02:32:25 24-уми Октябри 2020 сол
"РӮЗГОР" - "RUZGOR"
1,477 аъзо
Ҳамроҳ шудан ба гурӯҳ
Ба гуруҳи мо "РӮЗГОР" ва "Ruzgor CINEMA" дар фейсбук обуна шавед! Бо мо будан боз ҳам дурахшон сохтани рӯзгори хеш мебошад. Мо бо маводҳои...
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019

Тақвим

<< < Феврал 2013 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 24
25 26 27 28      

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

РУСИЯ НАМЕХОҲАД НАФТАШРО ТОҶИКИСТОН БА КИШВАРИ СЕЮМ СОДИР КУНАД, ЧАРО?

Масъулини Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон мегӯянд, дар хусуси лоиҳаи Созишнома оид ба ворид намудани маҳсулоти нафтӣ аз Федератсияи Русия ба Тоҷикистон ҷонибҳо ба ду банди созишнома ба мувофиқа нарасиданд ва ҳанӯз баҳс сари ин масъала идома дорад.

/images/stories/2012/11/25_benzin25112012.jpgАз Вазорати энергетика ва саноат ба сомонаи «Рӯзгор» иттилоъ доданд, ки баъди вохўрие, ки бо намояндагони Вазорати энегетикаи Русия доштанд, бо назардошти таклифу пешниҳодҳои тарафҳо, созишнома муккамал карда шуд ва феълан ҷонибҳо оид ба ду банди созишнома ба мувофиқа нарасиданд, ки айни замон барои ҳалли онҳо гуфтушунид рафта истодааст.

Масъулини ин вазорат иброз намуданд, ки мақсади ин созишнома муайян намудани шартҳои ҳамкории тарафҳо оид ба ворид намудани маҳсулоти нафтӣ аз Русия ба Тоҷикистон буда, мақоми ваколатдори ҳамоҳангӣ (дикоординасия) , фаъолияти назорати иҷрои созишнома ва ҳалли баҳсҳо, мўҳлати дар амал тадбиқ намудани онро муайян менамояд: Лоиҳаи созишнома дар якҷоягӣ бо намояндагони вазоратҳои адлия, молия, корҳои хориҷӣ, рушди иқтисод ва савдо, энергетика ва саноат, Хадамоти гумрук, омода карда шудааст».

Ба қавли намояндагони вазорати мазкур, баҳси тарафҳо оиди масъалаҳои зерин, аз ҷумла  мўҳлати эътибор пайдо кардани созишнома, манъ намудани реэкспорти (такрорсодиркунӣ) маҳсулоти нафтӣ ба давлатҳои аъзои Иттиҳоди гумрукӣ, ки манбаи пайдоишашон Федератсияи Русияя мебошад, додани масуният ва имтиёзҳо ба субъектҳои хоҷагидории Русия дар қаламрави Тоҷикистон қарор доранд.

Тибқи моддаи шаши лоиҳаи созишнома оид ба ворид намудани маҳсулоти нафтӣ, маҳсулоти нафтии аз Федератсияи Русия, ки бояд ба Тоҷикистон интиқол ёбад, дар ҳаҷми як миллион тонна муайяншудааст, ки ба давлати сеюм реэкспорт карда намешавад.

Ҳарчанд масъулини Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон мегӯянд, тавозуни нишондиҳанда (индикативӣ) дар ҳаҷми як миллион тонна маҳсулоти нафтӣ барои соли 2013 бо Вазорати энергетикаи Федератсияи Русия ҳамоҳанг карда шудааст, вале бархе аз коршиносон иброз медоранд, ки эҳтимол аст ҷониби Русия бо чунин нишондодҳои Тоҷикистон дар хусуси ҳамоҳанг намудани ҳаҷми маҳсулоти нафтӣ розӣ нашудааст.

Баҳор Қамар, коршиноси масоили иқтисодӣ аз зумраи онҳоест, ки дар сӯҳбат ба «Рӯзгор» яке аз сабабҳои ба таъхир гузоштани амалишавии ин созишномаро ба масъалаи муайян намудани меъёри талаботи дохилии кишвар ба сӯзишворие, ки бояд аз Русия вориди Тоҷикистон гардад, унвон намуд:

« Яъне агар чунин меъёр муайян нашавад, дар сурати имтиёзнок ворид кардани сӯзишворӣ нархи он пасттар намешавад ва имконияти содир кардани он ба соҳибкорон пайдо мешавад, соҳибкорон бошанд метавонанд онро барои тиҷорат, барои ба даст овардани фоида ба дигар кишварҳо содир намоянд.

Русия мехоҳад ин навъи маҳсулотро дар ҳаҷме ба Тоҷикистон ворид намояд, ки танҳо талаботи дохилии Тоҷикистонро қонеъ созад, на барои хориҷа. Ман фикр мекунам ин як масъалаест, ки  қаблан ҳам Русия ба он таваҷҷӯҳ карда буд, ки гуё, ҳангоми ба Тоҷикистон ба тарзи имтиёзнок ворид гардидани сӯзишворӣ, ҳамзамон имконияти ба кишвари дигар содир кардани он пайдо мешавад».

Ин ҳамсӯҳбатамон мегӯяд, айни ҳол баҳси ҷонибҳо маҳз сари ҳамин масъала, яъне аз Тоҷикистон ба кишвари сеюм содир накардани маҳсулоти воридоти Русия буда, ҷониби Русия мехоҳад он ҳаҷми сӯзишворие, ки  ворид мекунад, танҳо барои қонеъ гардонидани талаботи мардум истифода шавад, на барои тиҷорат ба кишвари дигар.

Дар ҳамин ҳол коршиносони Вазорати энергетика ва саноат қайд намуданд, ки ширкат ва корхонаҳое, ки ба воридоти маҳсулоти нафтӣ машғул ҳастанд, бо ба имзо расидани Созишнома оид ба воридоти маҳсулоти нафтӣ аз Русия ба Тоҷикистон метавонанд фаъолияташонро давом диҳанд: «Бозорро рақобати солим муайян менамояд».

Ба қавли намояндагони ин вазорат,талаботи аҳолӣ ба маҳсулоти нафтӣ барои соли 2013 тибқи пешниҳоди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, вазорату идораҳо ва корхонаҳо 1 миллиону 605 ҳазор тонна мебошад, ки як миллионаш аз Русия, боқимонда аз дигар давлатҳо ворид карда мешавад.

Гуфта мешавад, аз кадом давлат зиёд ворид шудани маҳсулоти нафтӣ, аз нарх ва сифати маҳсулоти воридшаванда вобаста буда, нархи маҳсулоти нафтӣ аз бозори ҷаҳонӣ ва давлатҳои истеҳсолкунанда ва ҳамчунин аз роҳкиро вобастагӣ дорад.

Бояд зикр намуд, лоиҳаи созишнома роҷеъ воридоти маҳсулоти нафтӣ аз Федератсияи Русия ба Тоҷикистон дар аввалҳои моҳи октябри ҳамин сол зимни сафари ахири раисҷумҳури Русия ба Тоҷикистон ба имзо расида буд, вале ҳанӯз маълум нест, ки ин санад кай амалӣ мешавад.

Темур Раҷабализода, «Рӯзгор»


Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi