МУСОДИРАИ МОЛИКИЯТИ ҲАФТАНОМАИ “ПАЙКОН”
Додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ ба мусодираи моликияти “Пайкон”, ба нафъи “Тоҷикстандарт” иҷоза додааст. Аҳлиддини Салимпур аз кормандони ҳафтаномаи “Пайкон” ба мо гуфт, ки дар пайи ин қарори додгоҳ ду компютер, телефони корӣ ва сканнеру дастгоҳи чопии ҳафтанома мусодира шудааст.
Ҷаноби Салимпур мегӯяд, ду компютери ин корхона 1000 доллар, сканнер - 60 ва дастгоҳи чопӣ 120 доллар арзиш дошт. Аммо Шӯҳрат Қудратов, вакили дифоъ мегӯяд, ин ҳама моликияти Бюрои маслиҳатдиҳӣ, сухансанҷӣ ва тадқиқоти журналистӣ буда, рабте ба ҳафтаномаи “Пайкон” надорад. Вай афзуд, мақомот ба таври ғайриқонунӣ моликияти ин бюроро бо худ бурдаанд.
Бюрои маслиҳатдиҳӣ, сухансанҷӣ ва тадқиқоти журналистӣ муассиси ҳафтаномаи “Пайкон” аст, ки худи ин бюро ҳоло бо мақомоти Вазорати адлияи Тоҷикистон баҳси додгоҳӣ дорад.
Дар моҳи октябри соли 2009 Додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе баҳси додгоҳии “Тоҷикстандарт” бо “Пайкон”-ро ба анҷом расонида, нашрияро барои пардохти 300 ҳазор сомонӣ ҷарима муваззаф карда буд.
Дар ин баҳси додгоҳӣ “Тоҷикстандарт” иддао дошт, ки ҳафтаномаи мустақили “Пайкон” бо нашри матлаби тӯҳматомез ба шаъну шарафи ин ниҳод зарба задааст.
Ҳафтаномаи “Пайкон” дар тобистони соли 2009 муроҷиати гурӯҳе аз тоҷиронро чоп кард, ки дар он “Тоҷикстандарт” ба эҷоди монеа дар роҳи рушди соҳибкорӣ дар кишвар муттаҳам мешуд.
«Озодӣ»