06:33:44 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Феврал 2010 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 20 21
22 23 24 25 26 27 28

РУСИЯ БОҶИ СОДИРОТӢ БАРОИ БЕНЗИНРО БОЛО МЕБАРАД

Бино ба иттилои расмӣ, Русия сар аз якуми апрел боҷи гумрукӣ барои содироти маводи сӯхтро афзоиш хоҳад дод. Агар дар ҳоли ҳозир барои воридоти як тонна бензини русӣ 370 доллар боҷи гумрукӣ пардохт мешавад, сар аз моҳи оянда ин рақам ба 414,6 доллар хоҳад расид. То кунун мақомоти Тоҷикистон дар ин бора ҳарфе нагуфтаанд.

/images/stories/2012/03/26_benzin_26312.jpgВале рӯшан аст, ки афзоиши боҷи гумрукӣ ба болоравии нархи бензин дар Тоҷикистон ҳам бетаъсир нахоҳад монд. Дар ҳоле ки ҳудуди 90 дарсади маводи сӯхтро Тоҷикистон аз Русия ворид мекунад. Маскав дар ду соли ахир боҷи гумрукӣ барои содироти маводи сӯхт аз ин кишварро пайваста боло мебарад, ки ба афзоиши нархи бензин дар Тоҷикистон ҳам сабаб шудааст. Ин аст, ки аксари ронандагон дар худравҳои худ баллонҳои газ насб карда, бештар аз гази моеъ, ки дар муқоиса ба бензин арзонтар аст, истифода мекунанд.

Бештари коршиносон яке аз роҳҳои ҳалли ин масъаларо аз миён бурдани монополияи ширкатҳои русӣ дар бозори нафтии Тоҷикистон медонанд. Роҳи дигари ҳалли масъала, ба гуфтаи онҳо, ворид шудани Тоҷикистон ба Иттиҳодияи Гумрукист.

Иттиҳодияи иборат аз Русия, Беларус ва Қазоқистон. Аммо Русия, ба қавли таҳлилгарони тоҷик, ҳоло моил ба узвияти Тоҷикистон дар ин иттиҳодия нест. Ба иллати он ки Тоҷикистон ҳанӯз ба Иттиҳодияи Гумрукӣ ворид нашудааст, аз имтиёзҳои Кремл бенасиб мебошад. Вале дар қиёс ба Тоҷикистон, давлати Қирғизистон ҳам, ки узви ин Иттиҳодия нест, аз бархе имтиёзҳои Русия дар ин замина баҳравар аст.

Тоҷикистон феълан роҳҳои алтернативии таъмини бозори маводи сӯхташро низ ҷустуҷӯ дошта, дар ин роҳ бештар ба Туркманистону Эрон меандешад. Ахиран сафири Тоҷикистон дар Теҳрон низ хостори бунёди лӯлаи интиқоли нафт аз Эрон то кишварҳои Осиёи Марказӣ шудааст. Вай гуфтааст, Тоҷикистон нафтро асосан аз Русия ворид мекунад, аммо барои харидории нафт аз Эрон низ омода аст.

Вале зоҳиран Душанбе дар ин талошҳо барои коҳиши вобастагиаш аз воридоти маводи нафтии Русия ба муваффақияти чандоне даст наёфтааст. Тоҷикистон ҳамсола барои таъмини эҳтиёҷоташ то ним миллион тонна маводи сӯхт ворид мекунад.
«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi