ДАРХОСТИ ҚАТЪИ САРМОЯГУЗОРӢ ДАР НАШРИЯҲОИ ДАВЛАТӢ
Анҷумани расонаҳои мустақилли Тоҷикистон зимни интишори як баёния хостори қатъи сармоягузории давлат дар нашрияҳои расмии ҳукуматҳои ноҳияҳо, шаҳрҳо ва вилоятҳои ин кишвар шудааст. Дар ин баёния таъкид мешавад, ки теъдоди ин гуна нашрияҳо зиёд буда, аммо онҳо "дар фазои иттилоъотӣ нақше ва дар таъмини амнияти иттилоъотии Тоҷикистон саҳме" надоранд.
Бино ба иттилоъи бахши матбуъот ва табъу нашри Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, ҳоло дар ин кишвар ҳудуди 400 ҳафтаномаву маҷаллаҳо сабти ном шудаанд, ки беш аз 70 дар сади онҳоро нашрияҳои давлатӣ ташкил медиҳанд. Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани расонаҳои мустақилли Тоҷикистон (АРМТ ё НАНСМИТ), пешниҳод кардааст, маболиғе, ки ба ҳисоби бастани нашрияҳои давлатии "ғайримуассир" ба даст меояд, аз тариқи озмун ба нашрияҳои муваффақи давлатию мустақил ихтисос дода шавад. Ба эътиқоди оқои Қаршибоев, ин амр заминаро барои эҷоди рақобати солим миёни расонаҳо ва зуҳури нашрияҳои ҷадиди озод ва мустақил дар Тоҷикистон фароҳам хоҳад кард.
Дар шароити феълӣ, нашрияҳои давлатӣ аз буҷети давлати Тоҷикистон сармоягузорӣ мешаванд ва нашрияҳои мустақил умдатан худкифо ҳастанд ё фаъолияти худро тавассути кумакҳои молии созмонҳои байналмилалӣ, сафоратҳои кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои рӯзноманигорӣ пеш мебаранд.
Зимнан, пешниҳоди қатъи сармоягузории давлат дар нашрияҳои расмии ҳукуматҳои ноҳияҳо, шаҳрҳо, вилоятҳо ва нашрияҳои ба истилоҳ "соҳавӣ" ё ҳамон нашрияҳои вижаи вазорату идороти гуногуни давлатӣ, ки ба бозтоби таҳаввулот дар арсаҳои хоссе мепардозанд, қаблан низ матраҳ шуда буд. Аз ҷумла, Давлаталӣ Давлатзод, намояндаи порлумон ва дабири кулли пешини ҳизби ҳокими халқи демукроти Тоҷикистон, дар иҷлоси порлумон дар моҳи октябри соли ҷорӣ хостори коҳиши ҷиддии сармоягузорӣ дар нашрияҳои давлатӣ шуда буд.
Оқои Давлатзод таъкид кард, ки ин нашрияҳо наметавонанд дар баробари нашрияҳо ва расонаҳои Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ рақобат карда ва ба "иттилоъоти нодуруст ва иғвоангези онҳо" дар мавриди воқеъиятҳои Тоҷикистон посух гӯянд. Ҳамзамон, вай гуфта буд, ки пешниҳоди вай ба нашрияҳои давлатии саросарие чун "Ҷумҳурият", "Садои мардум" ё "Народная газета" рабт намегирад.
Дар ҳамин ҳол, Хуршеди Атовулло, сардабири нашрияи мустақилли "Фараж", ки ба далоили мухталиф чопи он мутаваққиф шудааст, аз пешниҳоди бастани бештари нашрияҳои давлатӣ пуштибонӣ карда ва гуфт, ки ин иқдом бояд дар мавриди нашрияҳои саросарӣ низ сурат бигирад. Ба гуфтаи оқои Атовулло, маъмулан нашрияҳои давлатӣ танҳо бо чопи хабарҳою матолиби расмӣ, ки аз тариқи родию ва телевизиюни давлатӣ пахш мешаванд, иктифо мекунанд ва аз ин лиҳоз, дар ҷомеъа чандон маҳбубияте надоранд.
Аммо Қурбон Мадалиев, муъовини аввали сардабири "Ҷумҳурият", нашрияи расмии давлати Тоҷикистон, пешниҳоди бастани нашрияҳои маҳаллиро ғайри қобили қабул хонд. Оқои Мадалиев гуфт, ки беш аз 70 дар сади ҷамъияти Тоҷикистон дар манотиқи рустоӣ ба сар мебаранд ва сокинони рустоҳо умдатан иттилоъоти заруриро аз нашрияҳои ноҳияӣ дарёфт мекунанд.
Аз ин лиҳоз, ӯ таъкид кард, ки барои фаъолияти мӯътадили ин нашрияҳо на танҳо аз буҷети маҳаллӣ, балки аз буҷети давлати марказӣ низ маболиғи бештаре ихтисос дода шавад. Дар ҳамин ҳол, Қироншоҳ Шарифзода, устоди риштаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, гуфт, ки танҳо нашрияҳои ноҳияӣ, ки мунтазам чоп мешаванд, барои сокинон дар дарёфти иттилоъот муҳим ва муфид хоҳанд буд.
Вале ба гуфтаи вай, дар шароити феълӣ бахши аслии ин нашрияҳо гоҳ-гоҳе мунташир шуда ва умдатан паёми раиси ноҳия ё чанд иттилоъи расмиро чоп мекунанд. Аз лиҳоз, аз баста шудани бештари нашрияҳои ноҳияӣ ба фазои иттилоъотии Тоҷикистон ҳеч халале ворид намешавад. Аз сӯйи дигар, Ато Мирхоҷа, сардабири "Нақлиёт", нашрияи Вазорати нақлиёт ва иртибототи Тоҷикистон, мӯътақид аст, ки дар сурати пуштибонии молӣ нашрияҳои "соҳавӣ ва ноҳиявӣ" метавонанд фаъолияти муассире дошта бошанд.
Оқои Мирхоҷа мегӯяд дар ибтидо нашрияи "Нақлиёт" аз сӯйи вазорат кумаки молӣ мешуд ва ҳоло дар пайи афзоиши теъдоди муштариёни он то ба 4 ҳазор нафар, ин нашрия худкифо шудааст. Дар ҳамин ҳол, Анҷумани расонаҳои мустақилли Тоҷикистон давлат ва порлумони Тоҷикистонро ба ҳамкорӣ дар заминаи ислоҳи вазъи расонаҳои гурӯҳӣ дар кишвар даъват кардааст.
Ба гуфтаи бархе аз рӯзноманигорон, нашрияҳо ва расонаҳои мустақил на танҳо аз фаъолияти давлати Тоҷикистон интиқод мекунанд, балки дар сурати зарурат аз мавзеъгирии давлат дар қиболи масоили минтақа борҳо пуштибонӣ ҳам кардаанд. Дар ин замина онҳо ба матолиби интиқодии нашрияҳои мустақил дар бораи фишорҳои Русия ва Ӯзбакистон дар масоили бунёди нерӯгоҳи "Роғун" ва мутаваққиф шудани вогунҳои Тоҷикистон дар Ӯзбакистон дар як соли ахир ишора мекунанд, ки норизоятии сафоратҳои Русия ва Ӯзбакистонро низ ба дунбол доштааст.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/matbuot/3964-2010-12-23-15-23-06.html