо вай узви ин ҳизб будани оқои Усмонвро рад карданд. Яке аз онҳо танҳо ин нуктаро таъйид кардаст, ки нусхае аз маҷаллаи ин ҳизбро ба ин хабарнигор таҳвил дода буданд. Оқои Усмонов дар ин ҷаласа гуфта буд, ки ин маҷалларо ба манзури мутолеъаи хабарнигорӣ дарёфт кардааст.

Вакили мудофеъи оқои Усмонов мегӯяд, ки исбот хоҳад кард, ки дар кирдори муваккилаш ҳеҷ “амали ҷиноятӣ” вуҷуд надоштааст. Пас аз пахши хабари боздошти Ӯрунбой Усмонов, хабарнигори бахши Осиёи Миёнаи Би-би-сӣ дар шимоли Тоҷикистон хонаводаи ин хабарнигор, созмонҳои байналмилалӣ ва намояндагони диплумотики кишварҳои ғарбӣ дар Тоҷикистон аз наҳваи боздошт ва эҳтимоли озори ҷисмонии ин хабарнигор ибрози нигаронии шадид карданд.

Нахуст Бунгоҳи Суханпарокании Бритониё (Би-би-сӣ) ва сипас сафоратхонаҳои Бритониё ва Омрико, Иттиҳодияи Урупо, САҲУ, созмонҳои Гузоришгарони Бидуни Марз ва Кумитаи Дифоъ аз Рӯзноманигорон, Хонаи Озодӣ ва Афви Байналмилалӣ бо пахши баёнияҳое аз давлати Тоҷикистон хостаанд, Ӯрунбой Усмоновро бедиранг озод кунад.

Хабари собит нашудани иттиҳоми узвияти Ӯрунбой Усмонов, хабарнигори Би-би-сӣ дар Ҳизби Таҳрир дар ҳоле пахш мешавад, ки Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон пас аз боздошти ӯ бо пахши баёнияе ин хабарнигори Би-би-си-ро узви Ҳизби Таҳрир хонд.

Ин дар ҳолест, ки тибқи қонун танҳо додгоҳ метавонад, ҷурми касеро собит бисозад ва то замони баргузории додгоҳ касеро наметавон узви ин ё он гурӯҳи мамнӯъ хонд. Тоҷикистон дар гузоришҳои солонаи Хонаи Озодӣ - "Озодӣ дар Ҷаҳон 2011" ва "Озодии матбуъот 2011" дар гурӯҳи кишварҳои ғайриозод шомил шудааст.

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854