ИНТИҚОД АЗ ТАРҲИ ҶАДИДИ ҚОНУНИ МАТБУОТ
Қонуни ҷадиди “Матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма” дар роҳи озодии баён ва фаъолияти рӯзноманигорон мавонеъ эҷод мекунад. Ин қонун рӯзи панҷшанбеи 23 сентябр, дар ҳамоиши рӯзноманигорон, ҳуқуқдонҳо ва коршиносони дохилию хориҷӣ дар шаҳри Душанбе баррасӣ шудааст. Дар ин ҳамоиш таъкид шуд, ки ин қонун "ислоҳи сатҳии қонуни Матбуоти даврони шӯравӣ аст".
Зафар Абдуллоев, сардабири нашрияи “Факти и Собития” гуфт, тарҳи ҷадиди қонуни Матбуот ба монанди қонуни Матбуоти замони шӯравӣ сабти номи васоити иттилоъоти умум аз ҷониби вазоратҳои адлия ва фарҳангро шарти зарурӣ медонад. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи ӯ дар кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон, аз ҷумла Русия муқаррароти сабти номи нашрияҳо дар ниҳодҳои давлатӣ вуҷуд надорад ва дар сурати оӯози фаъолият, танҳо ниҳодҳои молиётӣ огоҳ карда мешаванд.
Ҳамчунин, рӯзноманигорон аз боқӣ мондани моддаи 7 дар қонуни ҷадид ибрози нигаронӣ карданд. Тибқи ин моддаи қонун, бӯҳтон алайҳи Президенти кишвар ворид кардани латма ба шараф ва эътибори раҳбари давлат маҳсуб дониста шуда ва ҷурм аст. Ба эътиқоди Қироншоҳ Шарифзода, сардабири нашрияи “Ҷомеъа” дар Тоҷикистон қонуни ҷудогона дар бораи “Ҳимояи шараф ва эътибори Президент” вуҷуд дорад ва ба ин хотир зарурати ворид кардани моддае ба ҳамин мазмун дар Қонуни ҷадиди Матбуот вуҷуд надорад.
Тибқи "Қонун дар бораи ҳимояи шараф ва эътибори Президент”, ки 29 июни соли 1991 тасвиб шуда буд, барои тӯҳмату таҳқири раиси ҷумҳурӣ дар расонаҳо аз ду сол корҳои ислоҳӣ то панҷ сол зиндон муҷозот пешбинӣ шудааст. Оқои Шарифзода хостори лағви моддаи ҳафт аз қонуни ҷадид шуда ва гуфт, ки ба истиснои қонуни Матбуоти Белорус ҳамаи кишварҳои шӯравии пешин моддаи ба ин мазмунро аз қонуни Матбуоти худ барчидаанд.
Профессор Петер Шивӣ, коршиноси олмонӣ дар масоили васоити ахбори умум, зимни арзёбии муфоди қонуни ҷадиди “Матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма” гуфт, бархе аз муфоди он ба мавозини байналмилалӣ ва кунвенсиюнҳои озодии баён ва ҳуқуқи башар муғойират доранд. Ба гуфтаи вай дар қонуни ҷадид бояд назорати давлатӣ ба расонаҳо коҳиш ёфта ва роҳ барои фаъолияти озоди нашрияҳои мустақил боз шавад.
Нигина Баҳриева, ҳуқуқдони тоҷик гуфт, ки дар тарҳи қонуни ҷадиди Матбуот ба атбоъи хориҷии муқими Тоҷикистон таъсиси васоити иттилоъоти умум иҷоза дода нашудааст ва ин амр як навъ нақзи ҳуқуқи башар аст. Дар ҳамин ҳол, Олим Салимзода, намояндаи Маҷлиси Намояндагони порлумони Тоҷикистон ва аз муаллифони қонуни “Матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма” гуфт, ки умдатан рӯзноманигорон дар ҳамоишҳо интиқод мекунанд, аммо то ҳол аз онҳо барои ислоҳи қонуни ҷадид пешниҳоди ҷиддие ироа нашудааст.
Ин дар ҳолест, ки дар солҳои 2001, 2005 ва 2008 тарҳҳои қонуни ҷадиди Матбуот аз сӯйи созмонҳои рӯзноманигории Тоҷикистон ва бо пуштибонии ҳуқуқии Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо таҳия шуда, аммо мавриди ҳимояти давлати Тоҷикистон қарор нагирифтаанд. Салимзода гуфт, ки мумкин аст, пешнависи қонуни “Матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма” барои баррасии умумӣ дар нашрияҳо мунташир шавад.
Аммо созмони “Медиа Алянс”-и Тоҷикистон эълом кард, ки қонуни олтернотифи Матбуотро таҳия карда ва барои баррасӣ ба порлумони Тоҷикистон пешниҳод хоҳад кард. Қонуни феълии Матбуот дар моҳи декабри соли 1990 тасвиб шуда ва дар зарфи 20 соли ахир панҷ маротиба ислоҳ шудааст.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/matbuot/3195-2010-09-23-16-13-52.html