10:29:10 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ГУФТУГӮҲОИ ЧИНУ ТОҶИКИСТОН ДАР АТРОФИ МАРЗ

Хушнуд Раҳматулоев, сухангӯи Сарраёсати марзбонии Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон рӯзи 29 октябр ба мо гуфт, ки  гурӯҳи ходимони сарраёсати сарҳадии Вазорати амнияти ҷамъиятии Чин таҳти сарварии муовини фармондеҳи нерӯҳои марзбонии ин кишвар Ҷио Шу-Куй дар Душанбе бо Шералӣ Мирзоев, фармондеҳи неруҳои марзбонии Тоҷикистон мулоқот кард.

/images/stories/2012/10/29_marzi-tajikistan-china-2910.jpgБа қавли Хушнуд Раҳматулоев, ходимони ниҳодҳои марзбонии ҳарду кишвар наҳваи назорати ҳудуди 500 километр марзи муштараки ду кишварро баррасӣ карданд. Дар ҳоли ҳозир марзбонони ҳар ду кишвар хати марзи муштаракро дар минтақаи мухтори Шинҷон-Уйғури Чин ва дар минтақаи Мурғоби Тоҷикистон назорат мебаранд.

Хушнуд Раҳматулоев гуфт, ки баррасии масъалаи назорати марзи муштарак аз ҷониби ҳайатҳои ду кишвар то рӯзи сешанбе идома пайдо хоҳад кард. Ин дар ҳолест ки рӯзи ҷумъа Кумитаи доимии Конгесси мардумӣ – парлумони Чин – созишномаи сеҷонибаи марзӣ бо Тоҷикистону Афғонистонро тасвиб кардааст.

Бино ба гузориши хабаргузории Синхуа, вазири хориҷаи Чин Янг Ҷейчӣ ба намояндагӣ аз Шӯрои давлатии Чин ба ин кумита гуфтааст, ки ин қарордод бар пояи паймонҳои марзӣ бо Кобулу Душанбе буда, “тасвиби созишнома гоми муҳиме дар роҳи истиқрори сулҳ дар ин манотиқи марзист ва дӯстиро байни ин се кишвар боз ҳам тақвият хоҳад дод".

Чин тарҳи ин созишномаро бо Тоҷикистону Афғонистон ҳанӯз дар соли 2010 имзо карда буд. Тарҳи ниҳоии қарордод моҳи июни соли 2012 аз сӯи вазирони хориҷаи се кишвар дар Пекин ба имзо расид.

Чин ҳанӯз аз аҳди Шӯравӣ ба бахше аз қаламрави Тоҷикистон даъво дошт. Як ҳадафи асосӣ аз таъсиси Созмони Шанхай низ дар ибтидо пайдо кардани як роҳи ҳалли баҳсҳои марзии Чин бо кишварҳои пасошӯравӣ гуфта мешуд. Музокироти Пекину Душанбе дар масоили марзӣ соли 2012 бо имзои қарордоде зимни сафари раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Чин анҷом ёфт.

Бар асоси ин санад, Тоҷикистон тақрибан 1000 километри мураббаъ аз қаламравашро ба Чин дод. Баҳси ироаи ин 1000 километри мураббаъ имсол дар пайи имзои созишномаи сеҷонибаи марзӣ байни Тоҷикистону Афғонистон ва Чин дубора доғ шуд.

Мунтақидон ба як кишвари хориҷӣ таслим кардани қариб як дарсади хоки Тоҷикистонро ба боди интиқод кашиданд ва мегуфтанд, чунин масъалаи муҳим, тибқи Қонуни асосии Тоҷикистон, бояд бар асоси райъпурсии саросарӣ ҳаллуфасл мешуд. Вале мақомоти Душанбе ин тавофуқро як пирӯзии дипломатӣ ба қалам медиҳанд ва мегӯянд, ҳалли баҳси марзӣ роҳро барои густариши ҳамкориҳои ҳасана бо Пекин ҳамвор кард.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi