02:03:43 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

ИТТИЛОЪ ДАР ТОҶИКИСТОН ПУЛАКӢ ШУД

Давлати Тоҷикистон бо тасвиби санаде дастрасии мардум ба иттилоъро пулакӣ кардааст. Дар ин санад омадааст, ки ҳамакнун ҳар як шахси ниёзманд ва ё ширкату муассиса, ки мехоҳад аз ниҳодҳои давлатӣ иттилоъе ба даст оварад, бояд қиммати онро пардохт кунад. 

Қиммати ҳар як саҳфаи иттилоъ бояд аз як дарсади воҳиди тавсияи ҳисоб, яъне 35 сомонӣ, бештар набошад. Ин тасмими давлат дар пайи тасвиби Қонуни Тоҷикистон дар бораи дастрасӣ ба иттиолъ, ки дар авоили соли ҷорӣ аз сӯйи порлумони кишвар қабул шуда буд, иттихоз шудааст. Дар матни қарори Ҳукумати Тоҷикистон омадааст, ки аз ин ба баъд масъулони ниҳодҳои давлатӣ ҳаққ доранд барои ироаи иттилоъ аз шаҳрвандон ва муассисоти дигар пардохти маблағро тақозо кунанд. 

Аз ҷумла, алоқамандон барои ошноӣ бо асноди давлатӣ, нусхабардорӣ, дарёфти посух ба нома ва ҳатто сӯҳбати шифоҳӣ бо масъулони идорот бояд расман маблағ пардохт кунанд. Барои ироаи иттилоъ ҳафт рӯз муқаррар шудааст. 

Дар қарори Ҳукумати Тоҷикистон таъкид шудааст, ки ниҳодҳои давлатӣ вобаста ба аҳамияти иттилоъ метавонанд онро баҳогузорӣ кунанд. Вале, ин амр бояд дар ҳамоҳангӣ бо ниҳоди зиддиинҳисории Тоҷикистон сурат бигирад. Таъкид шудааст, ки табодули иттилоъ миёни ниҳодҳои давлатӣ ройгон сурат мегирад. Вале ниёзмандони дигар бояд маблағи иттилоъро ба ҳисоби бонкии ин муассисаи давлатӣ пардохт кунанд. 

Тасвиби ин санад дар миёни хабарнигорони Тоҷикистон вокунишҳои тундеро бар миён овард. Хуршеди Атовулло, сардабири нашрияи мустақили “Фараж” мегӯяд, ки ин амр дастрасии хабарнигорон ба манобеъи иттилоъотиро маҳдуд месозад. Вай афзуд: “Ниҳодҳои давлатӣ аз ҳисоби андози мардум фаъолият доранд. Ва чӣ гуна мешавад, ки онҳо кори худро боз ба пул ба мардум фурӯшанд?” 

Вале, Маҳмудҷон Сараев, як масъули бахши таҳлилии дафтари раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, мегӯяд, ки хабарнигорон аз роҳандозии чунин амр набояд нигарон бошанд. Зеро, иҷрои ин санад дар фаъолияти онҳо тағйироти ҷиддиеро ба думбол нахоҳад дошт. Ба гуфтаи оқои Сараев, ин санад пардохти баҳои иттиолъеро дар назар дорад, ки бо махориҷи изофӣ дар ихтиёри ниҳодҳои давлатӣ қарор мегиранд. Яъне, агар вазоратхонае ба ниҳоде матолиби таҳлилӣ фармоиш додааст ва ироаи он ба хабарнигорон метавонад пулакӣ бошад. 

Дар ғайри ин сурат, ба гуфтаи Маҳмудҷон Сараев, хабарнигорон барои таъйиди хабаре ё дарёфти иттилоъи расмие набояд ба ниҳодҳои давлатӣ маблағ пардохт кунанд. 

Вале, Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани расонаҳои мустақили Тоҷикистон, ин иддаъои оқои Сараевро такзиб мекунад. Вай афзуд: “Нусхаи ин санад дар дасти ман аст ва дар ҳеҷ банди он дар бораи имтиёзоте барои хабарнигорон ишҳорае ҳам нашудааст. Яъне, хабарнигорон дар канори куллияи ниёзмандон барои дарёфти иттилоъе аз ниҳодҳои расмӣ бояд маблағ пардохт кунанд.” 

Вай афзуд, ки ҳатто Қонун дар бораи дастрасӣ ба иттилоъот имтиёзоте барои хабарнигоронро пешбинӣ накардааст ва ба ин далел дар қарори Ҳукумати Тоҷикистон низ дар ин замина тағйироте ба назар намерасад. 

Оқои Қаршибоев афзуд, ки Анҷумани расонаҳои мустақили Тоҷикистон ҳудуди як соли ахир аз хатари тасвиби чунин санаде изҳори назар мекард, вале талошҳои вай натоиҷе дар пай надоштааст. Ба гуфтаи оқои Қаршибоев, Анҷумани расонаҳои мустақили Тоҷикистон “ҳатто бо аъзои порлумон дар ин замина музокироте анҷом дода буд ва онҳо қавл дода буданд, ки ба ин қонун ислоҳоте ворид месозанд, вале то ҳол иқдоме анҷом надоданд.” 

Бо ин вуҷуд, оқои Қаршибоев гуфт, ки якҷо бо ниҳодҳои дигари хабарнигории Тоҷикистон барои лағви ин муқаррарот талош хоҳад кард. Зеро, ба эътиқоди вай, яке аз мушкилоти аслии хабарнигорони тоҷик маҳз дастарсӣ ба манобеъи иттилоъотӣ аст ва иҷрои қарори ҷадиди ҳукумат ин мушкилро сангинтар хоҳад кард. 

Аз сӯи дигар бархе аз хабарнигорон нигаронанд, ки роҳандозии чунин муқаррарот дар остонаи интихоботи порлумонӣ дар кишвар, пӯшиши мунсифона ва шаффофи раванди интихоботро халалдор мекунад. 

Би-Би-Си 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi