21:34:12 22-уми Ноябри 2019 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Ноябр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30  

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

Баргузории мусобиқоти Унифайт дар шаҳри Душанбе

Дирӯз, 23 – уми июн дар маҷтамаи варзишии «Якачинор»-и шаҳри Душанбе, бахшида ба рӯзи байналмилалии Олимпӣ, ки ҳамасола дар ҳамин рӯз таҷлил мешавад, мусобиқаи кушоди шаҳри Душанбе дар риштаи муҳорибаҳои ғайрикасбии UNIFIGHT («Унифайт») баргузор гардид. Дар он ҷавонону наврасон аз шаҳри Душанбе, ноҳияҳои гирду атроф, ноҳияҳои Шаҳринаву Ҳисор, вилоятҳои Суғду Хатлон иштирок намуданд.

1-umar 568965565Дар расми ифтитоҳи мусобиқа, муовини Сардори раёсати рушди тарбияи ҷисмонӣ, варзиш ва инкишофи варзиши Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мамадализода Абдулло, Сардори раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Мирзозода Иброҳим, мутахассиси пешбари бахши варзиши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Маҳмадуллоев Кароматулло, Директори маҷтамаи варзиши «Якачинор» Набоев Ҳалим, Раиси федератсияи Унифайти ғайрикасбии Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳриддин Сироҷов, Сардовари федератсияи Унифайт Шарипов Фирдавс, раиси федератсияи Унифайт дар шаҳру ноҳияҳои тобеъи марказ Курбоналиев Маҳмудҷон, сармурабии дастаи ноҳияи Евон Насров Нуриддин, довар Ҳусейнов Манучеҳр, устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидов Абдураҳмон, номзад ба устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаров Ҷовид, муррабӣ аз дастаи ноҳияи Мастчоҳ Бобоев Масрур, Устодони варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон Сангинов Суҳроб, Азиззода Маҳмадҷон, Урозов Афзалшо иштирок доштанд.

2-umar 568965565Сардори раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Мирзозода Иброҳим аз номи роҳбарияти кор бо ҷавонон ва варзиши ҶТ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе иштирокдорони мусобиқаро ба рӯзи байналмилалии олимпӣ табрик гуфт. Вай аз ҷумла гуфт, ки дар пойтахти кишвар пайваста доир шудани ин гуна мусобиқоти варзишӣ далели ҳусни таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ ва Ҳукумати мамлакат аст.   

Муовини сардори раёсати рушди тарбияи ҷисмонӣ, варзиш ва инкишофи варзиши Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мамадализода Абдулло иброз дошт, ки тарғиби тарзи ҳаёти солим дар саросари кишвар яке аз самтҳои асосии фаъолияти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ба ҳисоб меравад. Далели ин гуфтаҳо баргузор гардидани чунин мусобиқот мебошад.  

3-umar 568965565Дар оғози мусобиқот зумрае аз меҳмонон барои саҳм ашон дар тарбияи варзишии наврасон ва рушди варзиш миёни ҷавонон бо диплому шаҳодатномаҳо ва унвони номзад ба устоди варзиши Тоҷикистон сарафроз гардонида шуданд. 

Баьди садо додани суруди миллӣ ва боло кардани парчами миллӣ мусобиқот оғоз гардид.

Дар хотима наврасону ҷавононе, ки се ҷойи аввалро соҳиб гардиданд, бо медал ва дипломҳо қадрдонӣ шуданд.

 

«Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi