07:33:38 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ХАБАРНИГОРОНРО БА КУМАКИ РОҒУН МЕХОНАНД

Хабаргузории давлатии «Ховар» аз ҳамаи хабарнигорони кишвар даъват кардааст, ки барои сохтмони нерӯгоҳи Роғун кумаки молӣ кунанд.

Хабаргузории миллии ҷумҳурии Тоҷикистон «Ховар», ки марбути ҳукумати кишвар аст аз ирсоли музди кормандони худ барои сохтмони Роғун хабар дода, зимни муроҷиъатномае аз ҳамаи хабарнигорон ва расонаҳои хабарӣ даъват кардааст, ки аз чунин иқдоме пайравӣ кунанд. То кунун овозхонони тоҷик барои кӯмак ба сохтмони нерӯгоҳи Роғун даъват намуда ва дар таблиғияҳои худ мегуфтанд, маблағи ба дастомада аз баргузории консертҳояшонро барои ин сохтмон ирсол хоҳанд кард.

Вале акнун хабаргузории «Ховар» низ бо пуштибонӣ аз ин иқдом дар муроҷиате ба хабарнигорони тоҷик гуфтааст, бахше аз маоши худро барои сохтмони Роғун интиқол кунанд. Аммо вокуниши маҳфилҳои хабарнигорӣ ва рӯзноманигорон ба ин даъват мухталиф аст. Зоҳиран ҳама омода нестанд ба чунин шевае дар сохтмони Роғун саҳм бигиранд.

Хилватшоҳи Маҳмуд, сардабири телевизони СМТ, мегӯяд, омода аст аз ин иқдом пуштибонӣ кунад, ду моҳ маоши худро ба Роғун бигузаронад, ду моҳи дигар бемузд дар он сохтмон кор кунад. Аммо мутмаин аст, ки бо кӯмаки хайрия ва ба ин шева мушкили сармоягузории Роғун ҳал нахоҳад шуд.

Ин дар ҳолест, ки бархе дигарон мегӯянд, чунин интизорие доштан аз журналистон ғайривоқеист. Ба қавли онҳо, расонаҳо ва матбуоти тоҷик бо нашри мақолаву ахбор дар бораи сохтмони Роғун дар сохтмони ин нерӯгоҳи азим кайҳо боз саҳм гирифтаанд ва феълан имконоти молии онҳо заиф аст.

Хуршеди Атовулло, сардабири ҳафтаномаи «Фараж», мегӯяд, маҳз масъалагузории нашрияҳои мустақили сиёсӣ буд, ки аз тасаллути комили Русия ба саҳмияҳои Роғун ҷилавгирӣ ва он моли истисноии миллӣ эълон шуд. Ва ҳамин рисолати хабарнигор ва саҳми ӯст ва бештар аз он интизорӣ доштан хатост.

Нуриддин Қаршиибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон, мегӯяд, наметавон ба чунин даъвате таваҷҷӯҳро ҷалб кард ва ин давъат пуштибонии густарда пайдо намекунад, на танҳо дар миёни журналистон, балки дар миёни ҳамаи мардум. Чун мардум эътимодро ба ваъдаҳо аз даст додаст. Зеро дар гузашта ба манзури сохтмони нерӯгоҳи «Сангтуда» низ чунин кӯмак сурат гирифта буд, саҳмияҳоро мардум харидорӣ кард, аммо ҳанӯз маълум нест, ки он ба ҷайби кӣ рафт.

Дар ҳамин ҳол пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, хеле ҳам ҷолиб ба назар мерасад. Президенти Тоҷикистон ба Вазорати молия дастур додааст, ки баргаи саҳмияҳои Роғунро ба зудӣ нашр ва сар аз соли оянда ба фурӯш барорад.

Ва бо таваҷҷӯҳ ба ин иқдом бархе аз таҳлилгарон даъват барои кӯмакро як амри қабл аз мавқеъ медонад. Ва мегӯянд, бояд механизми ҳуқуқии ба даст овардани саҳмияҳо таъин шавад ва баъди нашри саҳмияҳо дар моҳи январ давъат барои саҳмгузорӣ дар Роғун таблиғ шавад. Он гоҳ ба бовари коршиносон имкон дорад, таваҷҷӯҳро ба харидории саҳмияҳо ва кумаки мардумӣ ба Роғун ҷалб намуд. Вагарна ба сурати табиӣ аз имкони хеле аз афрод хориҷ аст, ки акнун кумаки хайрия ба Роғун бикунанд ва баъди як моҳ саҳмияи онро ҳам бихаранд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi