09:36:02 05-уми Июни 2025 сол

ФЕСТИВАЛИ РАҚС ДАР ДУШАНБЕ АЛАЙҲИ НАШЪАМАНДӢ

Шӯъбаи назорати маводи мухаддир ва тартиботи ҳуқуқии (INL) Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва шарики маҳаллӣ ташкилоти ғайридавлатии “Даст ба Даст“ дар таърихи 8 апрели соли 2012 фестивали рақсро дар театри ба номи Маяковскии шаҳри Душанбе баргузор намуданд.

/images/stories/2012/04/09_dance-9412.jpgДар се моҳи охир ташкилоти ғайридавлатии “Даст ба Даст“ хореографҳоро дар омода намудани рақсҳо, ки муборизаи бомуваффақият алайҳи нашъамадиро инъикос мекунанд, ҷалб намудаст. Ҳар як мактаб рақсҳои гуногунро, ки хатари нашъа ва хушиҳои зиндагиро бидуни нашъа таҷассум намудаанд, пешниҳод намуд. Ин лоҳия боз шаш клуби рақсро дар Душанбе таъсис дод.

Мақсади фестивал – баланд бардоштани сатҳи маълумотнокӣ доир ба хатарҳои нашъа ва пешниҳод намудани фаъолияти алтернативӣ барои хонандагон ҷиҳати пеш бурдани ҳаёти солим мебошад. 120 нафар хонандаи шаш мактаби Душанбе аз синни 12 то 17 сола  дар фестивали мазкур иштирок намуданд.

Баъди хатми фестивал ташкилоти ғайридавлатии “Даст ба Даст” таҷҳизоти заруриро ба клубҳои рақс тӯҳфа кард. Мақолаҳо дар мавзӯи фаъолияти лоҳия ва проблемаи нашъа дар Тоҷикистон ба чоп расида, панҷ барнома тариқи радиои Ватан бо мақсади баланд бардоштани маълумот оид ба сӯйистеъмолкунии нашъа ва ташвиқ намудани фестивал, пахш гардиданд.

Мактаббачагони зиёд ҳамроҳи волидонашон ба тамошои фестивали мазкур омаданд. Дар маъракаи мазкур Муовини сафири Сафорати ИМА Сара Пенхьюн  ширкат варзид. Ӯ намоиши кӯдаконро баланд қадрдонӣ намуда, аз волидон даъват ба амал овард, то масъалаҳои мушкилро ба монанди истеъмоли нашъа бо фарзандонашон муҳокима намоянд.

Фестивали рақс қисми барномаи INL доир ба коҳиш додани талабот ба маводи нашъа дар  солҳои 2011-2012 мебошад. Таҳти барномаи мазкур зиёда аз 300,000 доллари амрикоиро ҳамчун грант ба ташкилотҳои ғайридавлатии маҳаллӣ ва байналмиллалӣ, ки чаҳор вилояти Тоҷикистонро дарбар мегирад, ҷудо намудааст.

Аз соли 1992 то инҷониб Сафорати ИМА тақрибан 984 миллион долларро ба барномаҳое, ки фаъолияти институтҳои демократӣ, соҳаҳои тиб ва маориф, рушди иқтисод, бехатарии сарҳад, волоияти қонун ва мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухадирро дар Тоҷикистон дастгирӣ менамоянд, ҷудо намудааст.

«Рӯзгор»

Шарҳҳо   

 
+2 #1 Guest 10.04.2012 10:21
салом лутфан ҳазфаш накунед
густариши рақс чи иртиботи ба коҳиши нашъманди дордад? ё ҳадафи дигареро дунбол мекунанд?
барои коҳиши нашъаманди бояд дуболи иллатҳои он масалан бекори, пахши он дар чомеъа, ва дигар авомил ва аз байн бурдани онҳо буд на як чизи берабт
ин созмонҳои хоричи дар қолаби хидмат ба башар хиёат ба онро кори худ медонанд
омрико агар хидматаш ба башар мухлисона аст хиёнатро дар чаҳон кам бикунад
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854