07:14:42 20-уми Январи 2020 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Январ 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

МАҲФИЛИ ЁДБУДИ ХАБАРНИГОР ВА НАВИСАНДА

Рӯзи бистуми январ мусодиф бо зодрӯзи Муҳаммадраҳими Сайдар, нависанда ва хабарнигори тоҷик аст. 

Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон ва намояндагии Родиюи Озодӣ дар шаҳри Душанбе ба муносибати 58-ум зодрӯзи Муҳамадраҳими Сайдар ҳамкасби худ, ки дар авоили моҳи ҷорӣ даргуашт, маҳфили ёдбуд баргузор карданд. Муҳаммадраҳими Сайдар 20 январи соли 1952 дар деҳаи Шаҳринави ноҳияи Ғарм таваллуд шуда ва 3 январи моҳи ҷорӣ дар асари бемории қанд дар Маскав чашм аз ҷаҳон баст. Масъулони Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон дар маҳфили ёдбуди Муҳаммадраҳими Сайдар, ки тӯли даҳаи ахири умраш барои бахши тоҷикии родиюи Озодӣ дар Маскав кор кардааст, гуфтанд, ки тасмим аст то 60 умин солгарди таваллуди ин узви иттиҳодия китоберо мунташир кунанд, ки достонҳои Муҳаммадраҳими Сайдар ва хотироти дӯстону ҳамкоронаш дар бораи вайро дар бар бигирад. 

Гулрухсор, шоъир ва нависандаи шинохта, ки дар ин маҳфил буд мегӯяд, ки сабки вижаи нигориши Муҳаммадраҳими Сайдар дар замони шӯравӣ раёсати Иттиҳодияи нависандагонро водор кард, ки бидуни он ки аз вай китобе мунташир шуда бошад ба ӯ узвияти ин иттиҳодияро эъто кунанд. 

Вай гуфт, ки ҳарчанд Муҳммадраҳими Сайдар метавонист осори бештари адабӣ аз худ бар ҷо гузорад, вале вазъи иҷтимоъӣ ва молӣ ӯро маҷбур кард то бо корҳои дигар машғул бошад. Ба ин хотир аз вай чанд достону ҳикоя ва шеъри парешоне беш боқӣ намондааст. 

Ба бовари Гулрухсор, барои таъмини рӯзгор Муҳаммадраҳими Сайдар китобҳое менавишт, ки сипас ба номи нафарҳои дигар ба чоп мерасид. Мунтақидони ададӣ Муҳаммадраҳими Сайдарро дар радифи як зумра нависандгоне ба мисли Баҳманёр ва Муъаззама Аҳмадова мегузоранд, ки сабк ва услуби вижаи нигориш доштанд. 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://ruzgor.tj/matbuot/1583-2010-01-21-18-23-41.html 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi