04:43:52 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ҚАЗИЯИ ДОДГОҲИИ СЕ НАШРИЯИ МУСТАҚИЛ

Се додраси Додгоҳи олӣ ва додгоҳи шаҳри Душанбе се нашрияи мустақили "Фараж", "Озодагон", "Азия плюс"-ро бо иттиҳоми тӯҳмат ва паст задани обрӯву эътибори инсон ба додгоҳ кашидаанд ва барои ҷуброни маънавӣ аз онҳо 5,5 миллион сомонӣ товон хостаанд. 

Улуғбек Маҳмадшоев, додраси (судяи) Додгоҳи олии Тоҷикистон, зимни таъйиди ин хабар ба радиои Озодӣ гуфт, ки ин нашрияҳо бо чопи изҳороти Солеҳҷон Ҷӯраев, вакили мудофеи парвандаи гурӯҳи мансуб ба Низомхон Ҷӯраев - соҳиби пешинаи корхонаҳои спирт ва кимиёи Исфара, ба додрасҳо навъе тӯҳмат задаанд. Ҷаноби Маҳмадшоев иддао дорад, ки ин нашрияҳо талаботи қонун дар бораи расонаҳои хабарии Тоҷикистонро нақз карда, бидуни назари тарафи дигар изҳороти вакили мудофеъро ба чоп расондаанд. 

Ин дар ҳолест, ки масъулони нашрияҳои "Озодагон", "Фараж" ва  "Азия плюс" мегӯянд, онҳо танҳо изҳороти вакили мудофеъ Солеҳҷон Ҷураевро, ки дар як нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон баён кардааст, рӯи чоп овардаанд. 

Зафари Суфӣ, сардабири нашрияи "Озодагон", дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, ҳатто ин нашрия дар чопи изҳороти Ҷӯраев ба хотири риояи ахлоқи рӯзноманигорӣ аз бурдани номи шахсиятҳо дар ин парванда худдорӣ кардааст. 

Ин дуввумин ҳодисаи шикояти додгоҳӣ аз нашрияҳои мустақили кишвар дар рӯзҳои ахир аст. Дирӯз Вазорати кишоварзии Тоҷикистон дар робита ба як матлаби ҳафтаномаи «Миллат» ба додгоҳи ноҳияи Фирдавсии пойтахт шикоят бурда, пардохти 1 миллион сомонӣ товонро тақозо кард. 

Вазорати кишоварзӣ мақолаеро, ки ахиран дар саҳифаи «Миллат» таҳти унвони «Вазорати кишоварзӣ фасодзадатарин ниҳод» нашр шудааст, беасос номида, ба сурати умум ин матлабро тӯҳмат дар ҳаққи ин вазорат хондааст. 

«Озодӣ»

Адреси доимии маводи мазкур: http://ruzgor.tj/matbuot/1638-2010-01-29-13-54-42.html 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi