11:15:44 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Июн 2011 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
21 22 23 24 25 26
27 28 29 30      

КУМИТАИ САРМОЯГУЗОРӢ: СОХТОРИ ТАЛКО НАВСОЗӢ МЕШАВАД

Ҳукумати Тоҷикистон таҷдиди сохтори корхонаи алюминиюми тоҷик, ТАЛКО - ро ба нақша гирифтааст.

/images/stories/2013/01/28_talko-28012013.jpgДавлаталӣ Саидов, раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон, рӯзи 28 –уми январ, зимни нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе изҳор дошт, ки «имсол лоиҳаи таҷдиди сохтори ширкати алюминиюми тоҷик, ТАЛКО таҳия шуд ва дар мувофиқа бо вазорату идораҳо ба ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.»

Саидов тавзеҳ дод, ки дар доираи ин тарҳ зерсохторҳои дуюмдараҷаю ғайриистеҳсолии ТАЛКО лағв мешаванд ва дар заминаи онҳо корхонаҳои алоҳида бунёд мегарданд. Раиси Кумитаи сармоягузорӣ мақсад аз ин иқдомро беҳтар кардани вазъи молии ТАЛКО гуфт. Ӯ дар мавриди дурнамои хусусӣ шудани ин корхона илова намуд, ки то ҳол ҳукумат дар ин бора қароре содир накардааст.

ТАЛКО – калонтарин корхонаи саноатӣ дар Тоҷикистон буда, алюминиюми аввалияро тавлид ва содир мекунад.

Давлаталӣ Саидов,  зимни нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе инчунин изҳор дошт, ки сармоягузориҳои Эрон ба Тоҷикистон коҳиш ёфтаанд. Дар ҳоле, ки солҳои пеш Эрон ба сегонаи бузургтарин сармоягузорҳои Тоҷикистон ворид мешуд, соли гузашта ба зинаи 5 –ум фаромадааст.

Давлаталӣ Саидов, дар қатори бузургтарин сармоягузорони Тоҷикистон дар соли 2012 -  Чин - 84.2 миллион доллар, Русия – 76.8 миллион, Озарбойҷон – 58.3 миллион, Амрико – 44 миллион ва Эронро ном бурд, ки ба Тоҷикистон 26.1 миллион доллар сармоягузорӣ кардааст.

Саидов сабаби коҳиши сармоягузории Эрон ба Тоҷикистонро аз як тараф анҷоми сохтмони иншоот, аз ҷумла Сангтӯда – 2 ва аз тарафи дигар таҳримҳои кишварҳои Ғарб алайҳи ин кишвар ном бурд.

Ин дар ҳолест, ки қаблан Шариф Раҳимзода, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон аз паёмадҳои манфии таҳримҳо алайҳи Эрон барои сармоягузориҳо дар Тоҷикистон, ҳушдор дода буд.

Айни ҳол миёни Тоҷикистон ва Эрон ёддоштҳои тафоҳум оиди бунёди нерӯгоҳи Айнӣ дар шимоли Тоҷикистон, калонтарин корхонаи тавлиди семент дар ҷануб ва шаҳраки саноатӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ имзо шудаанд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi