Роналду дар муборизаи муштзании Ҷейк Пол ва Томми Фюрӣ ширкат мекунад
Ба гузориши “talksport” бо истинод ба рӯзноманигор Пер Морган, Криштиан Роналду, бозигари тими “Ан-Наср”-и Арабистони Саудӣ дар бозии муштзании Ҷейк Пол ва Томми Фюрӣ ширкат хоҳад кард.
Муборизаи блогнависи мағлубнашуда бо бародари Тайсон Фюрӣ, вазнбардори маъруфи бритониёӣ, рӯзи 26 феврал дар Арабистони Саудӣ баргузор мегардад.
"Криштиан Роналду ба ман гуфт, ки дар бозии рӯзи якшанбе ширкат хоҳад кард. Вай умедвор аст, ки як муборизаи олӣ хоҳад буд -, аз ҷумла мо низ чунин мешуморем," - гуфт Морган.