16:13:27 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Июн 2010 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30        

Мушкилот бо чиниҳо афзоиш дорад?!

Умед Сиддиқшоҳ, махсус барои "Рӯзгор"

Издивоҷ бо духтарони тоҷик

Мушоҳидаҳо нишон дода истодааст, ки дар ҳудуди кишвари Тоҷикистон ҳамасола зиёд шудани мардуми Чин ба назар мерасад. Мардуми кории чинӣ ба Тоҷикистон қасди омадан доранд, вале рафтан не, чаро? Сабабҳо ҳам зиёданд. Яке агар фазои ором дигаре озодӣ, имконот ... ва расидан ба тариқи осонӣ бо хонумҳои тоҷикӣ будааст. Ба гуфтаи коршиносон, аз фаъолияти чиниҳо дар Тоҷикистон мо ҳам фоида мебинему ҳам зарар. Яке аз он нуқсонҳое, ки муҳоҷирони чинӣ дар Тоҷикистон ба амал овардаанд, ин издивоҷи муваққатӣ бо хонумҳои тоҷик мебошад.

1 arusi-bo-khitoi 2013Дар ин бора Маърифат Ҳасанова, як масъули шӯъбаи сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандии Қӯрғонтеппа, ба расонаҳо гуфтааст, бисёре аз чиниҳо танҳо ба хотири манзили зист ва рӯзгори таъмин доштан бо занони тоҷикистонӣ ҳамзистӣ кардаанд. Вай аз як ҷавонзани 17-солае мисол меорад, ки ҳамзистии кӯтоҳмуддате бо як соҳибкори чинӣ дошта, аммо ҳамакнун бо ду тифли худ дар чорсӯи зиндагӣ саргардон мондааст:

"Мутаассифона, ҳолатҳои зиёде ҳастанд, ки духтарони ҷавони мо бо чиниҳо зиндагӣ карда, аз онҳо фарзанддор шудаанд, вале имрӯз таври маълум сарсон мондаанд. Масалан, ман метавонам як мисоли мушаххас биёрам, ки як духтараки хеле ҷавони тоҷик, ки дар маркази Қӯрғонтеппа зиндагӣ мекунад, бо як тоҷири чинӣ бидуни никоҳи мусалмонӣ ва ё никоҳи давлатӣ ҳамзистӣ кардааст, фарзанддор шудааст, дугоник зодааст, аммо фарзандонашро ҳоло худаш саробонӣ мекунад, чун падари тифлон ҳамон чинии ба истилоҳ, "раҳгузар" аст, ки баъди таваллуди фарзандон ба куҷое рафтаасту ӯро пайдо карда наметавонанд. Он ҷавондухтар аз шӯъбаи САҲШ гиламанд шудааст, ки гӯё агар мо никоҳи онҳоро ба қайд мегирифтем, падари кӯдаконаш намегурехт. Вале ҳайҳот, никоҳи давлатӣ ҳам онҳоро боздошта наметавонад…"

Рафтори тоҷикон шабеҳи чиниҳо?

Ба гуфтаи Баҳром Самадов, сокини ноҳияи Ҳисор, рафтори чиниҳо дар Тоҷикистон шабеҳи муносибати тоҷикон бо русзанон дар Русия аст, ки баъди чанд муддате фаъолият намудан, ҳамсару фарзандони руси худро ба истилоҳ "кидат" намуда бармегарданд. Ӯ мегӯяд, ки ин амали чиниҳо болои духтарони тоҷик албатта як наҳс аст, вале бояд қоил шуд, ки ин камбудӣ нахуст дар худи мо тоҷикон аст, ки аҳамият намедиҳем ва баъдтар аз дигарон дар хашм меоем, ки бо духтарони мо чиниҳо расидаанд...

Чиниҳои Суғд ва алами ҷавонони тоҷик

Ин нигаронӣ дар вилояти Суғд ҳам зиёд ба чашм мерасад. Шаҳрванд Муҳаммад Абдулвоҳидов ба нашрияи "СССР" нигаронӣ намуда гуфтааст, ки ман 2 ҳафта пеш бо як сафар ба заводи арматурбарории шаҳри Хуҷанд рафтам, ки завод ҳоло дар дасти хитоиҳо гардон аст.

-Маро алам мекунад, ки як арматурбарори чинӣ дар Хуҷанд чанд зани тоҷикро гирифтааст. Шумо тасаввур мекунед, ки 10 сол пас фарзанди зани тоҷик падарашро хитоӣ мегӯяд? Ин даҳшатаст, даҳшат! Бовар дорам, ки ин тухмҳои киштаи чинӣ барои забт кардан як давлат осон аст. Ва ин заминаи як давлат аст. Вақте бо як нафараш бо забони тоҷикӣ суҳбат кардам, ӯ бо ман ба роҳат ба забони модариам сӯҳбат кард. Онҳо аллакай тоҷикиро ёд гирифтаанд. Чун пурсидам, ки ин ҷо зан надоред ва безанӣ чи кор мекунед? Бо ишораи ангушт гуфт, ки фалонӣ ҳамкорам дар Хуҷанд 3 зани тоҷикӣ дорад.

Бо марди африқоӣ ва назари рӯҳониён

Гулнора Амиршоева, мудири нашрияи "Вечерний Душанбе" бар ин назар аст, ки зани тоҷик бигзор бо марди африқоӣ издивоҷ кунад, зиндагии вай аст, ҳеҷ кас набояд монеъ шавад ва зани тоҷик ҳар тарзе мехоҳад зиндагӣ кунад.

2 arusi-bo-khitoi 2013Сабоҳат Сафарова, муаллимаи яке аз мактабҳои деҳ дар ноҳияи Рӯдакӣ мегӯяд, ки танҳо шунидани ҳамин хабар маро асабонӣ мекунад. Ва ба ростӣ ман зид ҳастам, ки зани тоҷик ба марди чинӣ расад. Ӯ мегӯяд аввалаш, ки духтари покфитрат ҳеҷ вақт зани чинӣ намешавад, дуюмаш ин баҳона аст, ки духтар пир шуду ё рӯз гузаронида натавонисту маҷбур шуд, ки зани кадом марди чинӣ шавад. Ва дигар ин ки мо мусулмонем ва бояд зани марди мусалмон бошем.

Ба андешаи хонум Сабоҳат аз зани кадом чинӣ шудан хубтар ин аст, ки тоҷикзан зани дуюми тоҷики мусулмони худ гардад.

-Медонам, ки занҳои мо ҳеҷ вақт розӣ намешаванд, ки шавҳарашон зани дуюм гирад, лекин кори нағз дошта бошад, маъоши хуб ба даст орад, дар умум таъмин карда тавонад,чаро не, чӣ ишколе дорад?

Дар масъалаи издивоҷи духтарони тоҷик ба шаҳрвандони кишвари Чин рӯҳониён мегӯянд, ки агар шаҳрванди Чин Исломро қабул кунад, мешавад, ки як оилаи исломӣ барпо кард. Вале дар акси ҳол, Ислом ин иҷозатро ба мусалмондухтар намедиҳад.

Тоҷикон ба Русия чиниҳо ба Тоҷикистон

Ба андешаи коршиносон, теъдоди муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия сол то сол зиёд мешаваду дар Тоҷикистон теъдоди муҳоҷирони кории Чин. Раванди муҳоҷират бо ҳамин тарз ҷараён дорад.

Ба гуфтаи коршиносон сабабҳои мондани чиниҳо дар Тоҷикистон зиёдаст. Ба монанди озодии фаъолият, осудагии кишвар, камии аҳолӣ, тиҷорати сердаромад…

Комил Аюбӣ, коршиноси мустақил мегӯяд, ки сабаби дигар ҳам ҷой дорад: "Обу ҳавои мусоиди Тоҷикистон намегузорад, ки на танҳо мардуми чиниро, балки дигар шаҳрвандони хориҷиро аз Тоҷикистон берун раванд."

Ҳамчунин ба иттилоъи расонаҳо, аҳолии Чин имрӯз аз якуним миллиард гузаштааст, бинобар ин сабаб мардуми ин кишвар ба тамоми дунё ҳиҷрат карда истодаанд. Ба гуфтаи онҳо, ин ибтикор тасмими ҳукумати онҳост, ки дар тамоми қитъаи олам фаъолияти шаҳрвандони худро аз лиҳози молиявӣ дастгирӣ кунад.

Имрӯз дар Тоҷикистон, тибқи иттилоъи расонаҳо, расман зиёда аз 80 ҳазор нафар чинӣ фаъолият дорад, вале манобеъи ғайрирасмӣ теъдоди аз ин бештарро қоиланд. Ҳамзамон бояд қайд кард, ки беш аз 60 дарсади муҳоҷири кории хориҷии дар Тоҷикистон сукунатдошта чиноӣ мебошанд.

Бархе аз коршиносон ва созмонҳои байналхалқӣ шумораи муҳоҷирони кории тоҷикро дар кишварҳои хориҷӣ аз ду миллион зиёд мегӯянд. Коршиносони масоили иқтисодӣ ҳам бо назардошти мизони интиқоли маблағи аз сӯйи муҳоҷирон ирсолшуда мегӯянд, ки теъдоди муҳоҷирон ба ду миллион нафар расидааст.

Ба маълумоти Созмони Милали Муттаҳид, агар дар солҳои 60-уми асри гузашта шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ дар ҷаҳон 65 миллион буд, ин рақам дар соли 2010 ба 214 миллион расид. Ҳамчунин дар асоси пешбиниҳои СММ то соли 2050 шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ дар тамоми дунё 405 миллион нафарро ташкил хоҳад кард.

Дар умум бояд гуфт, ки издивоҷи духтари тоҷик бо чиноиҳо танҳо сабаби иқтисодӣ набуда он ҷанбаҳои дигар ҳам дорад. Табиати  зан аст:  чун шавҳари тоҷик наёфт, маҷбур аст, ки бо афғону чиниву африқоӣ расад. Аз ин лиҳоз ман аз масъулини баландпояи кишварамон тақозо дорам, ки ба бойбачаҳои тоҷик имкон диҳанд, то соҳиби на як зан балки ду ё се занӣ бошанд.

Ва ин амал ҳам то ҳадди имкони Қуръон дастур дода бошад ва илло эҳтимол дорад то чанд соли дигар миллати тоҷик, ки аллакай омехта шудааст ба нестӣ равад. Ва аз бонувони тоҷик ман хоҳиш дорам, ки барои як бурда нон ба чиниву афғонҳо нарасанд агар чӣ Ислом ин иҷозаро додааст ва он ҳам дар сурати қабул доштани аҳкоми Ислом.



Шарҳҳо   

 
0 #1 хайхотGuest 22.07.2013 09:20
Хайхот ки, орзухои мардуми точики точдор, барабас мераванд. Лаку Пак дунёгир шуданду, омадани хари Таччол наздик аст!
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi