23:34:16 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Июл 2010 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30 31  

Профессор Умаров: Иқтисоди Тоҷикистон дучори бӯҳрони хеле сахт шудааст

Кунд шудани суръати рушди иқтисоди Тоҷикистон дар нимаи аввали солро иқтисоддонҳо аз аломатҳои ба бӯҳрон печидани иқтисоди ин кишвари пасошӯравӣ мешуморанд.

hojimuhammad-umarov 459856Суръати рушди иқтисоди Тоҷикистон имсол рӯ ба кундӣ овардааст. Бино ба омори расмии Оҷонсии омори Тоҷикистон, маҷмӯи маҳсулоти дохилии ин кишвар дар 6 моҳи аввали соли 2015 ҳудудан 19 миллиарду 158 миллион сомониро ташкил дод, ки бо қурби расмии Бонки миллӣ баробари чизе бештар аз 3 миллиард доллар аст. Суръати рушди иқтисоди кишвар дар нимаи аввали сол 6,4 дарсад шудааст, ки назар ба 6,7 дарсад рушди нимаи аввали соли гузашта 0,3 дарсад камтар аст.

Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон дар моҳҳои январ-июни соли 2014 ҳудудан 17 миллиарду 879 миллион сомониро ташкил дода буд. Ин назар ба ҳаҷми ин нишондиҳанда дар соли ҷорӣ тақрибан 1,2 миллиард сомонӣ камтар аст, вале ба ҳисоби доллар - баракс. Зеро қурби расмии як доллари Амрико дар моҳи июли соли 2014 ҳамагӣ 4 сомониву 83 дирам буд ва имрӯз - алакай 6 сомонию 26 дирам.

Ба ин тартиб, он зери 18 миллиард сомонӣ маҷмӯи маҳсулоти дохилии нимаи аввали соли 2014 ба ҳисоби доллар қариб 3,7 миллиард мешуд, вале 19 миллиард маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон дар нимаи аввали соли равон – ҳамагӣ 3 миллиард. Яъне  қариб 20 дарсад камтар аз як соли пеш.

Имсол 17,6 дарсади маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон аз ҳисоби савдову хидматрасониҳои дигар, 14,4 дарсад аз ҳисоби андозу боҷу хироҷҳои гумрукӣ, 13,8 дарсад аз ҳисоби саноату энергетика, 12,9 фоизаш аз ҳисоби риштаи мухобирот ба даст омадаааст. Саҳми риштаҳои кишоварзиву хоҷагии ҷангал ва моҳипарварӣ дар таркиби ин нишондиҳандаи асосии иқтисоди Тоҷикистон имсол 12,7 дарсад ва ҳиссаи сохтмон 12,6 фоиз будааст. Тибқи дурнамо, маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон бояд дар соли ҷорӣ ба 47 миллиард сомонӣ ва суръати рушди иқтисод ба 7,6 дарсад бирасад. Аммо натиҷаҳои нимсолаи аввал иҷрои ин дурнаморо мушкилтар мекунад.

Иқтисоддонҳо кунд шудани суръати рушди иқтисоди Тоҷикистонро пеш аз ҳама ба таъсири пасрафти иқтисоди Русия бастагӣ медиҳанд. Иқтисоддони маъруфи тоҷик профессор Ҳоҷимуҳаммад Умаров рӯзи 16 июл дар як сӯҳбати ихтисосӣ бо мо гуфт, ки ӯ вазъи кунуни иқтисоди Тоҷикистонро бӯҳронӣ мешуморад.

-То куҷо омори расмии нашршуда воқеъияти имрӯзаи иқтисоди Тоҷикистонро мунъакис мекунанд?

-Ман, рости гап, шубҳа дорам ба ин рақамҳо. Як нишондиҳандаи дигари муҳим аст бо номи индекси андӯхтҳои умумӣ. Агар маҷмӯи маҳсулоти дохилиро бо ин индекс муқоиса кунем, воқеияти ҳол маълум мешавад. Агар индекс ҳам боло рафта бошад, пас афзоиш ҳаст, агар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ боло рафта бошаду индекс не, пас дурӯғ аст.

-Дар омори расмӣ ба ҳар сурат, эътироф кардаанд, ки суръати рушди иқтисод имсол рӯ ба кундӣ овардааст. Таҳлилҳои Шумо чиро нишон медиҳанд? Иқтисоди Тоҷикистон имрӯз дар чӣ вазъе қарор дорад?

қтисоди Тоҷикистон имсол дар вазъи бӯҳронӣ аст. Бӯҳрони хеле сахт.

-Аз кадом ҷиҳат?

-Саноат дигар тараққӣ накарда истодааст, вазъи риштаи кишоварзӣҳам чандон хуб нест. Риштаи кишоварзӣ дар нимаи аввали сол рақами дурусте ҳам дода наметавонад, чунки вазъи ин ришта баъди он маълум мешавад, ки ҳосилашонро биғундоранду коркард кунанд ва бифурӯшанд. Яъне омори солонааш дурусттар аст. Бар асоси омори нимаи аввали сол дар бораи вазъи хоҷагии кишоварзӣ ягон натиҷагирӣ кардан имкон надорад.

-Омили асосии, ба таъбири Шумо, бӯҳронӣ шудани вазъи иқтисоди Тоҷикистон кадом аст?

-Вазъи иқтисоди Тоҷикистон чандон хуб нест ба сабаби онки таҳримоти зидди Русия эълонкардаи Ғарб иқтисоди Русияро ба бӯҳрон афканд ва азбаски мо аз Русия аз ҷиҳати иқтисодӣ вобастагии зиёд дорем, дар мо ҳам аломатҳои бӯҳрон, ҳатто бештар аз Русия, ба назар мерасанд. Бахусус вазъи буҷаи давлатӣ хароб аст, зеро тавре медонем, манбаъҳои пур кардани буҷа дар нимаи аввали сол натавонистанд нақшаҳояшонро иҷро кунанд. Аз ҷумла Хадамоти гумрук, ба эътирофи худи ин идора, дар моҳҳои январ – июн ба буҷа аз ҳисоби боҷу хироҷи гумрукӣҳамагӣ 1,6 миллиард сомонӣ супурдааст, ки назар ба як соли пеш 377 миллион камтар аст. Як сол пеш танҳо аз ҳисоби гумрук ба буҷа 2 миллиард омада буд.

-Вале роҳи халосӣ аз ҳамин ҳолати бӯҳронӣчӣ аст, ба назари Шумо?

-Пеш аз ҳама, анҷоми як ислоҳоти ҷиддӣ ва фарогир. Ва ҳатман ислоҳоти сохторӣ. Боло бурдани нақши давлат дар идораи умури иқтисод. Ва даст кашидан аз идеологияи неолибералие, ки давлат имрӯз дар бахши иқтисод пеш бурда истодааст. Агар ин корҳоро амалӣ гардонанд, вазъ беҳтар ва таъсири бӯҳрони Русия ба иқтисоди мо камтар мешавад.

-Тибқи дурнамо, то поёни сол маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон бояд 47 миллиард сомонӣ шавад. Ва ҳоло ки дар 6 моҳи аввал ҳамагӣ 19 миллиард ба даст омадааст, то куҷо имкон дорад, ки ин марра дар 6 моҳи дигар фатҳ шавад?

-Ба фикри ман, не, наметавонад.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi