01:00:08 26-уми Сентябри 2020 сол
"РӮЗГОР" - "RUZGOR"
1,477 аъзо
Ҳамроҳ шудан ба гурӯҳ
Ба гуруҳи мо "РӮЗГОР" ва "Ruzgor CINEMA" дар фейсбук обуна шавед! Бо мо будан боз ҳам дурахшон сохтани рӯзгори хеш мебошад. Мо бо маводҳои...
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019

Тақвим

<< < Сентябр 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30        

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

“ГАЗПРОМ” АЗ ДАВЛАТИ ТОҶИКИСТОН ХОСТОРИ ТАХФИФИ МОЛИЁТӢ ШУД

Ширкати “Газпром”, ки дар Тоҷикистон умури иктишофи маъодини гозро анҷом медиҳад, аз давлати ин кишвар хостааст, ки барояш имтиёзоти молиётӣ ихтисос диҳад. Ба навбаи худ, давлати Тоҷикистон хостааст, ки ин ширкат барои оғози истихроҷи ҳарчи зудтари гоз дар ин кишвар тадобире анҷом диҳад.

gazpromИн дар ҳолест, ки эҳтимол дорад Узбакистон дар сурати афзоиши содироти гоз ба Чин ва Русия аз фурӯши ин маводди сӯхтӣ ба Тоҷикистон худдорӣ кунад. Вебгоҳи расмии “Газпром” хабар медиҳад, ки дар дидори Оқил Оқилов, нахуствазириТоҷикистон, ба масъулони ин ширкат дар шаҳри Душанбе, ки рӯзи сешанбеи 7 феврал доир шуд, ин ширкати русӣ хостори тахфифи молиётӣ шудааст.

Масъулони ин ширкат гуфтаанд, ки умури иктишофӣ дар маъодини гози Тоҷикистон ҳазинаи гарон дорад ва ба ин далел ихтисоси чунин имтиёз ба тавсеъаи умури иктишофӣ мусоъидат хоҳад кард. Далели дигари чунин пешниҳод эҳтимоли ёфт нашудани гоз дар ин маъодин унвон шудааст. Зеро дар ин сурат “Газпром” сармояи зиёдеро сарф карда, вале суде аз кори худ нахоҳад бурд.

Ба ин далел, низ масъулони ширкати “Газпром” ба нахуствазири Тоҷикистон гуфтаанд, ки аз идомаи умури иктишофӣ дар конҳои Ренган ва Саргазон худдорӣ мекунанд. Ба эътиқоди коршиносон, ҳарчанд эҳтимоли пайдо кардани гоз дар ин ду маъдан вуҷуд дорад, вале баъд аз анҷоми умури иктишофии муқаддамотӣ “Газпром” тасмим гирифтааст аз идомаи кор дар ин ду минтақа худдорӣ кунад.

Ба иттилоъи масъулони дафтари нахуствазири Тоҷикистон, “Газпром” умури иктишофӣ дар маъодини “Шаҳринав” ва “Сариқамиш”-ро идома медиҳад ва масъулони ин ширкат дар дидор бо Оқил Оқилов хабар додаанд, ки кофтани чоҳи гозкашӣ дар кони “Шахринав” то поёни соли ҷорӣ анҷом хоҳад шуд.

Аз сӯйи дигар, “Газпром” аз давлати Тоҷикистон хостааст, ки барояш иҷозаи мутолеъа дар маъодини дигари гози ин кишварро бидиҳад. Ҳарчанд дар ин замина дақиқан аз ҳеч маъдане ном бурда нашудааст.

“Газпром” хабар додааст, ки базудӣ умури иктишофӣ ва ҳафри чоҳ дар кони “Шоҳамбарии ғарбӣ” ва “Сариқамиш”-ро оғоз хоҳад кард. Гуфта шудааст, ки захоири эҳтимолии гоз дар маъодини “Сариқамиш” 20 милёрд метри мукаъъаб гоз ва 17 милюн тун нафт аст.

Зимнан, давлати Тоҷикистон ба оғози итстихроҷи гоз дар маъодини ин кишвар зиёд алоқаманд аст. Ин эҳтимол вуҷуд дорад, ки Ӯзбакистон дар пайи оғози содироти гоз ба Чин, аз фурӯши ин мавод ба Тоҷикистон худдорӣ кунад.

Дар авоили соли ҷорӣ Узбакистон бидуни огоҳӣ интиқоли гоз ба Тоҷикистонро қатъ кард ва ин амр мӯҷиби нигаронии Душанбе шуд. Зеро дар сурати набуди гоз фаъъолияти ширкати “Талко”, бузургтарин корхонаи санъатии Тоҷикистон, бо мушкил рубарӯ мешавад.

Ҳарчанд, баъд аз як рӯз Узбакистон интиқоли гоз ба Тоҷикитсонро дубора аз сар гирифт, вале эълом дошт, ки аз ин ба баъд ба ин кишвар танҳо он миқдоре аз гозро содир хоҳад кард, ки баъд аз фурӯши ин маводди сӯхтӣ ба Чин ва Русия боқӣ мемонад.

Ин дар ҳолест, ки мизони истихроҷи гоз дар Тоҷикистон андак аст ва ин миқдор танҳо барои бароварда сохтани ниёзҳои чанд маҳаллаи шаҳрҳои Кӯлобу Қурғонтеппа кофӣ мебошад. Интиқоли гоз ба манозили бештари сокинони кишвар аз чанд сол пеш ба ин сӯ мутаваққиф шудааст.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi