13:53:30 01-уми Июни 2025 сол

МАҚОМОТ: "УСМОНОВ БИНО БА ДАЛОИЛИ МӮЪТАМАД БОЗДОШТ ШУДААСТ."

Мақомот гуфтаанд, ки Урунбой Усмонов, хабарнигори ВВС бар асоси далоили мӯътамад боздошт шудааст. Нозирҷон Бӯриев, сухангӯи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ҷараёни тафтиши пешакӣ ва ҳамчунин нишондодҳои шоҳидон, ҳама далоили собикунандаи узвияти оқои Усмонов ба «Ҳизб- ут-таҳрир» собит шудааст.

dasgiri_usmonov01023.jpgВай афзуд, маълум шудааст, ки хабарнигори ВВС муддати тӯлонӣ бо аъзои ин ҳизб дар дохил ва хориҷи Тоҷикистон робита дошт ва дар омодаву пахш кардани маводи таблиғотии «Ҳизб-ут-таҳрир», ки бо роҳи зӯрӣ ба даст овардани ҳукумат ва тағйир додани сохти конститутсионии Тоҷикистонро ташвиқ мекунанд, ширкат мекард. Бино ба  гуфтаи ин манбаъ, Урунбой Усмонов, соли таваллудаш 1951, сокини ҷамоати Ҳисори ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ва хабарнигори маҳаллии радиои ВВС 13-уми июни соли 2011, дар пайи гузаронидани тадобири сареъи ҷустуҷӯӣ бо гумони узвият дар  созмонҳои мамнӯъи тундгаро боздошт шудааст.

Бино ба хабари аҳли хонаводаи ҷаноби Усмонов, вай рӯзи 13-уми июн аз коргоҳ ба хона барнагашт. Дертар, пас аз ҷустуҷӯҳои зиёд ва маъюскунандаи пайвандонашу ҳамкоронаш, маълум шуд, вай дар боздошти маъмурони амниятии Тоҷикистон қарор дошта, ба гуфти наздиконаш, шадидан лату кӯб шудааст.

НИГАРОНИИ СОЗМОНҲОИ ХАБАРНИГОРИ АЗ БОЗДОШТИ УСМОНОВ

Ин дар ҳолест, ки Созмонҳои журналистии Тоҷикистон аз боздошти хабарнигори бахши узбакии BBC Урунбой Усмонов нигаронӣ кардаанд. Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон (НАНСМИТ) ва Созмони дифоъ аз ҳуқуқи журналистони Тоҷикистон дар баёнияи муштарак аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар даъват ба амал овардаанд, ки то замони эълони ҳукми додгоҳ дар мавриди амали Усмонов, ӯро ҳамчун гунаҳкор муаррифӣ накунанд ва дар нисбати журналист бар асоси қонунҳои ҷории кишвар мунсифона ва шаффоф расидагӣ кунанд.

Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои озоди Тоҷикистон мегӯяд: «Мо аллакай аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ даъват кардем, ки набояд ҳангоми тафтишот арзишҳои ҳуқуқӣ нақз ёбанд ва ҳатман ин қазияро ҳамаҷониба таҳқиқ мекунем, ки ҷараёни бозрасӣ мувофиқи қонун сурат гирад.»

Мухтор Боқизода, масъули Созмони дифоъ аз ҳуқуқи журналистони Тоҷикистон бар инаст, ки роҳ наёфтани вакили мудофеъ ба мулоқот бо журналисти боздоштшуда шакку шубҳаро дар робита ба ин парванда бештар кардааст.

Вай меафзояд, ба фаъолияти Усмонов марбут будани иттиҳом низ баёнгари ҳол аст, зеро вақте ки як хабарнигор дар ҳар мавзӯи мухталиф ҳатто роҷеъ ба фаъолияти Ҳизб-ут-таҳрир менависад, табъан ҳаракат мекунад, ки маълумоти бештар ба даст орад ва ин ба он маъное нест, ки вай ҳамкорӣ дорад.

Ин созмонҳои журналистӣ тасмим гирифтанд, ки ҳамзамон паҳлӯҳои ҷараёни айбномаи Урунбой Усмоновро мавриди таҳқиқ қарор диҳанд, ки то кадом андоза дар ҳамкорӣ бо созмони Ҳизб-ут-таҳрир даст дорад.

Дар ҳамин ҳол раиси  Иттиҳодияи журналистони Тоҷикистон Акбаралӣ Саттор ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ба бахши вилоятии Иттиҳодияи журналистон дар Суғд дастур додааст, то шева ва зарфияти боздошти Урунбой Усмоновро дар сӯҳбат бо мақомоти ҳуқуқии вилоят мушаххас кунанд.

Акбаралӣ Саттор афзуд, ки ниҳоди онҳо мехоҳад дақиқ кунанд, ки хабарнигори Би-Би-Сӣ дар заминаи фаъолияти хабарнигорӣ боздошт шудааст ё хайр. Он гоҳ Иттиҳодияи журналистон дар робита ба боздошти Урунбой Усмонов мавқеи худро муайян хоҳад кард.

Ду рӯз пеш, намояндаи Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар умури озодии матбуот, Дуня Миятович низ аз боздошти хабарнигори Би-Би-Сӣ, Урунбой Усмонов, изҳори нигаронӣ кард. Дар номае ба унвони вазири умури хориҷии Тоҷикистон, Ҳамроҳхон Зарифӣ, вай навиштааст:

"Бо вуҷуди эҳтироми ман ба ҳуқуқи ҳукумат дар мубориза бо терроризм, шароити боздошти Усмонов ва рафтор бо ӯ, аз ҷумла радди ҳуқуқи ӯ ба вакили мудофеъ нигарониҳои марбут ба маҳдудияти озодии баёнро ба миён меоранд."

Миятович гуфтааст, аз он нигарон аст, ки ин ҳабс мумкин як талоши дигари фишор ба журналистоне бошад, ки дар мавзӯъҳои ҳассос менависанд. Вай инчунин аз латукӯби Ҳикматулло Сайфуллозода ва ҳабсу муҳокимаи журналист Маҳмадюсуф Исмоилов ёдовар шудааст.

Раҳбарияти шабакаи Би-Би-Сӣ, сафорати Бритониё дар Тоҷикистон, Кумитаи дифоъ аз журналистон ва созмони Хабарнигорони бидуни марз низ хостори рӯшанӣ дар қазияи  Усмонов ва озодии фаврии ӯ  шудаанд.

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854